, Ҷумъа, 04-сентябр

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ


НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Дар шароити муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо бо суръати бесобиқа пеш мераванд, масъалаи истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи ҳувияти аҷдодӣ аҳамияти фавқулода касб кардааст.

Имрӯзҳо, дар шароити шиддат гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ ва таҷовузи фарҳангҳои бегона, маҳз соҳибихтиёрӣ ва худшиносии баланди миллӣ метавонад ҳамчун сипари боэътимод барои ҳифзи амнияти маънавӣ ва суботи ҷомеа хизмат намояд.

Дар даврони муосир, ки бо сабаби ҷаҳонишавӣ ва Ғарбкунонии тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ ба давлатҳои миллӣ ва халқу миллатҳои хурд хавфу хатари аз даст додани ҳувияти таърихӣ ва миллӣ таҳдид мекунад, масъалаи худшиносии шахсият ва худшиносии миллӣ рӯз ба рӯз мубрам мегардад. Аз ин рӯ, тағйироти куллӣ, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони муосир ба вуқуъ мепайванданд, тақозо мекунанд, ки ҳар як сокини ҷумҳурӣ бештар аз пештар ба решаҳои таърихӣ, анъанаҳои мусбати ниёгон ва мероси фарҳангии онҳо рӯ оварда, онҳоро бо дарназардошти талаботи замони муосир дар таҳкими ҳувияти хеш ва миллати худ мавриди истифода қарор диҳад ва дар амалияи иҷтимоӣ ҷойгоҳи худро муайян созад.

Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиёи кишвар аҳамияти сохторсози ин равандро таъкид намуда, иброз доштанд: «Танҳо шахси аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худшиносу худогоҳ ва дорои ҳисси баланди миллӣ дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор пайдо карда метавонад».

Таҳлили илмии мафҳуми истиқлол собит месозад, ки истиқлол ҳамчун ягонагии мустақилияти берунаву дохилии давлат ва соҳибихтиёрии сиёсии халқ баҳогузорӣ карда мешавад.

Ҳувияти миллӣ бошад ҳамчун дарки «миллат ба сифати як низоми воҳиду ҳамбаста, ки тавассути анъанаҳои нодир, фарҳанг ва забон таҷассум меёбад», маънидод мешавад.

Падидаи мазкур метавонад ба эҳсоси ботиние дахл дошта бошад, ки фард онро нисбат ба миллат бо гурӯҳи муайяни одамон, бидуни вабостагӣ ба мақоми ҳуқуқии шаҳрвандии хеш, муштарак медонад. Аз дидгоҳи равоншиносӣ, ҳувияти миллӣ ҳамчун «дарки фарқиятҳо» ва «эҳсосу шинохти консепсияи «мо» ва «онҳо» баррасӣ мегардад.

То ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон дар зери маҳдудиятҳои шадиди ғоявии сохти шӯравӣ қарор дошт. Сиёсати расмии он замон бештар ба ташаккули падидаи сиёсию иҷтимоии «халқи шӯравӣ» ва принсипҳои байналмилалгароӣ нигаронида шуда, ба арзишҳои хоси миллӣ, таърихи бостонӣ ва фарҳанги суннатӣ мақоми дувумдараҷа мебахшид, ки ин монеи ташаккули озоди тафаккури миллӣ мегардид.

Сарфи назар аз маҳдудиятҳо ва фишорҳои ғояи низоми ҳукмрон, дар партави талошҳои ҳадафмандонаи ходимони барҷастаи давлатӣ, сиёсӣ ва илмию фарҳангии тоҷик, рукнҳои меҳварии ҳувият - забони модарӣ, адабиёти классикӣ ва хотираҳои таърихии миллат аз нестшавӣ ҳифз карда шуданд.

Маҳз дар натиҷаи кӯшишҳои заҳматталаб ва созандаи шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ ва сиёсӣ, аз қабили Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва бисёр дигарон ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба مجрои нави рушду тараққиёт ворид гардид.

Устод Садриддин Айнӣ низ дар ибтидои садаи бист дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) бо ҳисси ифтихори беандоза мардуми тоҷикро «қавми муаззам», «қавми бузург»-и мансуб ба «ирқи орӣ» тавсиф намуда, ба ин васила, мардуми моро дар рӯзгори сиёсатҳои нави ҷаҳонӣ ба хештаншиносӣ ва пуштибонӣ аз забону фарҳанги миллӣ фаро мехонд.

Академик Бобоҷон Ғафуров бо таълифи шоҳкитоби «Тоҷикон» (1972) дар рӯзгори давлатдории шӯравӣ натанҳо дигарбора шоҳраги худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми моро ба таҳрик овард, балки ба бунёди мактаби илмии тоҷикшиносӣ ва муҳимтар аз ҳама, эътирофи тоҷикон дар доираҳои мӯътабари илмии ҷаҳон ба сифати яке аз қадимтарин мардумони тамаддунофар роҳ ҳамвор кард.

Ин фаъолияти муштараки ходимони давлатию миллӣ на танҳо заминаи моддию сохтории ҷомеаро устувор намуд, балки тавассути таҳкими тафаккури таърихӣ ва асолати маънавӣ, таҳкурсии устуворро барои эҳёи ояндаи давлатдории мустақили миллӣ фароҳам сохт.

Аммо набудани ниҳоди давлатдории мустақил имкон намедод, ки худшиносии миллӣ аз доираи маҳдуди этнографӣ берун рафта, ба як низоми муназзами ғоявӣ ва омили муттаҳидсози ҷомеа мубаддал шавад. Танҳо пас аз соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои эҳёи бунёдӣ ва таҳкими пайвастаи ҳувияти миллии тоҷикон фароҳам оварда шуданд, ки ин омили бақо ва рушди босуботи давлати соҳибихтиёр гардид.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун волотарин категорияи ҳуқуқию сиёсӣ ва арзиши бунёдии миллӣ, омили марказии рушди босубот ва заминаи асосии ҳузури фаъоли давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои стратегии миллӣ баромад менамояд. Соҳиб шудан ба соҳибихтиёрӣ омони тақдирсози миллат буда, бе мавҷудияти ин падидаи меҳварӣ рушди комил ва пойдории дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ғайриимкон арзёбӣ мегардад.

Рӯйдоди тақдирсози 9-уми сентябри соли 1991, ки бо эълони соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмият пайдо намуд, марҳалаи комилан наверо дар таърихи нави давлатдорӣ ва ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон ифтитоҳ намуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, кишвар дар партави сиёсати созанда ва ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистаеро дар саҳнаи байналмилалӣ касб намуда, симои мусбат ва шинохтаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор созад.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини миллат ҳамчун нуқтаи гардиши куллӣ ва марҳилаи комилан нави инкишофи тафаккури миллӣ эътироф мегардад. Бо ба даст овардани мустақилияти сиёсӣ, зарурати таърихии бознигарии низоми арзишҳо ва раҳоӣ аз қолабҳои ғоявии гузашта ба миён омад. Дар ин марҳила, тафаккури миллӣ аз сатҳи эҳсосоти маҳдуди этнографӣ ва маҳаллӣ ба сатҳи тафаккури давлатмеҳвар ва умумимиллӣ гузариш намуд.

Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки раванди худшиносӣ дар заминаи унсурҳои воқеии давлатдории миллӣ, ба монанди эҳёи суннатҳои ниёгон, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ рушд кунад. Маҳз дар ҳамин давра, бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи давлат, омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ ба самти афзалиятноки сиёсати ғоявӣ табдил ёфт.

Ин таҳаввулоти зеҳнӣ нишон медиҳад, ки Истиқлоли давлатӣ танҳо соҳибдавлатӣ, балки ифтихори ватандорӣ ва ташаккули ҳувияти комилу устувори миллати тоҷик дар шароити нави таърихӣ мебошад.

Забон инчунин падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.

Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба мақоми раҳбарӣ расиданашон, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом доштанд.

Ифтихор аз забон ба сифати унсури ҳувиятсози миллӣ дар рӯзгори имрӯзаи бӯҳронии ба истилоҳ «ҷаҳонгароӣ» ё «ҷаҳонӣ шудан», ки мавҷудияту амалкарди забонҳои маҳаллиро зери таҳдиди нобудӣ қарор медиҳад, беш аз пеш аҳамият пайдо кардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бозгашт ба сарчашмаҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллат ба яке аз рукнҳои меҳварии ғояи сиёсӣ ва раванди ташаккули ҳувияти миллӣ табдил ёфт. Ин падида на танҳо ёдоварии гузашта, балки воситаи муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ дар муқобили таҳдидҳои фарҳангии ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад.

Таваҷҷуҳи махсуси давлат ба бузургдошти намояндагони барҷастаи таърихиву фарҳангӣ, аз қабили асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳадафҳои мушаххаси иҷтимоиву сиёсӣ дорад. Тавассути чеҳраи Исмоили Сомонӣ ғояҳои давлатдории миллӣ, ваҳдат, мустақилияти сиёсӣ ва низоми идоракунии марказонидашуда дар тафаккури ҷомеа таҳким меёбад. Дар навбати худ, шахсияти устод Рӯдакӣ ҳамчун рамзи пайванди наслҳо, асолати забони давлатӣ ва ягонагии фазои маънавии миллат хидмат мекунад.

Аз нуқтаи назари сиёсатшиносӣ, чунин муносибат ба гузаштаи таърихӣ ҳамчун унсури калидии «нерӯи нарм» амал карда, таносуби арзишҳои миллиро бо воқеияти имрӯза нигоҳ медорад ва барои муттаҳидсозии ҷомеа дар атрофи манфиатҳои миллӣ заминаи ғоявӣ мегузорад. Омӯзиш ва тарғиби осору пайкори ин нобиғагон имкон медиҳад, ки насли наврас бо такя ба хотираи устувори таърихӣ тарбия ёфта, эҳсоси худшиносиву ифтихори ватандории онҳо ба таври низомманд инкишоф ёбад. Ин раванд дар маҷмӯъ, пойдевори амнияти маънавӣ ва ғоявии давлати соҳибистиқлолро ба таври бунёдӣ мустаҳкам менамояд.

Бояд қайд намуд, ки таҷлили ҷашнвораҳои шукӯҳманди 1150-солагии Устод Рӯдакӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 1000-солагии Носири Хусрав, 2700-солагии китоби муқаддаси “Авесто”, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 600-солагии А. Ҷомӣ ва эълони Соли забони тоҷикӣ ва ғайраҳо шаҳодати арҷгузорӣ ва ба ҷо овардани эҳтиром ба гузаштаи худ, баланд гардидани ҳисси худшиносию ватандорӣ, тақвияти худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллии ҳар як фард маҳсуб меёбад. Дар ин радиф, эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) – пешвои мазҳабии миллати тоҷик ҷодаи навинро дар ҳувияти миллӣ бо изҳори ҳувияти мазҳабӣ ҳамвор намуда буд.

Мавриди зикр аст, ки таҷлили ин ҷашнҳо ва дигар ҷашнҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба тамоми мардуми кишвар имкон дод, ки бо таърих, мероси фарҳангии ниёгон, арзишҳои миллӣ ва урфу одати азёдрафтаи хеш тавассути намоишҳои театрикунонидашуда, эҷоди китобҳо, намоишномаҳо, рақс, мусиқӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, шаҳрсозӣ ва ғайра шинос шуда, баҳри эҳё ва рушди он заминаҳои мусоид фароҳам оваранд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ эҳёи ҷашнҳои бостонии миллӣ, ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада, дар ташаккули тафаккури ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши бунёдӣ гузошт. Ин ҷашнҳо дар шароити нави таърихӣ на танҳо ҳамчун мероси фарҳангӣ, балки ҳамчун унсурҳои калидии ғояи давлатсозии миллӣ эътироф гардиданд.

Таҷлили сатҳи давлатии Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашнҳои қадимаи Меҳргону Сада пайванди ногусастании наслҳои имрӯзаро бо тамаддуни бостонии миллат таъмин менамояд. Аз нигоҳи сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ, ин раванд ба ҳамбастагии иҷтимоӣ, ваҳдати шаҳрвандон ва баланд бардоштани эҳсоси ифтихори ватандорӣ мусоидат мекунад.

Дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва хатарҳои фарҳангии ҷаҳонишавӣ, эҳёи ин анъанаҳо ба тафаккури ҷомеа таъсири амиқи созанда гузошта, арзишҳои инсондӯстӣ, созандагӣ ва эҳтиром ба табиатро тарғиб менамояд. Истиқрори ин ҷашнҳо дар фазои маънавии кишвар ҳамчун сипари устувори фарҳангӣ амал намуда, асолати миллӣ ва муттаҳидии мардумро дар атрофи арзишҳо ва манфиатҳои олии давлатӣ қавӣ мегардонад.

Ҳамин тавр, мустақилияти сиёсӣ на танҳо ҳамчун як дастоварди ҳуқуқӣ, балки ба сифати кафили асосии ҳифзи асолат ва рушди бемамониати миллати тоҷик дар асри пурталотуми муосир хизмат мекунад. Таҳлилҳо собит намуданд, ки маҳз шароити соҳибдавлатӣ имкон дод, то ҷомеа ба решаҳои амиқи фарҳангии хеш такя намуда, тафаккури худро аз чаҳорчӯбаҳои таҳмилии гузашта комилан раҳо созад. Дар ин масир, таваҷҷуҳи хосса ба забони модарӣ ба унвони абзори асосии илм ва воситаи нигаҳдошти хотираи миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Ҳамзамон, эҳё кардани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва таҷлили густурдаи ойинҳои қадимӣ на танҳо як иқдоми маънавӣ, балки стратегияи ҳадафманди давлатӣ барои сарҷамъии шаҳрвандон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарастӣ ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, пайванди ногусастании ин арзишҳои аҷдодӣ бо низоми сиёсати муосир имкон фароҳам меорад, ки кишвар дар баробари таҳдидҳои идеологии беруна сипари устувор дошта бошад ва мавқеи худро дар низоми байналмилалӣ боз ҳам қавитар гардонад.

Муродова Гулҷеҳра Рӯзибоевна, н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ




Ба рӯйхат