, Душанбе, 20-июл

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ МУАЙЯНКУНАНДАИ РОҲИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ МУАЙЯНКУНАНДАИ РОҲИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН

Таърих гувоҳ аст, ки раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Бо тасвиби «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат мебошанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо, манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мақоми дуюм ва сеюмдараҷа доранд.

Мавриди зикри хос аст, ки бадастоварии ризоияти миллӣ, сулҳ ва ягонагӣ мантиқан натиҷаи сиёсати дурусти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ҷидду ҷаҳди пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Кӯшиши пайвастаи Сарвари давлат дар ин ҷода ва ҳамзамон хиради азалии мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик самараи бузург доданд. Ҳамаи ин, дар маҷмӯъ, боиси он гардид, ки дар ниҳояти кор Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расад.

Чи хеле ки маълум аст, дар шароити имрӯза таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо арзиши миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Он метавонад ба сифати намунаи барҷаста ҷиҳати ҳалли ҳар гуна моҷароҳои сиёсие, ки дар кишварҳои мухталифи олам ба вуҷуд меоянд, истифода гардад. Тасодуфӣ нест, ки таҷрибаи бадастории сулҳ ва баргардонидани тақрибан як миллион гуреза ба Ватан ва макони доимии зисти худ аз ҷиҳати объективӣ аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, алалхусус СММ ва САҲА, баҳои баланд дода шуда, ҳамчун намуна ё худ тарҳи беназири ҳалли моҷаро эътироф гардидааст. Омӯзиши ҳамаҷонибаи он имконият медиҳад, ки дар сурати сар задани моҷароҳо ва ҳодисаҳои ба ин монанд, ҳар чӣ зудтар роҳҳои ҳалли он пайдо гарданд.

Бо ҳамин, дар баробари ба даст овардани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, зарурати барқарор намудани фаъолияти ҳамаи зинаҳои сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ ва ба таври самаранок ба вуҷуд овардани системаи сиёсии ҷомеа ба миён омада, сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти қонунгузор, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил карда шуданд ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ оғоз гардид, ки то ба ҳол идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Ваҳдати миллӣ яке аз заминаҳои муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва ба амал баровардани рушду инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба забони давлатии кишвар имкониятҳои фарохро муҳайё сохт, ки нерӯи воқеии он дар пешбурди сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар самтҳо назаррас аст. Он волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро пуштибонӣ намуд.

Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки Ваҳдати миллӣ неъмати бузургу муқаддас аст, ки ҳама ободиву ободкориҳо, рушду дастовардҳо, некӯаҳволӣ ва хушбахтии ҷомеаи имрӯзу оянда аз он сарчашма мегирад. Ваҳдати миллӣ дар баробари забони модарӣ ва дигар появу рукнҳои давлату давлатдорӣ барои мавҷудияти миллати кӯҳанбунёди мо нақши муҳим мебозад. Ваҳдати миллӣ неъмати гаронбаҳо ва нодир аст, ки миллатро бузургу давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш шуҳратманд мегардонад. Дар шароити ниҳоят душвори бархӯрди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат дар минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир, таҳкиму дарк намудани воқеияти ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани вазъи устувори сиёсию идеологӣ дар ҷомеа нақши ҳалкунандаро мебозад.

Каримзода Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат