,
Ҷумъа, 19-июн
Дар ҷомеаи мутамаддин моҳияти қонун танҳо воситаи ҷазо набуда, балки он воситаи ҳифзи инсон ва ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳамзамон фароҳам овардани имконият бобати ислоҳ маҳсуб меёбад. Давлату Ҳукумати кишвар низ дар сиёсати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии худ дар баробари риояи қатъии қонун ба арзишҳои гуманистию раъиятпарварӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода, яке аз намунаҳои асили ин муносибат пешниҳод ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба ҳисоб меравад.
Фаҳмишҳои умумибашарӣ, авфро ҳамчун сабук кардани ҷазо, ё озод кардани гурӯҳи муайян аз адои ҷазоро ифода мекунанд, аммо дар асл маънои воқеии он хело амиқ аст. Мусаллам аст, ки дар асл мафҳуми авф ин пеш аз ҳама эҳтирому эътимоди давлат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътимод ба инсон, имконияти дубора ҷиҳати ислоҳ ва ворид шудани ӯ ба зиндагии ҷадиди иҷтимоиро ифода мекунад.
Бояд гуфт, ки танҳо бо сахтгирӣ, бо ҷазо наметавон ҷомеаи солимро бунёд кард. Дар баробари талабот ба риояи қатъии қонун муҳити иҷтимоӣ бояд имкони ислоҳ ва тағйири роҳи зиндагиро бо диди нав таъмин намояд. Зеро мушоҳидаҳо собит карданд, на ҳар шахсе, ки ба хатогӣ роҳ додааст, барои ҳамешагӣ аз ҷомеа барканор мешавад, барои аксари онҳо як имконияти дигар метавонад, ибтидои як роҳи ҷадид, як зиндагии созанда гардад.
Дар ҳамин замина сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба масъалаи инсондӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътимод ба халқ, таъмини амният ва осоиштагии зиндагии мардум ва ғайра таваҷҷуҳи махсус равона менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста иброз медоранд, ки давлату ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини зиндагии осоиштаи мардум аҳамияти махсус зоҳир менамояд.
Мақсад аз пешниҳод ва қабули чунин қонуну қарорҳо танҳо сабук кардани ҷазо набуда, балки ба инсон додани имконият бобати ислоҳ, эҳёи масъулиятшиносӣ ва бозгашт ба зиндагии ҷадиду созанда мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аҳамияти иҷтимоӣ дошта, бозгашти инсон ба муҳити оилавӣ, эҳёи муносибатҳои иҷтимоӣ ва пайдо намудани имконоти ҷадиди зиндагӣ ба устувории ҷомеа таъсири мусбати худро хоҳад расонид. Месазад дарҷ кард, ки ин имконият аз инсон ва шаҳрванд масъулияти бештарро низ талаб мекунад.
Шахсе, ки аз чунин тадбири инсондӯстона истифода мекунад, бояд дарк созад, ки давлат ва ҷомеа ба ӯ эътимод нишон додаанд. Ин эътимод бояд бо меҳнати соф, риояи қатъии қонун барои минбаъд ва муносибати пурмасъул нисбат ба ҷомеа ва давлат ҷавоб бояд дода шавад.
Имрӯз дар шароите, ки ҷаҳон ба масъалаи ҳукуқи инсон ва арзишҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи бештар дорад, давлату ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва инсонмеҳварро идома медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” яке аз намунаҳои ҳамин сиёсат аст. Сиёсате, ки дар маркази он инсон, эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ ва эътимод ба қудрати ислоҳи фард қарор дорад. Зеро ҷомеаи пешрафта танҳо бо қонун не, балки бо адолат, гуманизм ва боварӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд хоҳад шуд.
Убайдуллои Абдусамад, ассистенти кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ