,
Сешанбе, 01-сентябр
Истиқлолият барои ҳар як миллат азизтарин неъмати бебаҳо, муқаддастарин арзиш, рамзи озодӣ, асоси ҳастии давлат ва ҷашни бузург ба шумор меравад. Он мояи ифтихори миллӣ, асоси рушду тараққиёт ва пояи устувории ваҳдату якпорчагии давлат буда, ифодаи соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Барои мардуми тоҷик истиқлолият арзиши муқаддас ва дастоварди бузурги таърихӣ аст, зеро маҳз тавассути он Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намуд.
Мардуми Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳиби истиқлолияти давлатӣ гарди. Ин санаи таърихӣ оғози марҳалаи нави давлатдорӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ гардид. Аз ҳамон рӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойгоҳи хоси худро пайдо намуд.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва талоши ҷумҳуриҳои собиқ барои расидан ба истиқлолияти воқеӣ, 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи ғайринавбатии худ Изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Дар он таъкид гардида буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтиром ба ҳуқуқи халқҳо барои худмуайянкунӣ истиқлолияти давлатии худро эълон менамояд.
Қабули ин ҳуҷҷати таърихӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дошт. Аввалан, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Дуюм, барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, қабули Конститутсия, таъсиси мақомоти давлатӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам омад. Ҳамчунин, истиқлолият ба мардуми тоҷик имконият дод, ки арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва анъанаҳои таърихии худро эҳё ва ҳифз намоянд.
Бо вуҷуди ин, солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон хеле вазнин буданд. Ихтилофҳои сиёсӣ, бенизомӣ, бетартибии ҷамъиятӣ, бетаҳаммулӣ ва мубориза барои ба даст овардани ҳокимият сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба инфрасохтори давлатӣ, иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоӣ ва зиндагии мардум зарари ҷиддӣ расонид. Дар чунин шароити душвор хатари аз байн рафтани давлатдорӣ ва пароканда гардидани миллат ба вуҷуд омада буд.
Бо мақсади бартараф намудани буҳрон Ҳукумати оштии миллӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони мухолифин низ шомил гардиданд. Аммо ин иқдом натавонист оташи ҷангро фавран хомӯш намуда, вазъияти сиёсии кишварро ба эътидол оварад. Ҳазорон нафар маҷбур шуданд маҳалли зисти худро тарк намуда, ба кишварҳои ҳамсоя ва Федератсияи Россия паноҳ баранд. Шумораи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз як миллион нафар бештар гардид.
Маълумоти расмӣ дар бораи ин фоҷиаи миллӣ хеле ғамангез аст: зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, беш аз 30 ҳазор манзили истиқоматӣ, садҳо муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, корхонаҳо ва биноҳои давлатӣ хароб гардиданд. Дар маҷмуъ, зарари моддии ҷанг қариб ба 10 миллиард доллари ИМА баробар арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. 16 ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб»-и назди шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ масъулияти таърихиро ба дӯш гирифта, роҳбарияти нави сиёсии кишварро интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардида, барномаи комили аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ берун овардани кишварро пешниҳод намуданд.
Хушбахтона, Шурои Олӣ бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусти наҷоти давлатро муайян кард. Дар он рӯзҳое, ки Тоҷикистони азиз дар оташи ҷанг месӯхт, ӯ аз ба зимма гирифтани роҳбарии давлати қариб фалаҷгардида ҳарос накард ва бо иродаи қавӣ тавонист мардумро муттаҳид созад. Аз рӯзи аввали фаъолият ҳадафи асосии худро барқарор намудани сулҳ, бозпас гардонидани гурезагон ва муттаҳид сохтани ҷомеа дар атрофи ғояи ваҳдати миллӣ эълон намуд.
Ҳангоми савгандёдкунӣ Раиси нави Шурои Олӣ чунин изҳор намуд: «Ман кори худро бо андешаи сулҳ оғоз мекунам. Мо бояд мисли бародару хоҳарон бошем, то вазъиятро ором намоем.»
Ӯ дар тамоми солҳои хизмат ба Ватан ва миллат ба ин савганди худ содиқ монд. Аз ҳамон лаҳза роҳи Тоҷикистон ба сӯи раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ оғоз гардид. Дар ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ солҳои 90-уми асри ХХ коҳиши иқтисодӣ мушоҳида мешуд, вале дар Тоҷикистон бинобар муқовимати мусаллаҳона ин раванд хеле шадидтар буд. Соли 1992 вазъи иқтисодӣ то ҳадде бад гардид, ки мутахассисон онро «фоҷиаи иқтисодӣ» номиданд. Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ ҳукмфармо буд, истеҳсолоти давлатӣ ва хусусӣ хеле суст фаъолият мекарданд.
Пас аз Иҷлосияи XVI ва оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат нишондиҳандаҳои иқтисодӣ тадриҷан беҳтар гардиданд. Аз ҳама муҳим он буд, ки коҳиши иқтисодӣ боздошта шуд ва барои барқарор гардидани қонуният, бозгашти гурезаҳо ва эҳёи иқтисоди миллӣ заминаи устувор фароҳам омад.
Оҳиста-оҳиста зиндагӣ ба маҷрои муқаррарӣ баргашт. Барқарорсозии иншооти вайроншуда оғоз гардид, сохторҳои давлатӣ такмил дода шуданд, Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Ин ҳама барои таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон, бозгардонидани гурезаҳо, баланд бардоштани обрӯи байналмилалии кишвар ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти бузург дошт.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлат рамзҳои муқаддаси худро дорад: Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ. Маҳз тавассути ҳамин рамзҳо давлат ҳамчун субъекти мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи навини миллат мебошад. Ин воқеа 6 ноябри соли 1994, дар шароите сурат гирифт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд шаҳрвандони мамлакат тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии давлатро қабул намуданд.
Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлат ва шаҳодатномаи бахти миллат Тоҷикистонро ба ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Он забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон намуда, рамзҳои давлатиро муайян ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуд.
Парчами давлатӣ мояи ифтихори миллӣ, рамзи ягонагӣ, шараф ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар рангорангии он ормонҳои созанда ва роҳи таърихии мардуми тоҷик таҷассум ёфтаанд. Қабули Парчам қадами муҳими таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ гардид.
Нишони давлатӣ низ аз муқаддасоти давлат ба ҳисоб меравад. Дар он кӯҳҳои баланд, шуълаҳои офтоб, тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора таҷассум ёфтаанд, ки рамзи табиати Тоҷикистон, бузургии миллат ва ормонҳои неки мардум мебошанд.
Суруди миллӣ ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ дар чорабиниҳои расмӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ садо дода, эҳсоси ифтихор ва ваҳдати миллиро тақвият мебахшад.
Дар давраи истиқлолият бо мақсади такмили низоми пулӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани асъори миллӣ қабул гардид. 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллӣ - сомонӣ ба муомилот бароварда шуд. Асъори миллӣ рамзи истиқлолияти иқтисодӣ ва обрӯи давлат мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Симои шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба куллӣ дигаргун шуда, ваҳдати миллӣ боз ҳам таҳким ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи стратегии рушди кишварро муайян намуданд: аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ.
Пайваст гардидани ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути роҳҳои замонавии автомобилгард на танҳо равуои мардумро осон намуд, балки робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии байни шаҳру ноҳияҳоро низ таҳким бахшид.
Дар самти истиқлолияти энергетикӣ Неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда-1» ва «Сангтуда-2» ба истифода дода шуданд ва имрӯз сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дорад. Амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ дар ин самт Тоҷикистонро ба яке аз истеҳсолкунандагони муҳими неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил медиҳад.
Аз навсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ ҳамаи минтақаҳои кишвар бо роҳҳои боэътимод пайваст гардиданд. Ин роҳҳо ҳамчун омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ хизмат мекунанд.
Ҳадафи дигари муҳими стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар оғози фаъолияти худ Пешвои миллат барои ҳалли мушкилоти норасоии маҳсулоти озуқаворӣ ба шаҳрвандон 75 ҳазор гектар замин ҷудо намуданд. Ин иқдом барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва рушди хоҷагидории деҳқонӣ мусоидат кард.
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ рушди назаррас пайдо намуданд. Корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.
Ба андешаи Пешвои миллат, саноат муҳаррики иқтисоди миллӣ, воситаи муҳими таъмини шуғли аҳолӣ ва омили асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, рушди истеҳсолоти ватанӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Рушди иқтидори инсонӣ низ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, даҳҳо барномаҳои давлатиро амалӣ гардонидааст. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, рушди омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ барои тарбияи насли соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ муассисаҳои тандурустӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, шароити дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ беҳтар шудааст.
Барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ танҳо масъалаи дохилии Тоҷикистон набуд. Талошҳои ҷасурона ва сиёсати сулҳофаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти қатъи хунрезӣ, ҳалли низоъҳо тавассути музокирот, бозсозии иқтисодиёти харобшуда ва таҳкими суботи ҷомеа Тоҷикистонро ба омили муҳими амният ва ҳамкорӣ дар минтақа табдил дод.
Ҳамаи ин дастовардҳо барои эътироф гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат, роҳбари навовар ва ислоҳотгар замина фароҳам оварданд. Обрӯи баланди байналмилалии ӯ ба болоравии нуфузи сиёсии Тоҷикистон, рушди дипломатия ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон мусоидат намуд.
Маҳз ба шарофати кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва меҳнати фидокоронаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ наҷот ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид. Мардуми тоҷик, ки тайи асрҳо орзуи эҳёи давлатдории миллиро дар дил мепарвариданд, имрӯз бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад.
Истиқлолият рамзи соҳибихтиёрӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии халқи тамаддунофари тоҷик мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзанда дошта, бо сиёсати сулҳпарварона ва ташаббусҳои байналмилалии худ эътироф гардидааст.
Ба хотири арҷгузорӣ ба ин арзиши муқаддас мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, осоиштагӣ ва бо рӯҳияи баланди созандагиву ободкорӣ истиқбол мегиранд. Мардум бо эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, барои боз ҳам ободу шукуфон гардонидани Ватани азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Давлатзода Шуҳрат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ