,
Душанбе, 20-июл
(Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти бомаърифат ва соҳибтамаддун, аз оғози фаъолияти худ диққати асосиро ба масъалаҳои рушди илму маориф ҷалб намуданд. Сарвари давлат соҳаҳои илм ва маорифро, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳолати касодӣ қарор доштанд, бо як шуҷоат ва устувории беназир ба мавқеи аслиашон баргардонданд. Роҳбари мамлакат дар тамоми вохӯриҳо ва баромадҳои худ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дастгирии амалии ин соҳаҳо тамоми чораҳои заруриро андешиданд.
Дар ин давра Стратегияи давлат дар соҳаи маориф қабул гардида, он марҳала ба марҳала амалӣ карда шуд. Заминаҳои ҳуқуқии мавҷудият, фаъолият ва рушди маориф устувор гардида, муносибати аҳли ҷомеа ба соҳа дигаргун ва барои дастгирии он сафарбар карда шуд. Дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолӣ, аз сабаби камбудиҳои буҷет, маблағгузорӣ ба ин соҳаҳо назаррас набуд, вале ҳамасола вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаҳои илму маориф афзоиш ёфт. Дар ин муддат беш аз 400 барнома ва қарори марбут ба дастгирӣ ва рушди соҳаҳои мазкур қабул ва амалӣ шуданд.
Ин муносибати ҷиддӣ имкон дод, ки соҳаҳои дар вазъи рукуд қарордошта ба ҳаракат даромада, рӯ ба тамоюлҳои мусбат оранд. Теъдоди муассисаҳои таълимии умумӣ ва томактабӣ, литсею гимназияҳо, коллеҷҳои соҳавӣ ва донишкадаву донишгоҳҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ бамаротиб зиёд гардид. Роҳбари давлат барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон тамоми чораҳои заруриро андешида, ҳамасола барои сохтани иншооти соҳавӣ сармояҳои ватаниву хориҷиро ҷалб менамуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекарданд, ки ҷомеаи солимро танҳо бо шаҳрвандони соҳибмаърифат ва соҳибхирад сохтан имконпазир аст. Дар ин муддат шароите фароҳам оварда шуд, ки ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз таҳсил канор намонда, соҳиби маълумоти умумӣ ва олӣ гардад.
Ҳамкории байни зинаҳои гуногуни таҳсилот ба роҳ монда шуда, робитаи байни онҳо мустаҳкам гардид. Инчунин робитаҳои муассисаҳои олии кишвар бо донишгоҳҳои хориҷӣ густариш ёфта, таҳсил дар тамоми давлатҳои дунё барои ҷавонони мо имконпазир гашт. Теъдоди муассисаҳои олии кишвар аз 6-тои давраи шӯравӣ ба зиёда аз 40 адад расид. Ин маънои онро дорад, ки дар тамоми соҳаҳо муассисаҳои олии нав ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки онҳо ба рушди ояндаи ҷомеаи мо мусоидат мекунанд. Теъдоди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ то дараҷае зиёд гардид, ки назираш дар давраҳои қаблӣ дида намешуд. Гимназияву литсейҳо ҳамчун муассисаҳои типи нав дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба фаъолият шурӯъ намуда, дар таълиму тарбияи хонандагони соҳибзавқ нақши калидӣ бозиданд.
Масъалаи тарбияи хонандагони боистеъдод дар ҷумҳурии мо яке аз ҳадафҳои асосӣ гардид. Ба ғайр аз он ки дар дохили кишвар озмунҳои фаннии гуногун баргузор мешаванд, хонандагони мо дар озмунҳову олимпиадаҳои байналмилалӣ низ иштирок намуда, ҳамасола ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ҷавонони мо баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шуда, дар баробари азхуд намудани касбу ҳунарҳо ва ихтисосҳои гуногун, забон ва урфу одатҳои кишварҳои дигарро меомӯзанд. Ба ин васила онҳо метавонанд донишҳои андӯхтаашонро дар Ватани азизи худ истифода намуда, робитаҳои дӯстиро дар байни миллату халқиятҳо таҳким бахшанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими рушди илм ва маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ дар он зоҳир мегардад, ки мо ба низоми ҷаҳонишавии таҳсилот ворид гардида, аз низоми анъанавии таълим, ки дигар самараи дилхоҳ намедод, даст кашидем. Дар баробари татбиқи педагогика ва психологияи ватанӣ, мо бо дастовардҳои ин илмҳо дар тамоми мамолики дунё ошноӣ пайдо намуда, онҳоро дар амалияи кори худ истифода мебарем. Ин муносибат ба мо имкон медиҳад, ки мушкилоти мавҷудаи соҳаи таълиму тарбияро ба осонӣ ҳал намоем.
Мартаба ва обрӯи муаллим дар марҳалаи соҳибистиқлолӣ бамаротиб афзоиш ёфт, зеро Роҳбари давлат дар ҳар як суханронии худ ба устодон имтиёзҳои заруриро бахшида, эҳтиром ва боварии худро арз медоранд. Барои омӯзгорон ҷоизаҳои гуногун таъсис дода шуда, идрорпулиҳои раисони шаҳру вилоятҳо муқаррар гардиданд, ки ин яке аз нишонаҳои қадршиносии бевоситаи Роҳбари давлат нисбат ба кормандони соҳаи илм ва маориф мебошад. Ин ҷоизаҳо ва идрорпулиҳо барои хонандагону донишҷӯён низ муайян шудаанд, ки ҳамасола беҳтаринҳо аз онҳо бархӯрдор мегарданд.
Бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат озмунҳои гуногуни умумиҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шуданд. Яке аз чунин озмунҳои бонуфуз “Илм - фурӯғи маърифат” мебошад. Ташкил ва гузаронидани ин озмун далели олии қадрдонӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба илм, дониш, маърифат, фарҳанг ва таъриху урфу одатҳои миллати азизамон мебошад. Роҳбари давлат барои дарёфти истеъдодҳо ва тарбияи онҳо ҳеҷ чизро дареғ намедоранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ қабул шуда, мавриди амал қарор дорад. Ин қонун вобаста ба талаботи замон се маротиба дар таҳрири нав қабул гардида, истифода мешавад.
Дар боби таълиму тарбияи фарзанд Президенти кишвар осори гаронбаҳои мутафаккирони форсу тоҷик ва олами мутамаддинро мутолиа намуда, дар баромадҳои худ аз онҳо эҷодкорона истифода мекунанд. Мо яке аз чунин ҳикматҳои бебаҳоро аз гуфтаҳои эшон иқтибос меорем: “Фарзандонро бояд аз хурдӣ бо ҳусни ахлоқ таъмин намуд, то ба зиннатҳои дурӯғини дунё нафирефта шаванд”.
Чопи китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва тақдим намудани онҳо ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат бо мақсади омӯзиши таърих ва арзишҳои фархундаи миллии мо мебошад. Ҷалби аҳли ҷомеа ба омӯзиши мукаммали ин осори боарзиш тавассути гузаронидани озмунҳои умумиҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ва “«Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат” далели равшани рӯ овардан ба маърифат ва таърихи ниёгон аст.
Ҷалби омӯзгорон ва волидон ба тарбияи пайвастаи шогирдон ва фарзандон ҳамеша дар мадди назари Президенти Ҷумҳурӣ қарор дорад. Барои собит намудани ин гуфтаҳо, иқтибосеро аз суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (01.09.2019) ёдовар мешавем: “Омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд”.
Мо дар марҳалаи ҷашни пурифтихори 35-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии азизамон қарор дорем. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд барои дар сатҳи олӣ гузаронидани ин иди пуршукӯҳ масъулият дошта бошад. Алалхусус, мо - омӯзгорон дар ҷавоб ба ғамхориҳо ва имтиёзҳое, ки Ҳукумат ва маҳз Роҳбари давлат барои мо муқаррар намудаанд, бояд дар фаъолияти худ содиқ бошем. Барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолият омодагии пурра дида, онро бо дастовардҳои беназири илмию таълимӣ пешвоз гирем.
Самариддинова Зайнаб, дотсент декани факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ