, Сешанбе, 01-сентябр

МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА»-АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ШОИСТА


МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА»-АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ШОИСТА

25 август дар Қасри миллат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор намояндагони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ тақдим гардид.

Дар ин маросими бошукӯҳ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан барои хизматҳои шоиста дар рушди соҳаи маориф ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо Медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Ин мукофоти давлатӣ нишони қадршиносӣ ба фаъолияти пурсамар, заҳматҳои содиқона ва саҳми арзандаи профессор Сафарзода Мунир Ватан дар рушди илму маориф ва таҳкими мақоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор Сафарзода Мунир Ватанро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, неруи тоза ва дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогӣ комёбиҳои нав орзу менамояд.

Медали «Хизмати шоиста» муборак бод!




Ба рӯйхат