, Душанбе, 29-июн

СУЛҲ ВА ВАҲДАТ: ДУ БОЛИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН


СУЛҲ ВА ВАҲДАТ: ДУ БОЛИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

Дар тӯли таърих насли башар бо мафҳуми сулҳ ва ваҳдат рӯ ба рӯ шудааст ва ҳанӯз ҳам ин арзишҳои муқаддас дар маркази таваҷҷуҳи тамоми миллатҳои ҷаҳон қарор доранд. Барои миллати тоҷик ваҳдати миллӣ танҳо як падидаи сиёсӣ нест, балки муқаддасоте мебошад, ки мардуми тоҷик бо талошҳои бузургу ҷоннисориҳои зиёд онро ба даст овардааст.

Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳамчун давлати навбунёд бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки натиҷаи фитнаҳои беруна ва тафриқаандозии дохилӣ буд, ҳазорҳо хонаводаҳоро бе паноҳ ва ҳазорҳо кӯдаконро ятим кард. Зиндагии осоиштаи мардум халалдор гардид, шикасти иқтисодӣ ба вуҷуд омад ва умуман, ҷомеаи тоҷик дар вартаи парокандагиву нестӣ қарор дошт.

Вале дар чунин шароити душвор фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти таърихиро ба дӯш гирифтанд ва дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қасам ёд карданд, ки тамоми нерӯ ва таҷрибаи худро барои барқарории сулҳу оромӣ равона хоҳанд кард. Ин қасам на танҳо сухан, балки амал гардид. Маҳз талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат боиси он шуданд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт.

Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки сулҳ ва ваҳдат барои Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо рамзи оромиву осоиштагӣ, балки асоси тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар гаштааст. Тоҷикистон дар давоми се даҳсолаи охир ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингарди замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва амалӣ гардидани дигар лоиҳаҳои бузург маҳз дар шароити суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир шуданд.

Чуноне ки шоир гуфтааст:

Равшан чароғи мо аз нури ваҳдат аст,

Ором ҷону дил зи файзи сафои ваҳдат аст.

Ин мисраъҳо баёнгари онанд, ки пешрафти ҷомеа, рушду нумӯи кишвар ва осоиши ҳар хонадон бевосита ба сулҳу ваҳдат вобаста аст. Ҳатто оилае, ки дар он якдиливу меҳру муҳаббат нест, наметавонад ба зиндагии хушбахтона даст ёбад. Пас чӣ расад ба давлату миллат? Бинобар ин, ваҳдати миллӣ дар зиндагии ҳар шахс нақши калидӣ дорад. Ваҳдатро бояд аз худи хонадон оғоз кунем ва онро ба сатҳи давлату миллат густариш диҳем.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки борҳо таъкид кардаанд: «То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кумаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад».

Ҳамин тарзи андешаронӣ ва сиёсати воқеъбинона буд, ки миллати тоҷик аз парокандагӣ ба иттиҳод расид ва имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеа зери парчами ваҳдат ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезананд.

Аз файзи истиқлолият ва ваҳдат дар Тоҷикистон имрӯз арзишҳои милливу динӣ эҳё гардида, худшиносиву худогоҳии мардум тақвият ёфтааст. Ин рӯҳияи миллӣ сабаб шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ ҷойгоҳи хос пайдо кунад ва ба як кишвари соҳибистиқлол ва демократӣ табдил ёбад.

Сулҳ ва ваҳдат ба мо фаҳмонданд, ки агар мардуми як кишвар сарҷамъ набошанд, душманони дохиливу хориҷӣ метавонанд осудагии миллатро халалдор созанд. Вале агар миллат муттаҳид бошад, ҳеҷ нерӯе наметавонад, ки пояҳои давлатдорӣ ва оромии онро ба ларза оварад. Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хатари аз байн рафтани суботу якпорчагии кишвар ба миён омада буд, вале ваҳдати миллӣ ин таҳдидҳоро бартараф намуд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, дар роҳи рушду пешрафт қадамҳои устувор мегузорад. Сохтмонҳои азим, амалӣ шудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ, бунёди муассисаҳои нави илмӣ ва фарҳангӣ, рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳамаи ин аз файзу баракати сулҳу ваҳдат аст.

Бешак, сулҳ ва ваҳдат ду боли пешрафти Тоҷикистон мебошанд. Маҳз ба шарофати ин ду арзиши муқаддас кишвари мо дар роҳи рушду созандагӣ қадамҳои устувор гузошта, ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст.

Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки имрӯз ҳимояи сулҳ ва ваҳдат танҳо вазифаи ҳукумат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки танҳо бо нигоҳ доштани суботу оромӣ метавонем Тоҷикистони азизамонро ба наслҳои оянда ҳамчун як давлати шукуфон мерос гузорем.

Мо - насли ҷавон, бояд сабақи таърихиро фаромӯш накунем. Мо бояд доим дар ёд дошта бошем, ки сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои сулҳ ҳазорҳо ҷони бегуноҳ қурбон шуданд, ҳазорон модарон ашки ҷудоӣ рехтанд. Пас моро зарур аст, ки ин неъматро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Имрӯз, зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон ба кишвари воқеан ҳам зебову обод табдил ёфтааст. Ваҳдати миллӣ - рамзи хушбахтии мост. Мо вазифадорем, ки бо талошҳои пайваста дар роҳи ободии Ватан ва сарҷамъии миллат саҳмгузор бошем.

Умарҷон Тошматов, мутахассиси маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ном Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат