,
Сешанбе, 30-июн
Бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва самимияти беандоза метавон гуфт, ки қабули қарори таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” яке аз ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини амният, субот ва сулҳи сартосарӣ нақши муҳим дорад.
Қабули қарори мазкур дар арсаи байналмилалӣ далели равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёна, ташаббусҳои инсондӯстона ва мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан, сиёсати созанда ва сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ нақши муассир дорад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳарвақта ба арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ниёз дорад. Дар чунин шароит пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ аҳамияти хоссаи сиёсиву ахлоқӣ дошта, ҷомеаи байналмилалиро ба таҳкими фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамкории давлатҳо ва пешгирии низоъҳо раҳнамун месозад.
Бояд ёдовар шуд, ки ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар кори осон набуд. Музокироти тӯлоние, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ба монанди Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Туркманистон сурат гирифт, барои амалӣ намудани марому мақсадҳои сулҳхоҳона нуҳ даври музокирот ва шаш мулоқотро бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифт, ки ҳамаи онҳо натиҷаҳои мусбат ва тақдирсозро барои мардуми тоҷик ба миён оварданд.
Дар ин давраи басо мушкил бо ташаббуси Роҳбари давлат 21 маротиба музокироти байни гурӯҳҳои ҳукуматӣ ва мухолифин анҷом дода шуд ва дар натиҷа 40 санади таърихӣ ба имзо расид, ки ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ эътироф гардиданд ва баҳри якпорчагии миллати тоҷик чун обу ҳаво зарур буданд.
Бояд қайд намуд, ки нақш ва мақоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот, бунёди ваҳдати миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву худогоҳии халқи тоҷик хеле бузург аст. Муттаҳидӣ ва пойдории сулҳу субот дар кишвар, инчунин ҷараёни ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносиву ифтихори миллӣ дар даврони навин бо номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда мешавад.
Сарвари тоҷикони олам суннатҳои давлатдории гузаштагони худ — аз Кӯруши Кабир то Исмоили Сомониро бо анъанаҳои давлатдории ҷаҳони муосир тавъам сохта, бори дигар онҳоро эҳё намуданд. Ва ҳамин тариқ, сиёсати хирадмандона, ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллии хешро собит намуданд: “То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем” -зикр мекунад Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин, эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дурудароз ва пурфоҷиааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт ва ба истиқлолияти комил расид.
Ваҳдатгароӣ омили асосии сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафти ҷомеа буда, ифротгароӣ, баръакс, боиси низоъ, ҷудоӣ, бадбинӣ ва нооромӣ мегардад. Ваҳдатгароӣ маънои дӯстӣ, ҳамдигарэҳтиромӣ, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дорад. Миллате, ки ваҳдати худро ҳифз мекунад, метавонад ба пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки маҳз ваҳдати миллӣ барои рушди давлат ва беҳтар шудани зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ифротгароӣ бошад, падидаест, ки инсонро ба ақидаҳои тундрав, таҳаммулнопазирӣ ва зӯроварӣ мебарад. Ифротгароён мекӯшанд миёни мардум низоъ, нобоварӣ ва душманӣ эҷод намоянд. Аз ин рӯ, мубориза бо ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар пешгирии ифротгароӣ нақши оила, мактаб, донишгоҳ ва ҷомеа хеле муҳим аст. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои инсонӣ онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои тундрав эмин нигоҳ медорад. Ҷавонон бояд донишомӯз, меҳнатдӯст ва дорои тафаккури интиқодӣ бошанд, то фирефтаи таблиғоти бардурӯғ нагарданд.
Ваҳдатгароӣ, инчунин таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба ақидаи дигарон ва ҳамкории созандаро тарғиб мекунад. Агар ҳар як шаҳрванди кишвар барои ҳифзи сулҳ ва ваҳдат саҳм гузорад, ҷомеа боз ҳам орому пешрафта хоҳад шуд.
Ваҳдатгароӣ роҳи созандагӣ, сулҳ ва ободӣ аст, дар ҳоле ки ифротгароӣ роҳи харобӣ ва нооромист. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва муқовимат ба ҳама гуна андешаҳои ифротӣ бетараф набошем.
Бинобар ин, мо - омӯзгорон, бахусус олимону муҳаққиқон, вазифадорем, ки бо таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалии худ оид ба тарбияи насли соҳибилму бомаърифат, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги сиёсӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Абдуллоев Насулло Сайфудинович, дотсент, сардори шуъбаи мониторинг ва идоракунии назорати сифати таҳсилоти ДДК ба номи А.Рӯдакӣ