,
Якшанбе, 22-декабр
Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротгароён барои кирдорҳои зишту харобиовар ва фоҷиабори худ аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебаранд ва бештар ташвишовар мебошад, ки онҳо ҷонибдорону дастгирони хешро дарёфтанд. Аз ҳастиву амалиёти террористон баъзе гуррӯҳову созмонҳо манфиатҷӯӣ мекунанд. Мардумони хайрхоҳу кишварҳои ҷаҳон, ниҳодҳои башарпарвар бар зидди террористон садо баланд бинамудаву онҳоро сидқан ва қотеъона маҳкум мекунанд. Созмону гурӯҳҳои террористӣ байни ҷомеа даҳшатафканӣ карда, ба таҳрибкорӣ даст зада, сабабгори зарарёбии иншооти азим ва бадтар аз ҳама, боиси марги садҳо одамони бегуноҳ мешаванд.
Террористон дар тарҳрезии кирдорҳои манфури худ, махсусан ҷавонони камтаҷрибаву ноустувор ва саводи кофи надоштаро ба доми фиреби худ мекашанд ин вазъ тақозо дорад, ки аз ҷумла дар таълимгоҳҳо ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, бояд ба он кӯшид, ки ҷавонон дорои донишҳои кофии сиёсӣ ва ҷомеашиносӣ бошанд ва ба воқеъаҳои замон дуруст сарфаҳам раванду боандешаву мулоҳизакор бошанд ва дар амали хеш бо волидон, устодон ва дӯстони худ маслиҳатгар бошанд. Аз ин лиҳоз, дар лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтирому эътимод ба фараҳанги миллӣ, тамаддуни созандаи исломӣ ва арзишҳои умумиэътирофшудаи башарӣ метавонад кишвари азизамон Тоҷикистонро аз ин разилатҳои замон эмин дорад.
Бинобар ин, волидайн, мактаб ва ҷомеаро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омӯхтани илму ҳунар тарбия намоянд, то онҳо дар оянда дониши хуб гирифта, шахси сазовори ҷомеа ба камол расанд. Аз ин рӯ, таъкидҳои сарвари муаззами давлатро пеши рӯ оварда, ба таҳаввулоти номатлуби замон экстремизм ва терроризм муқовимат намуда, ба варзиш машғул шаванд ва фирефтаи идеяҳои бегонагон нашаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо варзишгарон таъкид карда буданд, ки ҳар чи қадар мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар шароит фароҳам орем, ҳамон қадар насли ҷавонон аз зуҳроти номатлуб ба монанди нашъамандиву нашъаҷалобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ ва ғайра наҷот мебахшем. Барои ин сарвари давлатамон масъалаи “Омавигардонии варзиш”-ро ба миён гузошт. Бояд гуфт, ки имрӯз фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол тинҷу ором буда, мардуми он дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат зиндагии осоишта доранд.
Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошанд. Онҳо ба як ваҳшонияти гӯшношунид кормандони давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайринизомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми «бархӯрди тамаддунҳо» барои пайдоиши терроризм шароит ба вуҷуд меояд. Одатан, террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Мубориза бо чунин гурӯҳҳои тундраву ғараздор ва кинапеша муттаҳидӣ ва дастаҷамъии ҳар яки моро талаб мекунад.
Холмирзо МАҲМАДАЛИЕВ, омӯзгори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб