, Сешанбе, 30-июн

ТОҶИКИСТОН: ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ


ТОҶИКИСТОН: ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

(Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»)

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар шоҳиди он гардид, ки ташаббусҳои созанда ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меҳвари суботи сайёра эътироф мешаванд. Бо иттифоқи орои кишварҳои аъзои Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани Қатъномаи махсус дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027-2036) боиси ифтихор сарфарозии мо-аҳли зиёи кишвар гардид.

Масири сулҳофаринии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки заминаи асосии ҳама гуна пешрафт ва дастовардҳои башарӣ маҳз дар ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ нуҳуфтааст. Таҷрибаи сулҳи дохилии мо, ки таҳти роҳбарии хирадмандонии Пешвои миллат ба даст омад, имрӯз ба як мактаби бузурги ҷаҳонии сулҳхоҳӣ ва низоми эътирофшудаи байналмилалӣ мубаддал гаштааст.

Ин мактаби сулҳи дохилӣ, ки бо заҳмату ҷонбозиҳои зиёд ва иродаи матини роҳбарияти олии кишвар шакл гирифт, тадриҷан доираи таъсири худро аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ баландтар бардошта, ба як модели беназири сулҳофаринии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Маҳз ҳамин таҷрибаи гаронбаҳо замина гузошт, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва суботофар шинохта шавад.

Пешвои миллати мо бо дарки амиқи мушкилоти муосири сайёра ва бо такя ба фарҳанги ғании ниёгон, ташаббусҳои бузургеро дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки қатъномаҳои марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими амният аз ҷумлаи онҳоянд. Ин иқдомоти башардӯстона исбот мекунанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба хайру саодати тамоми сокинони рӯи замин нигаронида шудааст.

Ин иқдоми навбатии Роҳбари давлат ва пазируфта шудани Қатъномаи махсус дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027-2036) саҳифаи наверо дар таърихи дипломатияи муосир ва фарҳанги сулҳхоҳии миллати тоҷик боз намуд. Ин зафар ва эътирофи байналмилалӣ собит месозад, ки овози Тоҷикистон овози хирад, адолат ва дурбинӣ аст.

Аҳамияти ин қатънома ва ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо дорои арзиши баланди таърихӣ ва тарбиявӣ мебошад. Ин ташаббуси наҷотбахши башарият ба ҷавонон ва насли наврас дарси садоқат ба Ватан, эҳтиром ба заҳматҳои сулҳофаринӣ ва масъулиятшиносиро дар баробари тақдири инсоният меомӯзад.

Ҳамчун шаҳрванд ва узви ҷомеаи шаҳрвандӣ устуворӣ ва аҳамияти ин иқдомро дар он мебинам, ки он роҳнамои равшане барои тарбияи насли созанда, дур аз хурофоту ифротгароӣ ва дорои тафаккури васеи байналмилалӣ мебошад. Насли оянда бо такя ба ин заминаҳои устувор метавонад мақоми кишвари моро дар занҷираи тамаддуни ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардорад.

Мо, аҳли зиё ва омӯзгорон, худро дар сафи аввали ҳамовозӣ ва амалисозии ин ташаббуси олии Роҳбари давлат медонем ва рисолати худро дар он мебинем, ки моҳияти ин дастоварди бузурги сиёсиву фарҳангиро ба оммаи васеъ ва донишҷӯён расонем. Ин вазифаи виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар як нафарест, ки ба ояндаи дурахшони ин хоки муқаддас бовар дорад.

Ифтихори мо аз он аст, ки Тоҷикистони азизи мо имрӯз на танҳо як давлати соҳибистиқлол, балки маркази тарҳрезии идеяҳои бузурги сулҳхоҳӣ ва инсондӯстӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон эътироф гардидааст. Ин комёбӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби мост.

Дар фарҷом, бо изҳори сипос ва ҳамовозии комил ба ин ташаббуси таърихӣ, таъкид менамоем, ки устодон ва аҳли илми кишвар тамоми нерӯ ва дониши худро барои ҳифзи ин дастовардҳо, устувории сулҳи ҷовидонӣ ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст равона хоҳанд кард.

Иброҳимова Рухшона, дотсент, декани факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат