,
Сешанбе, 23-июн
Зери мафҳуми ваҳдат ягонагӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъиро мефаҳмем. Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар аст. Аз он рӯз то ба имрӯз 29 сол сипарӣ гардид. Маҳз Ваҳдати миллӣ боис шуд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоламон дар рӯи олам дар саҳнаи сиёсию таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ қадамҳои устувор гузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сухнарониҳояшон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат зиёиёни мамлакатро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, дар самти ташкили корҳо барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва арзишҳои фарҳангиву динӣ, боз ҳам устувор намудани вазъи муътадили имрӯза ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна кӯшишҳои халалдор сохтани фазои динӣ ва сиёсии кишвар зиракиву ҳушёрии сиёсии худро баланд бардорем.
Ваҳдат беҳтарин ва гуворотарин вожаест, ки дар он маъниҳои ягонагӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ нуҳуфтааст. Ваҳдати миллӣ ибораест, ки он мазмуни баланди иҷтимоию таърихиро дорост. Сарчашмаи осудагию хушбахтӣ ва рушду нумуи ҳар як кишвар, бақои давлату пойдории он ваҳдат аст.
Ана ҳамин ибораи Ваҳдати миллӣ, ки дар он як ҷаҳон маънӣ ниҳон аст, асосгузору эҳёкунандаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тантанаи он ҳанӯз 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) садо дода буд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат ҳамон рӯзҳо қасам ёд намуда гуфта буд: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хизматҳояш дар назди халқу Ватан Эмомалӣ Раҳмон бараъло собит намуд ва то кунун идома дода истодааст.
Новобаста аз мушкилиҳои зиёди пешомада Тоҷикистон тавонист, ки дар миқёси ҷаҳон мавқеи устувори худро пайдо кунад. Ватани маҳбуби моро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанд ва зиёда аз 150-тои онҳо дар ш. Душанбе намояндагиҳои худро доранд ва иқдомҳои хайрхоҳона, дурандешона ва пешниҳодҳои ҷолиби таваҷҷуҳи Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайваста ва пайгирона амалӣ менамоянд, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷику тоҷикистониён мебошад.
Ваҳдати миллӣ тавонист сарсониву саргардонӣ, парешониву парокандагӣ ва гуногунандеширо ба сарҷамъиву хотирҷамъӣ, сулҳу иттиҳод ва ҳамдилию ҳамбастагӣ табдил дода, амнияти мардумро таъмин ва кишварро ободу зебо ва шукуфону гулафшон кунад. Ваҳдати миллӣ эътиқоду эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшон дучанд намуд.
Дар ҳақиқат, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ мардуми кишвар зери парчами ваҳдат ва худшиносии миллӣ муттаҳид шуда, барои бунёди ҷомеаи навини дунявӣ гомҳои мустақилу қатъии худро гузоштанд. Ин амали хайр бори дигар ба оламиён собит намуд, ки танҳо дар шароити сулҳу субот, якдигарфаҳмию ҳамкорӣ метавон ҳама гуна ҷомеаро аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ наҷот бахшид.
Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми соҳибхираду дурандеши кишвар дорои неруи тавоно ва тафаккури солим буда, пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯию ҷудоиандозиро ҷилавгирӣ шуда, обрӯю нуфузи мамлакати ваҳдатдӯстамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз карда метавонанд. Раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу оштӣ обрӯи ҷумҳуриямонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт ва ҷойгоҳи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро, ки худ ташаббускори бисёр масъалаҳои ҳаётан муҳими минтақавию байналмилалист, ба сатҳи баланд расонида, машҳури оламиён гардонид.
Қобили қабул ва боиси дастгирист, ки ҳар сол дар кишвари маҳбубамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзест, ки орзую омоли халқи ҷангзадаю парешонгашта ва миллати рӯ ба нестӣ оварда амалӣ гашта, шоми торики тоҷиконро нурҳои саховатбахши Ваҳдат мунаввар месозад.
Барои расидан ба қадри ваҳдати миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии мустаҳкамии давлат ба шумор меравад, пеш аз ҳама, худшиносии миллӣ, дӯст доштани Ватани азиз, баланд бардоштани ҷаҳони маънавии худ, ташаккули ақлу дониши побарҷо зарур аст. «Агар чи қадар худшиносии мо боло гирад, зиндагии мо ҳамон қадар хубтару беҳтар мегардад», – гуфта буд Карл Маркс.
Оре, баландравии худшиносии миллӣ яке аз омилҳоест, ки ваҳдати миллиро пурра мегардонад. Тавассути худшиносӣ ва худогоҳӣ мо метавонем ваҳдати миллиамонро на танҳо ҳифз намоем, балки такмил дода, ҳамчун намунаи беҳтарини ҳамдигарфаҳмию шаҳодати дӯстии сокинони гуногунмиллати Тоҷикистони азизамон ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва дар абадияти он, ки ҷаҳониён ин амали моро дар кишварҳои худ роҳандозӣ намуда истодаанд, ҳиссагузор бошем.
Вазифаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ, алалхусус ҷавонон, ки онҳоро Сарвари кишварамон неруи тавоно ва созанда номидааст, расидан ба қадру қиммати ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз тантанаи Ваҳдати миллӣ аст, ки ҷавонони кишварамон дар фазои сулҳу оромӣ кору фаъолият ва озодона таҳсил намуда истодаанд. Ҳар шахсе, ки худшинос асту ҳувияти миллии баланд дорад, барои абадияти Ваҳдати миллӣ ва пойдории истиқлолияти бадастомада тамоми имконият, ақлу дониш ва неруи худро дареғ намедорад ва тантанаи онро чун гавҳараки чашм нигоҳбонӣ мекунад.
Барои таҳким бахшидан ба абадияти Ваҳдати миллӣ мо, кулли шаҳрвандони ҷомеа, масъулем. Мо, алалхусус ҷавонон, вазифадорем, ки ба таблиғоти бадхоҳони миллати шарафманди тоҷик фирефта нашуда, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедордилу солимфикр буда, муҳофизу парчамбардори Ватани худ дар роҳи абадияти миллӣ бошем.
Ваҳдати миллии бадастовардаи мо дуррест, ки тавассути заҳмату ҷидду ҷаҳд ва саъю талошҳои дурудароз суфта гардидааст. Ҳифзу нигоҳдории он вазифаи ҳар яки мо, шаҳрвандони солимақли ҷумҳурӣ мебошад.
Сафарализода Абдуҷаббори Сафаралӣ, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ