, Душанбе, 20-июл

АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА


АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Сулҳу субот яке аз арзишмандтарин неъматҳои башарият буда, таъмини он барои ҳар як давлат ва ҷомеа шарти асосии рушду пешрафт маҳсуб меёбад. Барои мардуми Тоҷикистон сулҳ танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши муқаддасест, ки бо ҷоннисорӣ, хирадмандӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди тоҷик ба даст омадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин ташаббускор дар масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ буданд. Аввалин сухане, ки ин марди шариф дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ гуфта буданд, масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани гурезагони тоҷик буд. Он кас ваъда доданд, ки «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!».

Дар ҳақиқат роҳбари муаззами мо барои амалӣ намудани ин ормонҳои беназир ҷонбозиҳои зиёд намудаанд. Он кас ҷони худро ба хатар андохта барои баргардонидан ва сулҳу осоиштагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои беназир намудаанд.

Раҳбари муаззами миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокату ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Минбаъд замина ба замина мардум ба ҳаёти орому осоишта баргашт. Ин боиси он гардид, ки зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳад. Ҳамин тариқ, бо талошҳои шабонарузӣ ва пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба марҳилаи нави рушд гомҳои устувор гузошта, ба пешравиҳои нав ба нав ноил гашта истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар марҳилаи давлатсозӣ Роҳбари некандеши миллат сохтани роҳҳо ва бунёди пулҳоро байни тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро самти афзалиятнок сиёсат худ донист, зеро ин шахсияти барҷастаи миллат хуб дарк намуда буданд, ки ягона роҳи пойдории сулҳ ва пешрафти давлат ҳамкорӣ миёни дигар кишварҳо буда, сохтани роҳҳо дар тамоми минтақаҳои мамлакат омили суботи ҷомеа ва дӯстиву рафоқат байни халқу кишварҳо мебошад. Аз ин нуқтаи назар, ба боварӣ гуфта метавонем, ки муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз ба хотири ин ҳама заҳматҳову талошҳо барои ҳаёти осоишта ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик ва ҳамкориҳои густурда вобаста ба масоили сиёсву иҷтимоӣ бо кишварҳои ҷаҳон Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби дилҳо гашта, ҳамчун шахсияти шинохта ва сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гаштааст.

Сол то сол ҳамчун сиёсатмадори бонуфуз ва шахсияти номдори ҷаҳони муосир вобаста ба масъалаи сулҳ, обу иқлим, ҳифзи пирияхҳо дар маҷмуъ ҳифзи муҳити зист обруву эҳтироми раҳбари муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтар мегардад, ки ин боиси ифтихори мо мардуми тоҷик мебошад.

 Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки сулҳ танҳо барои як миллат не, балки барои тамоми инсоният арзиши олӣ мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бештар ба масъалаҳои сулҳ, амният, об, иқлим ва рушди устувор равона гардидаанд.

Далели равшани эътирофи нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ қабули ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад.

 Ин ташаббуси муҳим, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад, идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколамаи созанда миёни халқҳо, пешгирии низоъҳо, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо аз сулҳи худ ҳифз мекунад, балки барои таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ низ саҳми арзанда мегузорад.

Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҷониби сиёсатмадорон ва аҳли илму адаби ҷаҳон низ баҳои баланд гирифтааст. Нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов таъкид намуда буд: «Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам... танҳо сулҳу осоиштагӣ овардан ба рӯзгори мардум ӯро ба мақоми баланд расонидааст». Ҳамчунин адиби маъруфи Доғистон Расул Ғамзатов сулҳи Тоҷикистонро яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони муосир арзёбӣ намуда, нақши Президенти Тоҷикистонро дар хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш баланд ситоиш кардааст.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои сулҳ, об, иқлим ва рушди устувор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи арзанда дорад. Қабули ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» шаҳодати он аст, ки сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираи манфиатҳои миллӣ берун рафта, ба манфиати тамоми инсоният равона шудааст.

Хулоса, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз гирдоби низоъҳои дохилӣ раҳо гардида, роҳи давлатдории мустақил, сулҳу субот ва рушди устуворро пеш гирифт. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои бисёр кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат мебошад. Ташаббуси байналмилалии «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии ҳамин сиёсати башардӯстона буда, саҳми арзандаи Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ боз ҳам равшантар месозад. Ҳифзи сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи инсондӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Алишери Абдулмаҷид, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат