, Душанбе, 29-июн

НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ


НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Барои ҳар халқу миллат рӯйдодҳои муҳиме мавҷуданд, ки бо номи шахсиятҳои баруманду тақдирсози он зич алоқаманданд. Замоне фаро мерасад, ки ҷомеа ба ин зуҳуроти бузурги таърихӣ ва офаридагони он арҷ мегузорад

Аз саҳифаҳои таърихи навин хуб медонем, ки ҳангоми қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи мустақилият гузоштани Тоҷикистон, миллати мо ба имтиҳони сахту сангини рӯзгор ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашт. Дар ин давраи ниҳоят душвори сиёсӣ, шаҳрвандони кишвари азизамон бо воситаи вакилони мардумии худ дар Шурои Олии онвақта бо эҳсоси масъулияти бузурги давлатдорӣ ҷиҳати барқарор намудани асосҳои фалаҷшудаи низоми давлатӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ ба дастоварди бузурги сиёсӣ комёб шуданд.

16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Дар он замони ниҳоят ҳассос ва сарнавиштсоз, вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

Дар шароите, ки ин фарзанди номвар ва номбардори халқ масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифт, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид ва кам касон ба ояндаи неку устувори ин кишвар боварӣ доштанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 23 рӯзи савганди таърихии худ, моҳи декабри соли 1992 дар Муроҷиатномаи хеш ба халқи Тоҷикистон чунин гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».

Роҳбари давлат аз рӯзи савганди таърихии худ то рӯзи эълони Ваҳдати миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997,  пас аз 8 давраи гуфтушунидҳои тӯлонӣ (дар солҳои 1994-1997) миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав ҳамроҳ бо роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо намуданд, ки ин санади наҷоти миллат гардид.

Маҳз бар асоси сиёсати башардӯстона ва суханҳои самимии Пешвои миллат буд, ки беш аз як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалашон баргардонида шуда, зиёда аз 36 ҳазор хонаи пурра ё қисман харобгашта дар як муддати кӯтоҳ барқарор карда шуд.

Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ин роҳи мушкилу вазнин далериву қаҳрамонии бемисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эҳсоси волои ватандӯстиву хештаншиносии эшон боис гардид, ки ҷони худро дар хатар гузошта, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ сафарҳои пурхатар анҷом диҳанд ва сулҳи комилро дар кишвар пойдор созанд. Бо иродаи қавии Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд ва барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат роҳҳои нави мошингард сохта шуданд.

Дар ин давраи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 190 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохт. Сиёсати дохилӣ ва берунии давлат дар чаҳорчӯби созишномаҳои байналмилалӣ, бо эътирофи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки ва Баёнияи Париж бомуваффақият амалӣ гашт. Саъю кӯшишҳои Пешвои миллат дар баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла мушкилоти обу иқлим ва сулҳ барои наслҳои оянда  ниҳоят бузург ва саривақтӣ мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари мо таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор гузошт.

Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатии худ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, устувор гардиданд. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро устувор намуд. Ҳамчунин, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон ва давлатдории муосир, балки дар эҳё намудани падидаҳои неку арзишҳои волои ниёгонамон нақши бунёдгузорӣ доранд. Сарвари давлат ба эҳёи миллат асос гузошта, вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолиро беҳтар карданд, таҳдиди гуруснагиро бартараф намуда, дар роҳи татбиқи чор ҳадафи стратегии миллиамон - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат хизматҳои шоиставу таърихиро анҷом доданд.

Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи наздик ба 35 соли охир таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.

Корнамоиҳои ин фарзанди фарзона ба сифати наҷотбахши миллат  ҳар кадоми моро водор месозад, ки ҳамчун фарди масъулиятшиноси ҷомеа бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат корҳои ободониву созандагиро беш аз пеш вусъат бахшем. Мо бояд баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои миллӣ саъю талош варзида, рушди устувору босуботи кишварамонро таъмин намоем ва истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддастарини ҳаёт гиромӣ дорем.

Меҳриддинзода Толиб Меҳриддин, ҷонишини декан оид ба таълими рӯзонаи факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат