, Душанбе, 29-июн

ВАҲДАТ - БАХТИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСИ ПЕШВО


ВАҲДАТ - БАХТИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСИ ПЕШВО

Дар рӯзҳое, ки мардуми Тоҷикистони азизам 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бо ҳисси баланди ифтихор, шукргузорӣ ва масъулияти ватандорӣ таҷлил менамоянд, бознигарӣ ба роҳи тайкардаи миллат ва арзёбии нақши сулҳу субот дар рушди давлатдории миллӣ аҳамияти хосса дорад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи таърихии ба анҷом расидани муқовиматҳои дохилӣ ва оғози марҳалаи нави созандагии кишвар чун рамзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, иттиҳоду ҳамдилӣ бар ҷудоиандозӣ ва умед бар навмедӣ мебошад. Маҳз ба шарофати ваҳдат ва сулҳи пойдор Тоҷикистон тавонист аз имтиҳони сангини таърих бо сарбаландӣ гузарад ва роҳи рушди устувори худро интихоб намояд. Дар ин матлаб чанд ҳарфе, ки болои саҳфа оварда шудааст, бо илҳом аз ҳидоятҳо ва андешаҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар заминаи бахши «Дар бораи сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ»-и асари “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Зафар Шерали Сайидзода (Зафар Шералиевич Саидов). - Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – 464 саҳ. Саҳ. 47-80” сурат гирифта, он кӯшише барои бозтоби ҷойгоҳ ва аҳамияти ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ ва сарнавиштсоз дар ҳаёти давлату миллат ба ҳисоб хоҳад рафт.

Таърихи тамаддуни башарӣ собит месозад, ки бақо ва пешрафти ҳар як миллат пеш аз ҳама аз дараҷаи иттиҳод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии маънавии шаҳрвандони он вобаста аст. Давлатҳо ва ҷомеаҳое, ки тавонистаанд манфиатҳои умумимиллиро болотар аз ихтилофҳои гурӯҳӣ қарор диҳанд, дар роҳи рушд муваффақ гардидаанд. Баръакс, ҳар куҷо тафриқа ва парокандагӣ реша давондааст, заминаи буҳрон ва заволи давлатдорӣ фароҳам омадааст. Аз ҳамин ҷост, ки ваҳдат дар фалсафаи давлатсозӣ ва ҷомеасозӣ ҳамчун омили асосии субот ва амнияти миллӣ эътироф мешавад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рақобатҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ ва таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ҷомеаҳоро ба озмоишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд, аҳамияти ваҳдат боз ҳам бештар мегардад. Барои ҷомеаи азизи мо низ ваҳдату субот арзиши ҳаётиест, ки дар садади нав бо ранҷу азоб ва қурбониҳои зиёд ба даст омадааст.

Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон давраи ниҳоят вазнин ва пурфоҷиа буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хатари аз байн рафтани давлатдорӣ ва пароканда шудани миллатро ба миён овард. Дар чунин шароит халқ бо дарки зарурати сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ роҳи созиш ва ваҳдатро интихоб намуд. Чунонки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Бақои миллат ва иқтидори давлат аз пойдориву устувории сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ вобастаанд ва дарки ҳамин арзиши ҳаётӣ миллати бостонии моро дар раванди рӯйдодҳои фоҷиабори ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ аз парокандагиву пошхӯрӣ эмин нигоҳ дошт».

Ин дастоварди таърихӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Мардуми Тоҷикистон сулҳу оромиро ба ивази ранҷу машаққат ва қурбониҳои гарон ба даст оварданд. Аз ҳамин сабаб, имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намояд.

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон падидаи тасодуфӣ нест. Он аз сарчашмаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангии миллат неру гирифтааст. Миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо фарҳанги таҳаммулгароӣ, инсонпарварӣ ва сулҳҷӯии худ шинохта шудааст. Пешвои миллат бо ишора ба ҳамин воқеият таъкид менамоянд, ки «фарҳанги қадимаву расму ойинҳои инсонпарваронаи мо» ҳатто аҷнабиёнро таҳти таъсири худ қарор додаанд. Маҳз ҳамин хусусияти фарҳангӣ буд, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз ҷомеаро ба сӯи созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ раҳнамун сохт.

Дар раванди расидан ба сулҳу ваҳдат нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар шароите, ки кишвар ба буҳрони амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуда буд, роҳбарии дурандешона ва иродаи қавии сиёсӣ роҳи наҷоти давлат ва миллатро муайян намуд. Бо ҷасорат ва масъулияти таърихӣ музокироти сулҳ оғоз ёфт ва дар натиҷа формулаи нодири оштии миллӣ ба вуҷуд омад, ки имрӯз ҳамчун таҷрибаи муваффақ дар сатҳи байналмилалӣ низ эътироф шудааст.

Дар ин замина Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Таҷрибаи сулҳофарии мо собит сохт, ки ғояҳои ваҳдату башардӯстӣ ва фарҳангсозиву ватанпарастӣ муҳимтарин унсури андешаи миллии тоҷикон мебошанд». Ин таҷриба нишон дод, ки ҳар гоҳ ҷомеа ба арзишҳои аслии худ такя мекунад, метавонад аз мушкилтарин имтиҳонҳои таърихӣ низ сарбаландона берун ояд.

Маҳз сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки марҳалаи нави давлатсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро оғоз намояд. Агар солҳои аввали истиқлолият давраи мубориза барои бақои давлатдорӣ буданд, солҳои баъдӣ ба давраи созандагӣ ва пешрафт табдил ёфтанд. Дар ин хусус Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монем».

Дар баробари ин, ваҳдат ҳамчун такягоҳи асосии истиқлолияти давлатӣ баромад мекунад. Дар воқеъ, истиқлолият ва ваҳдат ду арзиши ҷудоинопазир мебошанд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат онҳоро мафҳумҳои муродиф номида, таъкид мекунанд: «Истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд». Ин андеша аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳифзи истиқлолият бидуни ваҳдат ғайриимкон аст ва ваҳдати миллӣ низ танҳо дар фазои давлати мустақил метавонад рушду такмил ёбад.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави ифротгароӣ, тундравӣ ва бегонапарастӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими андешаи миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҷомеа бояд барои ҳифзи ваҳдат ва сарҷамъии миллӣ ҳушёр бошад ва нагузорад, ки андешаҳои тахрибкорона ба тафаккури мардум, бахусус ҷавонон, роҳ ёбанд.

Дар ин раванд, нақши ҷавонон бисёр муҳим ва муассир арзёбӣ мегардад. Насли ҷавон бояд арзиши сулҳу ваҳдатро амиқ дарк намуда, онро ҳамчун дастоварди муқаддаси миллат ҳифз кунад. «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд», - таъкид менамоянд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ваҳдати миллӣ ҳамзамон заминаи рушди маънавии ҷомеа низ мебошад. Дар фазои сулҳу оромӣ ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тақвият меёбад. Арзишҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ дар шуури ҷомеа ҷойгоҳи устувор касб мекунанд. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдат танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.

Имрӯз, баъд аз гузашти 29 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти ин дастоварди бузург боз ҳам равшантар эҳсос мешавад. Ваҳдат барои халқи азизи мо хотираи таърихӣ ва заминаи воқеии рушду пешрафти имрӯз ва кафолати фардои ободи кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҳифз ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем. Чунонки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амри ҳаётӣ ва муқаддасанд. Ҳифз ва таҳкими минбаъдаи онҳо вазифаи ҷонии ҳар як фарди баномуси Ватан мебошанд».

Бигзор ваҳдати миллӣ ҳамеша чароғи роҳнамои давлату миллат бошад, Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ рушд намояд ва наслҳои имрӯзаву оянда ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунанд. Зеро маҳз ваҳдат бахти миллат, сарчашмаи саодати мардум ва мероси ҷовидонаи Пешвои миллат барои фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат