,
Ҷумъа, 19-июн
“Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи кунунии миллатамонро аз ҳар самте, ки нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳқиқи он руҷӯъ намоем, бо касби истиқлолияти мамлакат пайваст мегардад. Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшидааст. Воқеан ҳам, Истиқлолият ва озодӣ барои ҳар як халқу миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва эҳёи фарҳангу тамаддуни гузаштаи он ба ҳисоб меравад.
Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуқуъ омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор фароҳам овард. Тантанаи соҳибихтиёрии давлатӣ ба мардуми тоҷик дар масири таърих бори дигар имкон дод, ки баъд аз қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шуруъ намояд.
Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши калидӣ ва пурарзиш дорад. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар таърихи миллат рӯйдодҳое ба вуқуъ омадаанд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда ва созанда доранд. Чун саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик дар охири асри гузашта, ин ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расида, мужда ва паёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳ дар сарзамини тозаистиқлоли тоҷикон.
Ваҳдати миллӣ мафҳумест, ки дар он пеш аз ҳама натиҷаҳои амали ҳуқуқию сиёсӣ, психологӣ ва сиёсати пурсамару созандаи дохилии миллӣ ҳамчун раванди инкишофёбандаи амали муштараки бомуваффақияти қувваҳои гуногуни миллӣ-этникӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ҳудуди як давлати муайян ифода меёбад. Ваҳдати миллӣ натиҷаи воқеии инкишофи мусбати равандҳои оштии миллӣ мебошад.
Имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро баъди сар задани муқовимати мусаллаҳонаи қувваҳои сиёсӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, фаҳмиданд, ки ҷанг роҳи ҳалли мушкилашон нест, балки наҷоти миллату кишвар дар сулҳу ваҳдат ва дар ҳамдигарфаҳмию якпорчагии давлат аст. Дар ҳамон давраи ҳассос ва ноором бо азму талошҳои фарзонафарзандони миллат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва воқеан ҳам таърихӣ қабул, тасдиқ ва давра ба давра амалӣ шудан гирифт.
Чунончи Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд гуфтааст: “Ман дидам чи гуна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷон ба кафи даст, зери тиру тӯп ба Афғонистон омад. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Бояд атрофи ӯ муттаҳид шуд ва манзалаташро гиромӣ дошт. Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар он буд, ки чунин роҳбари ғамхор надоштем...”
Дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватанпарастонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳал намудани муноқишаҳои тарафайн пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, фирориён ба Ватан баргардонида шуданд, давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат берун оварда шуд ва мо ба марҳилаи кунунии сулҳу субот расидем.
Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонид, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт. Устуворшавии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо тамоми нишонаву механизм ва ниҳодҳояш, ҷоннокшавии фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ, афзудани теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар васоити ахбори омма шаҳодати онанд, ки ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд дар роҳи бебозгашт қарор дорад.
Оре, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ буд, ки душвориҳо ва монеаҳо дар саросари кишвари мо паси сар шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ намуд ва мамлакат аз ҳар лиҳоз ба ҳамаи самтҳо ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид гардид. Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро кишваре, ки сулҳу осоиш ва ҳамбастагӣ дорад, бегазанд буда, давлат дар тараққиёт ва пешравии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар комёб аст.
Ҳар гоҳе дар анҷумане ё маҳфиле сухан дар боби замина ва омилҳои сулҳи сарнавиштсоз меравад, андешаҳо гуногун мешаванд, ҳар касе кӯшиш мекунад, ки воқеияту ҳақиқатеро ошкор ё пардапӯш баён намояд. Вази воқеият ин аст, ки Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.
Вақте ки сухан дар бораи ваҳдат меравад, оиди дарк ва фаҳмиши ин ибора ба сари ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ савол ба миён меояд, ки ваҳдат чист? Ваҳдат ин - сулҳ, ҳамдилӣ, иттиҳод, сарфарозӣ, хушбахтӣ, пешравӣ, комёбӣ, саодати зиндагӣ, сарҷамъӣ, ягонагӣ, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист.
Бо гузашти солҳо моҳияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимату арзиши сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти миллии ҷомеа мо тавонистем пеш аз ҳама истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.
Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон ва ҳастии аҳли башар аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони бурунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр созмонҳои байналмилаливу минтақавии ҷаҳон гардидааст. Имрӯз бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии якдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста мешавад.
Асосгузори ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтанд: “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдаткун чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободию пешрафти он ҷаҳду талош намояд”. Дар пайравӣ аз ин суханҳои Пешвои миллат, мо бояд бо тамоми ҳастӣ аз ҷону дил ин неъмати бузурги Илоҳиро муқаддас дониста, ҳифз намоем.
Ҳайдарализода Қурбоналӣ Ҳайдаралӣ, докторанти (PhD) аз рӯйи ихтисоси таърихи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ