,
Сешанбе, 01-сентябр
Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлолият ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накӯкорӣ ва сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Лозим ба зикр аст, ки дар марҳилаи солҳои 90-уми қарни ХХ, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, заминаи ташаккули давлатҳои нави мустақил оғоз ёфта, дар назди онҳо вазифаҳои хеле муҳим меистод. Яке аз онҳо таҳкими мустақилияти хеш ва ташаккул додани асосҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор мерафт. Дар ин раванди таърихӣ Тоҷикистон аз зумраи маҳз ҳамин гуна давлатҳои тозатаъсиси мустақил буд, ки бояд мустақилона унсурҳои нави миллии ҳокимият ва асосҳои сиёсати дохиливу хориҷии хешро муайян мекард.
Мавриди зикр аст, ки ба даст овардани истиқлолият барои Тоҷикистон на танҳо оғози давраи нав, балки марҳилаи муҳими эҳёи давлатдорӣ, фарҳанг ва худшиносии миллӣ гардид. Барои мардуми тоҷик чунин рӯзи таърихӣ, 9-уми сентябри соли 1991, рӯзи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рӯзе, ки миллати тоҷик соҳиби сарнавишти худ гардид ва роҳи мустақили рушду пешрафтро интихоб намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ бо номи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маълум буда, оғози марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
Заминаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон реша дар таърихи қадимаи давлатдории тоҷикон доранд, зеро истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 35 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Дар ин раванд Пешвои муаззами миллат ҳамчун шахсияти фарҳангдӯст ва фарҳангпарвар дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ ҷиҳати эҳёи ҳамаҷонибаи унсурҳои фарҳанги миллӣ кӯшиш намуда, ба фарзонафарзандони миллат, ки дар замони ҳокимияти Шуравӣ ёде аз онҳоро касе намекард, дубора арҷгузорӣ намудаанд.
Маълум аст, ки таҷлили бузургдошти 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), 2700-солагии китоби муқаддаси «Авесто» (2001), 2500-солагии Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2004), 1125-солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), «Соли тамаддуни ориёӣ» (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 950-солагии Имом Ғазолӣ (2008), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам - Абуҳанифа (2009), 3000-солагии Ҳисор (2015), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусейни Хатлонӣ (2012), 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 1150-солагии Абӯбакр Закариёи Розӣ (2016) ва ғайра дар сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ таҷлил карда шуданд, ки дар инкишофи тафаккури миллӣ ва худшиносиву худогоҳии миллии насли наврасу ҷавон заминаи асосиро фароҳам меоваранд.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон на танҳо барои мардуми мо, балки барои тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби охири асри гузашта моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот, ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон, рӯ ба тараққӣ ниҳодани иқтисодиёт, саноатикунонии кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд имконияти воқеӣ пайдо намуд. Аз ҷумла, дар Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардиданд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҷонибдории ҷумҳурии мо аз принсипҳои озодӣ ва демократия пеш аз ҳама дар Қонуни асосии кишварамон - Конститутсия тасдиқи худро ёфтааст, ки он 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардида, як боби алоҳидаи он пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.
Конститутсия ва қонунгузории ҷумҳурӣ ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун вазифаи ҳар як мақоми давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ эътироф менамояд ва давлат фаъолияти ҳамаи сохторҳои ҷамъиятиро дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад.
Табиист, ки 29-уми январи соли 1992 дар раванди сессияи Шурои Амнияти СММ қарор оид ба дохил шудани Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ қабул гардид ва 2-юми марти соли 1992 ин қарор эътибор пайдо намуд. Баробари аъзо шудан ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо якчанд мақомоту идораҳои он ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи худро оғоз кард.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар самтҳои таъмини сулҳу субот ва оромии умумибашарӣ, мубориза бар зидди таҳдиду нобасомониҳои имрӯза ва амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди устуворонаи ҷомеа ва захираҳои обӣ дар доираи СММ ҳамкориҳои худро идома дода истодааст.
Зимнан, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки тавассути нерӯи ақлонӣ ва бо ҳифзи боэътимоди музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии худ мо метавонем Ватанамонро аз ин ҳам ободу зебо гардонем. Зеро, агар кишвар орому осуда ва дар саросари қаламрави он сулҳу субот танинандоз бошад, он гоҳ зиндагии мардуми кишвар хубу нозу неъматҳои моддиву маънавӣ фаровон гашта, бовариву эътимод ва меҳру муҳаббати мардум ба давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фардои дурахшони фарзандонамон меафзояд.
Гузашта аз ин, муҳаббату эътиқод ба Ватан аслан аз овони кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ботадриҷ ташаккул меёбад ва ҳамин аст, ки ҳар сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби зулоли Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он ҳеҷ вақт наметавонад хушбахт бошад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар барафрохтани кохи шукӯҳманди Истиқлолияти давлатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадсолоронаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, ҳисси баланди сарҷамъиву муттаҳидӣ нишон диҳем, ба қадри истиқлолият бирасем ва шукргузори ин неъмати бебаҳо бошем.
Каримҷонзода Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ