, Сешанбе, 23-июн

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - САРЧАШМАИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ ВА ҲАМБАСТАГӢ


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - САРЧАШМАИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ ВА ҲАМБАСТАГӢ

Ваҳдати миллӣ, бешубҳа, самараи талошҳои фидокорона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз садоқат ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеии ватандорӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми шарафманди он шароити мусоид фароҳам овард.

Яке аз заминаҳои муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва амалӣ намудани рушду инкишофи ҷомеа таъмини Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва баррасии мафҳуми Ваҳдати миллӣ бо пайдоиши миллатҳо ва давлатҳои миллӣ алоқаманд буда, он яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳиме мебошад, ки ташаккули он ва муттаҳид намудани аъзои ҷомеа кафили таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷумҳуриҳои дигари иттиҳод, 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти сиёсии хешро эълон намуд. Баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти ҷомеа ба маҷрои нав ворид гардид. Яке аз нишонаҳои барҷастаи он ташаккули андешаи миллӣ ҳамчун асолат ба бозгашти таърихӣ, эҳёи арзишҳои анъанавии миллӣ ва дар ин асос қувват гирифтани раванди худшиносии миллии тоҷикон мебошад. Вале монеаи ҷиддӣ дар рушду нумӯи истиқлолияти Тоҷикистон сар задани ҷанги ҳамватанӣ (шаҳрвандӣ) буд. Вазъияти сиёсии баамаломада як навъ таҷассуми монеаҳо дар роҳи инкишофи кишвар ва рушди инсонӣ, ақлонӣ ва фарҳангии ҷомеа гардид.

Табиист, ки дарки ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби одамон, махсусан дар сатҳи омма, амалест басо муҳим. Аммо одамон набояд дарки масъулиятро низ аз назар дур созанд. Андешаи зеринро фаъолияти давраи аввали иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, махсусан ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои оммавии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта тақвият мебахшиданд. Фаъолияти онҳо аз бисёр ҷиҳат хосияти мусбат дошт. Саҳми онҳо дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, плюрализми сиёсӣ, ошкорбаёнӣ, такомули маданияти сиёсии омма ва афзун гаштани сатҳи худшиносии миллӣ бештар ҳис мегардид. Аммо чунин ҳолати фаъолиятро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дер нигоҳ дошта натавонистанд. Бо гузашти муддате онҳо мақсадҳои барномавии худро фаромӯш намуда, рӯ ба амалҳои иртиҷоӣ оварданд, ки дар ниҳояти кор тамомияти арзӣ, амнияти саросарӣ ва Ваҳдати миллии кишварро зери хатар гузошт.

Неруҳои сиёсии Тоҷикистон дар бисёр ҳолатҳо мавқеи канораро интихоб намуда, бештар рӯ ба зӯроварӣ меоварданд ва шакли ғайриосоиштаи муборизаи сиёсиро пеш мегирифтанд. Ҳатто дар амалҳои сиёсии осоишта, ба монанди гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳо бештар оҳанги маҷбурсозӣ ва истифодаи зӯрӣ ҳис мегардид. Мардум низ сиёсатро чун зўрӣ мефаҳмиданд. Шояд чунин муносибат ва дарки масъалаҳои сиёсӣ ба фаъолияти сиёсии одамон таъсири манфӣ расонида бошад. На танҳо сиёсатфаҳмию сиёсатофаринӣ дар сатҳи омма, балки дар доираи элитаи сиёсӣ ва сарварони сиёсӣ низ аз комилият ва сатҳи зарурӣ хеле дур қарор ёфта буд. Сарварони сиёсӣ принсипҳо ва меъёрҳои муборизаи сиёсиро чандон ба эътибор намегирифтанд ё худ дарк карда наметавонистанд. Неруҳои оппозитсионӣ дар аввал танқиди фаъолияти мақомоти давлатӣ ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро пеша намуда, сипас ба амалҳои канораҷӯёнаю ифротӣ даст заданд. Дар сафҳои неруҳои оппозитсионӣ одамони касбу кори гуногун ҷамъ омада буданд, аммо қисми асосии онҳоро, ки манбаъ ва меҳвари вусъати мубориза ба ҳисоб мерафтанд, шартан ба 3 гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Неруҳои сиёсӣ ва одамони алоҳидаи ҳокимиятхоҳе, ки аз доираи ҳокимият берун монда буданд;
  2. Мансабдорони сатҳҳои гуногун, ки роҳи пешгирифтаи роҳбарияти кишварро напазируфтанд. Замоне ки Тоҷикистон истиқлолиятро ба даст овард, роҳи инкишофи ҷомеаро дар раванди демократикунонӣ медид, вале онҳое, ки роҳи пешгирифтаи ҳокимиятро қабул надоштанд, асосан элитаи сиёсии маъмуриро ташкил медоданд;
  3. Шахсоне, ки сарвати зиёд ҷамъ оварда, соҳиби ҳокимияти иқтисодию молиявӣ буданд, вале аз ҳокимияти сиёсӣ бенасиб гашта, барои расидан ба он кӯшиш мекарданд.

Дар ташаккули ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон омилҳои мухталиф таъсир расониданд, ки баррасӣ ва таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи онҳо чандон кори осон нест. Масалан, маҳалгароӣ, ки яке аз тамоюлҳои иртиҷоии ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, дар охири солҳои 80-уми асри гузашта авҷ гирифт. Ин раванди номатлуб дар ҳар давру замон ва дар ҳар макон метавонад зоҳир гардад.

Инчунин, дар пуршиддат гаштани авзои сиёсии Тоҷикистон тамоюли хосияти ҷинояткорона пайдо намудани сиёсат низ саҳм дорад. Тамоюли мазкур фақат хосси Тоҷикистон набуд; он аз нимаи дуюми солҳои 80-ум дар қаламрави Шӯравӣ ва пештар аз ин дар олами мутамаддини Ғарб ташаккул ёфта, дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мақоми хосса пайдо намуда буд. Раванди ба сиёсат ҳамроҳ гаштани ҷиноятпешаҳо, асосан аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ мегардад. Дар бетартибиҳои он рӯзҳои даҳшатбор ҷинояткорон бештар саҳм гирифта буданд. Онҳо на танҳо дар ғоратгариҳо иштирок доштанд, балки пешоҳанги муборизаи зидди ҳокимият буданд ва соҳаҳои муҳими ҷамъиятиро тадриҷан зери назорати хеш қарор медоданд. Онҳо дар гирдиҳамоиҳои дарозмуддати солҳои 1991-1992 низ нақши асосӣ доштанд.

Дар қатори омилҳои дохилӣ, дар ташаккулу инкишофи моҷарои сиёсии Тоҷикистон неруҳои сиёсии хориҷӣ низ нақши хешро гузоштанд. Вобаста ба муносибати давлатҳои хориҷӣ зиддиятҳо метавонанд ранги дигар гиранд. Давлатҳои муқтадир қодиранд муқовимати байни неруҳои сиёсии кишвари пурмоҷароро хомӯш намоянд ё онҳоро ба сатҳи моҷарои мусаллаҳона расонанд. Дар давраи моҷароҳои сиёсӣ ва дар шароити давлати тозаистиқлол нақши қӯшунҳои хориҷӣ барҷаста мегардад. Аз ҷумла, дар солҳои муқовимати сиёсӣ мақом ва нақши қӯшунҳои Русия дар Тоҷикистон пажӯҳиши махсусро талаб дорад. Дар давраи моҷарои мусаллаҳона қӯшунҳои Русия дар Тоҷикистон нақши муҳим доштанд: онҳо объектҳои муҳими хоҷагии халқро муҳофизат менамуданд, ёриҳои башардӯстонаи кишварҳои дигарро ба муҳтоҷон мерасониданд ва ба қисме аз фирориён сарпаноҳ медоданд.

Ҳамин тариқ, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки натиҷаи бевоситаи инкишофи номутаносиб ва тезутунд гаштани масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеа буд, сар зад. Ҷанги шаҳрвандӣ одамони осоишта ва мусаллаҳро зуд хаста менамояд. Одамон ба зудӣ пай мебаранд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷуз аз мағлубиятҳо ва азобу машаққатҳои зиёд чизи дигаре ба бор намеорад. Ҷанги шаҳрвандӣ ғолиб ва қаҳрамон надорад - он доғест дар рушди таърихии кишвар. Ин ҷанг оқибатҳои вазнини иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта, боиси талафоти бузурги ҷониву молӣ гардид. Зарари моддие, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал омад, ниҳоят бузург аст. Гирифтани ҷони нафарони зиёди бегуноҳ ва расонидани зарари маънавӣ ба насли боқимонда дар таърихи миллати тоҷик чун доғи сиёҳ боқӣ мемонад.

Хушбахтона, баъд аз ҳашт давраи гуфтушунид дар кишварҳои гуногуни олам, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома тавонист, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад ва миллати парокандаи тоҷикро ба ҳам биорад, зеро бо баста шудани он пеши роҳи нооромиҳо қатъӣ гирифта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 20-уми солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки таҳлили роҳи ноҳамвор ва пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон суҳбати тӯлониро мехоҳад, вале таъкиди ду нуқта махсус зарур аст: аввалан, сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳматҳои самимонаи фарзандони бономуси халқи тоҷик, пирӯз шудани хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофарии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Дигар ин ки ҷиҳати ноил шудани мардуми тоҷик ба ин рӯзи саид кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ низ саҳми муносиб гузоштаанд.

Замоне ки 27 июн рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, хурсандии тоҷикистониён ҳадду канор надошт. Ҳама аз он меболиданд, ки ақли солим боло гирифт ва ватан аз вартаи ҳалокат раҳо ёфт. Созишномаи мазкур ҳуҷҷати муҳиму тақдирсозе гардид, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба куллӣ дигар намуд. Тадриҷан авзои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард. Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи тоҷикистонӣ дарёфти ваҳдати миллӣ, роҳу воситаҳои ҳалли моҷарои мусаллаҳона ва таъмини сулҳи умум буд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз ҳалли ин мушкилтарин масъала сарбаланд барояд.

Воқеан, барои ҳар як миллат, новобаста аз тамаддун, фарҳанг ва ё миқдори аҳолиаш, муяссар намегардад, ки соҳиби истиқлолият ва давлати миллии худ шавад. Маҳз ваҳдат худшиносии миллиро тақвият бахшида, имкон медиҳад, ки кишвар сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона пеш барад, нуфузашро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар гардонад. Зеро ваҳдат неъмати бебаҳо, амалишавии нияту ормонҳои деринаи миллат ва омили муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.

Рамазон Файзов, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Холмуродзода Меҳрафрӯз, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат