,
Ҷумъа, 19-июн
Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як намунаи равшани сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи роҳбарияти давлат нисбат ба шаҳрвандон мебошад.
Тибқи Қонуни мазкур авф нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар татбиқ гардида, беш аз 11 ҳазор нафар аз адои ҷазо озод ва ё аз намудҳои гуногуни ҷазо раҳо мешаванд. Ҳамчунин муҳлати ҷазои ҳазорон нафари дигар кам карда мешавад.
Ин иқдоми башардӯстона дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бори дигар аз фарҳанги баланди инсонпарварӣ, раҳму шафқат ва адолатпарварии Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Авф на танҳо имкони бозгашт ба ҳаёти осоишта барои ҳазорон нафар аст, балки ба таҳкими оилаҳо, тарбияи дубораи шаҳрвандон ва пойдории суботи ҷомеа мусоидат менамояд.
Мардуми Тоҷикистон ин иқдоми наҷибро ҳамчун рамзи меҳру ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии давлат ба сарнавишти шаҳрвандон истиқбол намуда, онро нишонаи олии арзишҳои инсонӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ мекунанд.
Шарифзода Одинамо Пирназар-муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ