, Ҷумъа, 04-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШАҲСУТУНИ БАХТ ВА САРЧАШМАИ СОЗАНДАГӢ


ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШАҲСУТУНИ БАХТ ВА САРЧАШМАИ СОЗАНДАГӢ

Тараққиёту пешравии ҳар як кишвар ба оромию мустақилияти он сахт марбут аст. Дар тӯли 35 соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумуъ ёфт, пеш рафт ва дар тараққӣ аз дигар мамлакатҳои пешрафта кам набуд. Пеш аз ҳама бояд онро зикр намуд, ки мо соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Асъори миллӣ гардидем, ки инҳо рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Солҳои аввали Истиқлолиятро хуб дар ёд дорем, барои давлати ҷавони мо солҳои ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд. Ин аз ҳар як фарди кишвар ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор намудани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ, ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кӯшишу заҳмати шабонарӯзиро тақозо доштанд.

Дар ҳақиқат, бо азму талошҳои Сарвари кордону соҳибмаърифат Тоҷикистони азиз рӯз аз рӯз ободу зебо шуду шуда истодааст ва мардуми бонангу шарафманди тоҷик дар оромию осудагӣ зиндагӣ карда, аз рӯзгори хеш қаноатманданд.

Ин ҳамаро Президенти кишвар аз ҷоннисориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии мардуми сулҳпарвару озодихоҳи Тоҷикистони азиз медонад. Ин аст, ки Президенти маҳбубу ғамхори мамлакат дар суханрониҳою паёмҳояшон пайваста дар ин хусус ҳарф мезананду мардумро ба ободкорию созандагӣ даъват менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 20-уми апрели соли 2011 қайд карда буданд: «Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт».

Инак, мамлакати соҳибистиқлоли мо ҳама он азобу ранҷҳоро пушти сар кард. Аммо мо дигар аз ранҷу азоб ва аз ғаму ғусса сухан намекунем, ҳамеша дар боби ободию пешравӣ ва тараққиёти ин кишвари биҳиштосо ҳарф мезанем. Албатта бунёди иншоотҳои азим, дабистону кӯдакистонҳо, фабрикаву заводҳо, сохтани пӯлу роҳҳо, ободонии гулгашту хиёбонҳо ба ҳусни мамлакати мо ҳусни дигаре зам мекунанд. Шаҳре аз шаҳре дида ободу зебо шуда истодааст.

Зиёда аз ин, дигаре аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият эҳё кардан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани арзишҳои миллию фарҳангии ин куҳандиёр аст.

Ҳамасола ҷашн гирифтану бузургдошти олимону донишмандон ва адибони форсу тоҷик, роҳандозӣ намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ - «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Тоҷикон дар оинаи таърих», озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуру «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва аз нав эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз марзи кишвар худ гувоҳи гуфтаҳои фавқанд.

Ҳамаи ин натиҷаи Истиқлолият ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро ҳамчун як мамлакати тараққикарда ҷаҳониён мешиносанду бо Ватани азизи мо равобити ногусастанӣ доранд.

Роҳбари давлат дар ҳамаи паёму суханрониҳояшон пайваста дар боби дӯстию якдигарфаҳмӣ, иттифоқию муттаҳидӣ ҳарф зада, мардумро барои ба қадри чунин Ватан расидан даъват менамоянд: «…ба қадри ин Ватани биҳиштосо бирасед, онро қадр намоед ва шукрона кунед, ки чунин Ватани зебову обод доред».

Агар сафҳаи таърихро варақгардон кунем, мебинем, ки миллати тоҷик баъди ҳуҷуму задухӯрдҳои зиёди бегонагон арзишҳои миллии худро гум накард ва тавонист онҳоро ба ояндагон ба мерос гузорад. Акнун Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар ҷаҳон шуҳрат ёфт. Муаррифгари ин кишвари нуфузёта Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарҳанг, маданият, санъат ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик мебошад.

Президенти мамлакат доимо дар хусуси ободкорию созандагӣ, дӯст доштани ватану аз бегангон ҳифз намудани он сухан ба миён меоваранд. Аз ҷумла, дар Паёме, ки 28.12.2023 ба мардуми кишвар ироа намуданд, қайд карданд, ки «Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам. Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».

Инак, 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ низ фаро расид. Мардуми шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо бо меҳнати софдилонаю ҳисси баланди ватандӯстии хеш ин ҷашнро дар сатҳи баланд, бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Ин ҷашн ҷашни хурду бузурги ҳар як сокини мамлакат ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳон маҳсуб меёбад. Мо аҳли зиё мекӯшем, ки ин ҷашнро сазовор - бо меҳнати ҳалолу азму иродаи қавӣ пешвоз гирем ва мекӯшем, дар ободию шукуфоии Ватани биҳиштосоямон аз ин дида бештар саҳмгузор бошем.

Набояд фаромӯш сохт, ки ин Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Президенти кишвар дар мулоқоташон бо аҳли зиё, ки 31-уми августи соли 2026 бахшида ба Рӯзи дониш баргузор гардид, қайд карданд, ки на шаб хоб доштанду на рӯз, чӣ кор бояд кард, ки мамлакат тинҷ бошаду мардумаш осуда зиндагӣ кунанд. Барои ба ин ҳадаф расидан Сарвари кордону далери тоҷикон ҷон дар кафи даст гирифта, ба майдони муҳориба баромаданд ва қадамҳои устувор гузоштанд, на аз тири адӯ тарсиданду на аз туфанге, ки ба сарашон мерехт. Агар метарсиданд, агар меҳаросиданд ва агар мегурехтанд мо ба чунин рӯзҳои хушбахтӣ намерасидем.

Пас, моро лозим меояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи сарвари хеш ҷамъ омада, баҳри ободию шукуфоӣ ва сарсабзии ин меҳани ҷаннатосо хизмат намоем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштану ҳифз намудани марзу буми ин сарзамини аҷдодӣ тарбия намоем. Истиқлолияти давлатиро қадр ва ҳифз намоем, нагузорем, ки нохалафе, бадтиннате, бадкирдоре ба оромии мо халал ворид намояд.

Бинобар ин, ба мафҳуми Истиқлолият бояд сарфаҳм рафт, бояд донист, ки Истиқлолият ба мо тӯли 35 сол чӣ дод. Истиқлолият ба мо пеш аз ҳама озодӣ, якдилӣ, якдигарфаҳмӣ, пешравӣ, ободкорию созандагӣ дод. Бунёди иншооти азим, бунёди роҳҳо, сохта ба истифода додани макотибу кӯдакистон, пешравии илму маориф ва тандурустӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ғайра, меваи ширини Истиқлол аст, ки мо аз он ком ширин карда истодаем.

Дар фарҷоми матлаб мехоҳам мухаммаси «Истиқлолият»-ро, ки ба қалами шоири даврони Истиқлол - Давлат Сафар тааллуқ дорад ва дар он маъно ва мафҳуми Истиқлолият хеле хуб бозгӯ шудааст, баҳри хонандаи арҷманд пешкаш намоям:

ИСТИҚЛОИЯТ

Чист Истиқлолият?

Сарбаландиву сарафрозӣ ба ҷон,

Қадри худ бишнохтан то ҷовидон.

Қасри бунёди саодатмандӣ аст,

Нахли ширин меваи пайвандӣ аст.

Чист Истиқлолият?

Дар Бадахшони сухан лаъли Яман,

Зар шумурдан зарраи хоки Ватан.

Ишқро омехтан бо ҷону тан,

Аз қафас парвоз бар сӯйи чаман.

Чист Истиқлолият?

Дар сари минбар сари нанг асту ном,

Гул шамидан аз гулистони мақом.

Бошад аз аҷдоди Сомонӣ паём,

Ки ҳамин донед умри бардавом.

Чист Истиқлолият?

Қуллаи умедҳоро сохтан,

Парчами фахру фараҳ афрохтан.

Най ба тамъи найшакар бинвохтан,

Деви навмедӣ ба чаҳ андохтан.

Чист Истиқлолият?

Пайки бахту муждаи озодӣ аст,

Дар Ватан сарманшаи ободӣ аст.

Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст,

Ишқи Ширину дили Фарҳодӣ аст.

Чист Истиқлолият?

Дидаву дилро зиё бахшидан аст,

Бар ятиме муттако бахшидан аст.

Бенавоеро наво бахшидан аст,

Интиҳоро ибтидо бахшидан аст.

Чист Истиқлолият?

Раҳ кушудан дар дили кӯҳи Ватан,

Роҳ паймудан ба сӯйи анҷуман.

Боғи уммедест дар дашту даман,

Тоби хуршедест андар ҷону тан.

Чист Истиқлолият?

Бар ватангумкардагон огоҳӣ аст,

Шаҳсутуни бахту тахти шоҳӣ аст.

Ибрате аз меҳри обу моҳӣ аст,

Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ аст.

Чист Истиқлолият?

Мояи эҳсосу дарки ифтихор,

Дар дили фасли хазон пайки баҳор.

Иттиҳодеро намудан устувор,

Бошад ин армони қавми тоҷдор.

Чист Истиқлолият?

Муҳри маҳтоб аст аз сандуқи шаб,

Номаи меҳрест аз асли насаб.

Ояти шукрона пиндораш ба лаб,

Ваҳдати моро ҳамин бошад сабаб.

Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мубораку фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!

Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат