, Ҷумъа, 26-июн

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ БАҚОИ МИЛЛАТ ВА КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ БАҚОИ МИЛЛАТ ВА КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

Ҳар як миллат дар таърихи ояндаи худ санаҳоеро дорад, ки ҳамчун саҳифаҳои заррин ва тақдирсоз барои наслҳои оянда боқӣ мемонанд. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ чунин санаи муқаддас ва сарнавиштсоз 27 июни соли 1997-Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Ин рӯз барои мардуми тоҷик на танҳо рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, балки рамзи пирӯзии хираду заковат, ақли солим ва тафаккури созанда, ҳамчунин рафтори таҳаммулпазирӣ ва ягонагии миллат ба ҳисоб меравад.

Дар мавриди сулҳи тоҷикон андешаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидо қобили қиёс набуд, чунки дар он замони бисёр душвори ҷанги шаҳрвандӣ баҳодиҳӣ ба вазъияти баамаломада бениҳоят мушкил буд.

Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт. Зеро дар он замони бисёр вазнину душвори вазъи сиёсӣ хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ин шароит барои ба эътидол даровардани вазъият ва пешгирӣ намудани бенизомӣ, роҳбари сиёсӣ ва шахсияти далеру шуҷоъ ва хирадманде лозим буд, ки барои расидан ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳаллу гурӯҳӣ болотар гузорад. Аммо дар Тоҷикистони оғӯштаи хуну оташи ҷанг ва мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад.

Ба бахти миллати тоҷик, ҳам шароит ва ҳам шахсияте пайдо шуд, ки миллати тоҷикро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот диҳад. Мутаассифона, аз сабаби бад будани вазъи сиёсӣ дар шаҳри Душанбе-пойтахти кишвар, ки макони баргузории сессияи Шӯрои Олӣ (ҳокимияти қонунгузорӣ) дар он ҷо буд, баргузор намудани маҷлиси намояндагони халқ ғайриимкон буд.

Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 ақли солим ғолиб омад ва намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар мавзеи таърихии он-Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.

Бори аввал дар таърихи миллати тоҷик дар асри XX шахсияте ҳамчун роҳбари давлат ба майдони сиёсат омад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш баромада буд. Маҳз аз рӯзҳои нахустин роҳбари давлат, аввал ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро барои сулҳу оромии кишвар равона намуданд. Қадамҳои нахустини роҳ ба сӯи сулҳу ваҳдати байни тоҷикон маҳз бо ташаббусҳои бевоситаи ин шахсияти фидокору ватандӯст гузошта шуданд. Дар рӯзҳои аввалини иҷлосия нахустин баромади Президенти маҳбуби мо аз мавзуи сулҳ оғоз шуда буд. Дар ин суҳанронии хеш он кас таъкид карда буданд, ки: “То охирин гурезаро ба мамлакати худамон бар нагардонам, ором намегирам”. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста қадамҳои нахустин гузошта шуданд.

Минбаъд бо намояндагони мухолифин чандин маротиба муколама барои сулҳу ризоияти миллӣ анҷом дода шуд. Ин муколама аз ҳудуди Тоҷикистон сар карда, то кишварҳои хориҷӣ идома ёфта буд. Роҳбари маҳбуби кишвари мо барои ноил шудан ба сулҳу ваҳдати байни миллати тоҷик чандин маротиба ҷони худро ба хатар андохтанд ва билохира, ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд. Қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омада, аз ҷанги бемаънӣ ва бародаркушӣ даст кашиданд ва оғӯши бародариро ба рӯи ҳам боз намуданд.

Имрӯз, баъд аз гузашти солҳо, ҳар як шаҳрванди кишвар ба хубӣ дарк мекунад, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ва неъмати бебаҳоест, ки барои ҳифзу таҳкими он ҳар яки мо масъулем. Зеро маҳз ваҳдат Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва барои рушди устувори давлат заминаи мусоид фароҳам овард.

Роҳи расидан ба сулҳ осон набуд. Музокироти сулҳ солҳои зиёд идома ёфта, аз ҳарду ҷониб иродаи қавӣ, таҳаммул ва масъулияти баландро талаб мекард.

Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакат дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Билохира, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” анҷом пазируфт.

Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки: “Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро тайи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печида буданд, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд.

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,

Зи бидорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

Пайи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,

Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон-гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушдиҳо онҳо оғоз намоем.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва ваҳдату сулҳ падидор аст. Воқеан, Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф менамояд. Зеро сулҳи тоҷикон бо роҳи гуфтушунид, бахшиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ба даст омадааст.

Ҳангоми суханронӣ дар бораи Ваҳдати миллӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус таъкид намудан зарур аст. Зеро маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи устувор ва муҳаббати беандоза ба Ватан тавонистанд миллатро аз парокандагӣ наҷот диҳанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки сулҳу ваҳдат барои тоҷикон аз ҳама арзишмандтар аст. Маҳз ҳамин сиёсати созанда боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва суботкор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад.

Хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф гардидаанд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ифтихор изҳор медорад, ки сулҳу суботи кунунӣ ва пешрафти давлат самараи сиёсати оқилона ва дурандешони Роҳбари давлат мебошад.

Баъд аз ба даст омадани сулҳу ваҳдат Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Дар тамоми гӯшаву канори кишвар сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ оғоз ёфт.

Имрӯз Тоҷикистон ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалӣ сохта шуда, даҳҳо неругоҳҳои барқи обӣ ба истифода дода шуданд. Садҳо муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтару хубтар мегардад. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ба даст омадаанд. Зеро бидуни сулҳу осоиш, ваҳдату субот рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ғайриимкон аст.

Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ муаррифӣ намуд.

Қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо бояд ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд низ баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош меварзад.

Имрӯз вазифаи муҳимтарини ҷомеа тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки сулҳу ваҳдати имрӯз бо чӣ қадар заҳмат ва фидокориҳо ба даст омадааст. Ҷавонон бояд донанд, ки маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат имрӯз онҳо имкони таҳсил, кору фаъолият, рушди истеъдод ва зиндагии осоиштаро доранд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ бояд яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷавон бошад.

Дар Паёму суханрониҳои худ Пешвои миллат пайваста ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдат даъват менамоянд. Ин ҳидоятҳо имрӯз барои ҳар як ҷавони кишвар роҳнамои зиндагӣ ба ҳисоб мераванд.

Ваҳдати миллӣ танҳо дастоварди давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳар як шахс бояд бо меҳнати ҳалол, рафтори нек ва эҳтиром ба дигарон дар таҳкими сулҳу субот саҳм гузорад.

Эҳтироми қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ байни намояндагони миллату қавмҳои гуногун ва садоқат ба Ватан аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки пояҳои ваҳдатро мустаҳкам мегардонанд. Мардуми Тоҷикистон имрӯз хуб дарк мекунанд, ки сулҳу ваҳдат неъмати ҷовидона нест ва барои нигоҳ доштани он ҳамеша бояд талош кард. Таҷрибаи талхи солҳои гузашта ба мо дарси бузурги таърихӣ дод, ки танҳо дар фазои ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон давлаткуниро обод ва миллатро сарбаланд сохт.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷашни муқаддас ва ифтихори миллӣ мебошад. Ин санаи таърихӣ аз пирӯзии ақлу заковат бар низоъ, аз ғалабаи сулҳ бар ҷанг ва аз устувории иродаи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот қадамҳои устувор ба сӯи пешрафт мегузорад. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бигзор сулҳу ваҳдат ҳамеша пойдор бошад, осмони Тоҷикистони азиз софу беғубор монад ва мардуми шарафманди тоҷик дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намуда, барои ободии Ватани маҳбуби худамон саҳми арзанда гузоранд.

Ваҳдати миллӣ-бақои миллат, сарчашмаи пешрафт ва кафили фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Алишери Абдулмаҷид, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат