, Сешанбе, 09-июн

ТАРБИЯИ СОЛИМИ ҶОМЕА-ОМИЛИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ


ТАРБИЯИ СОЛИМИ ҶОМЕА-ОМИЛИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

«Чунин як падидаи манфӣ, ҳамчунон коррупсия, дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳаматарафа омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва ба поён овардани шиддати он сафарбар созем».

Эмомалӣ Раҳмон

Таълиму тарбия яке аз омилҳои муҳими рушди руҳиву равонии инсон ба ҳисоб рафта, он дар заминаи ҳамкории се ниҳоди иҷтимоӣ - оила, мактаб ва ҷомеа ташаккул ва инкишоф меёбад. Инкишоф ва ташаккули шахсият бо фаъолияти муназзами ин ниҳодҳо вобастагии зич дошта, дар ҳолати дуруст амал накардани яке аз онҳо эҳтимоли ба роҳи нодуруст рафтани шахс зиёд мегардад.

Инсон дар оила тарбия ёфта, дар мактаб, ҷомеа ва муҳити иҷтимоӣ ба камол мерасад. Ӯ пайваста муҳити оиларо меомӯзад, рафтору гуфтори падару модарро намунаи ибрат дониста, муносибати онҳоро ба ҳаёти оилавӣ мушоҳида менамояд ва аз он хулоса мебарорад.

Шахс ташаккули худро дар заминаи зиндагии оилаи хеш роҳандозӣ мекунад. Аз ин рӯ, падару модарон бояд аз овони кӯдакӣ дар замири фарзандон меҳру муҳаббати инсонӣ, ҳисси инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, зебоипарастӣ, фарҳанги экологӣ ва дигар арзишҳои маънавиро ҷой намоянд, зеро ояндаи онҳо аз ҳамин заминаҳо вобастагӣ дорад.

Дар осору афкори мутафаккирони гузаштаву муосири миллати тоҷик масъалаи тарбияи солими ҷомеа ҷойгоҳи марказӣ дорад. Вақте инсон аз хурдӣ тарбияи дурусту солим мегирад, ҳамеша баҳри ободии Ватан, сарҷамъии мардум, дӯстиву рафоқат ва меҳру шафқат нисбат ба ҳамватанони худ омода мебошад. Шахсе, ки ҳамчун инсони комил ташаккул меёбад, пайваста кӯшиш менамояд, ки манфиатҳои миллату Ватани худро ҳимоя намуда, барои дигарон намунаи ибрат бошад. Албатта, чунин афрод дорои сифатҳои баланди инсонӣ буда, хислатҳои номатлуб, аз ҷумла бадӣ, ҳасудӣ, бахилӣ, тамаъкорӣ ва дигар амалҳои зиштро маҳкум менамоянд.

Имрӯзҳо дар ҷомеа яке аз падидаҳои номатлуб - коррупсия ба мушоҳида мерасад. Ин зуҳуроти хатарнок бояд ҳарчи зудтар аз миёни ҷомеа решакан карда шавад, зеро он ба ҳар як узви ҷомеа зарару хатар мерасонад. Инсон бояд ҷаҳонбинии худро дар рӯҳияи муқовимат ба коррупсия ташаккул диҳад, зеро ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ яке аз омилҳои муҳими рушди тафаккури солим ба шумор меравад. Чунин ҷаҳонбинӣ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиро дар бар мегирад.

Коррупсия вожаи лотинӣ буда, маънои ришва, ришваситонӣ ва худфурӯширо дорад. Ин мафҳум, аз як тараф, бештар ба фаъолияти ғайриқонунии баъзе мансабдорон ва шахсони вазифадор вобаста аст, ки ба манфиати шахсӣ ва ғанигардонии ғайриқонунии онҳо хизмат мекунад. Аз ҷониби дигар, он натиҷаи паст будани маърифату фарҳанги ҳуқуқӣ ва набудани тарбияи дуруст дар баъзе афрод мебошад. Инсони тарбиядида, ватандӯст ва ахлоқан комил ҳеҷ гоҳ ояндаи худро бо чунин амалҳои нангин доғдор намесозад. Ӯ ҳамеша иззату эҳтироми давлат, миллат, оила ва хонаводаи худро дар мадди аввал гузошта, на танҳо аз чунин амалҳо худдорӣ мекунад, балки бар зидди онҳо мубориза мебарад.

Дар ин замина, субъектҳои вобастаи коррупсия низ мавҷуданд, ки ба онҳо «коррумпер» (шахси порадиҳанда) ва «коррупсионер» (шахси порагир), инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мансабдорон, миёнаравон ва дигар иштирокчиёни чунин муносибатҳои ғайриқонунӣ дохил мешаванд.

Дар воқеъ, инсон бунёдгузори зиндагӣ ва пешбарандаи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ӯ мубориза бар зидди коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда аст. Ҳар як фарди ҷомеа бояд барои аз байн бурдани ин падидаи нафратовар саҳмгузор бошад, зеро коррупсия доғи ҷомеа буда, ба рушди давлат, иқтисод ва сатҳи маънавии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Назаров Ҳотам-дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат