, Чоршанбе, 29-июл

ДАВЛАТПАНОҲ ВА САРВАТИ АСОСИИ МИЛЛАТ


ДАВЛАТПАНОҲ ВА САРВАТИ АСОСИИ МИЛЛАТ

(Перомуни ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон ба сифати шахсияти сулҳофар, раисҷумҳури ташаббускор ва шоистаю лоиқи мақом ва ҷойгоҳи муътабар дар масоили ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ кайҳо боз эътибор гаштааст.

Биноан, бо дарназардошти сиёсати сулҳофаринӣ, бунёдкорию созандагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвару давлати мо ва роҳбарияти олии сиёсии он дар шахсияти Ӯ аз мавқеи эътимоду эътироф назар мекунанд.

Роҳбари олии сиёсии давлати мо дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ масъала ва мушкилоти мухталифи байналмилалиро бо диду биниши дурнамо ва ояндадор мавриди баррасию арзёбӣ қарор дода, ҷиҳати ҳаллу фасли мантиқии онҳо ташаббусу ибтикороти хеле арзишмандро матраҳ ва ироа менамояд. Дар ин робита метавон пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои ҷаҳонӣ, таъмини суботу устуворӣ дар масоили муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйироту таҳаввулот дар иқлим, зуҳур ва тавсеаи амрози вогир (бемориҳои сироятӣ) ва чанде дигарро баррасию арзёбӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати рафъи мушкилот ва таъмини ояндаи нек барои наслҳо даъват мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ҳамчун шахсияти ташаббускори ҷаҳонӣ дар ҳаллу рафъи мушкилоти сайёра эътироф шуда, на фақат номгӯи масъала ва мушкилоти ҷаҳониро муайян мекунад, балки қодир аст роҳу усулҳои ҳаллу фасли муассири онҳоро пешбинӣ ва ироаю матраҳ намояд. Биноан, ҳанӯз соли 2017 Дабири кулли СММ, муҳтарам Антониу Гутерриш, ба давлату кишвари мо сафар намуда, ибтикороту ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба тариқи лоиқу шоиста арзёбӣ намуд.

Роҳбари олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти афзоиши таваҷҷуҳ ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати масъалаҳои об ва арзишмандии захоири он нисбати муяссар гаштан ба рушди устувор, мушкилот ва масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаласаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор медиҳад.

Ибтикороти мазкури Пешвои миллат вобаста ба фароҳамории асосу заминаи босубот ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ангезиши мусбати ҷаҳду талошҳо нисбати рафъи мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об роҳандозӣ шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки об сарвати табиӣ буда, ҳаққу ҳуқуқи истифодаи онро барои рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳосили неруи барқи обӣ, соҳаи кишоварзӣ бояд эътироф намуд. Ҳаёти башарият дар дараҷаи нахуст ба об ва ҳаво вобаста аст.

Биноан, якчанд ибтикороту ташаббусҳои Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳз марбут ба он мебошад:

  • Соли 2003 - Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 55-ум бо Қарори Маҷмаи умумии СММ аз 20 декабри соли 2000 таҳти №55/196 пазируфта шудааст;
  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки тавассути сессияи 58-ум бо Қарори Маҷмаи умумии СММ аз 23 декабри соли 2003 таҳти №58/217 пазируфта гаштааст;
  • Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013, ки дар сессияи 65-ум бо Қарори Маҷмаи умумии СММ аз 20 декабри соли 2010 таҳти №65/154 пазируфта шудааст;
  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), ки дар сессияи 71-ум бо Қарордоди Маҷмаи умумии СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шудааст;
  • Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард ва дар асоси он 21 март - «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид.

Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои дигаре марбут ба эҳёи арзишҳои миллӣ намудаанд, ки мавриди арзёбию пазироии хуб қарор гирифтаанд.

19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Иди Наврӯз»-ро ҷашн мегирад, Қатъномаеро пазируфт, ки дар асосу заминаи он ҷашни «Наврӯз» мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин ҷашн соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО марбут ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.

Сипас, арзишҳои дигари фарҳангӣ, аз ҷумла таом ва либосҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихии мо вориди феҳристи ЮНЕСКО гардиданд.

Махсус бояд тазаккур дод, ки «Зеҳни сунъӣ» дар марҳилаи кунунии рушд аз муассиртарину арзишмандтарин технологияҳо маҳсуб аст. Осиёи Марказӣ, ки манбаю сарчашмаи ҳангуфти захоири табиӣ ва зарфияти калон нисбати рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳсуб аст, татбиқу таҳаққуқи технологияи муосири «Зеҳни сунъӣ» ҷиҳати рушди босуботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ мусоидат карда метавонад ва вобаста ба ин Қатъномаи дигаре дар асосу заминаи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст (Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ 24 сентябри соли 2024 Маҷмаи умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25 июли 2025).

Ҳамчунин 25 июни соли ҷорӣ Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027-2036), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гаштааст, қабул намуд.

Воқеан ҳам, бо дарназардошти хизматҳои арзанда дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва боло бурдани мақоми байналмилалии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон давлатпаноҳ ва сарвати асосии миллат арзёбӣ намуд.

35-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад!

Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат