, Сешанбе, 09-июн

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-САМАРАИ ХИРАД ВА ҶАСОРАТИ ПЕШВО


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-САМАРАИ ХИРАД ВА ҶАСОРАТИ ПЕШВО

«Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд. Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардондани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдодҳое ҳастанд, ки сарнавишти миллат ва ояндаи кишварро муайян намудаанд. Дар радифи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хос дошта, ҳамчун рамзи пойдории давлат, ягонагии миллат ва омили асосии рушди устувори ҷомеа эътироф гардидааст.

Имрӯз, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва созандагӣ зиндагӣ мекунад, аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ боз ҳам равшантар эҳсос мегардад. Аммо ин неъмати бузург ба осонӣ ба даст наомадааст. Он маҳсули хиради сиёсӣ, иродаи матин, фидокориҳои бемисл ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Барои дарки воқеии арзиши сулҳу ваҳдат бояд ба оғози солҳои навадуми асри гузашта назар афканем. Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Низоъҳои дохилӣ ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ халали ҷиддӣ расонида, иқтисодиёт фалаҷ гардида, ҳазорон шаҳрвандон тарки манзил намуда буданд. Хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Дар чунин шароити ҳассосу тақдирсоз моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардида, зимни суханронии худ ба мардум ваъдаи таърихӣ доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам! То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам ва то халқамро муттаҳид накунам, худро ором ҳис намекунам!»

Ин суханон танҳо як шиори сиёсӣ набуданд. Онҳо барномаи амал ва рисолати бузурги таърихие буданд, ки минбаъд бо ҷоннисорӣ ва талошҳои шабонарӯзӣ амалӣ гардиданд.

Солҳои 1994-1997 барои Тоҷикистон марҳилаи бисёр ҳассос ва тақдирсоз буданд. Дар ин давра раванди музокироти сулҳ идома дошт ва Пешвои миллат барои расидан ба созиш ва барқарор намудани сулҳи пойдор сафарҳои сершумор анҷом дода, бо намояндагони ҷонибҳои мухталиф мулоқотҳо баргузор намуданд. Музокирот дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Покистон ва Русия ҷараён гирифта, аз роҳбарияти давлат матонат, сабру таҳаммул ва масъулияти бузурги сиёсиро тақозо мекард.

Маҳз ба шарофати чунин сиёсати хирадмандона ва иродаи қавӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади муҳими таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт.

Баъди барқарор шудани сулҳу субот Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Дар фазои оромӣ имконият фароҳам омад, ки ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян ва амалӣ гарданд. Дар натиҷаи сиёсати созанда ва дастгирии мардум кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, даҳҳо нақбу роҳҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз ҷумла бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун, ба таҳкими истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуд. Раванди саноатикунонии мамлакат вусъат гирифта, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ суръати тоза касб кард.

Самараҳои Ваҳдати миллӣ танҳо дар пешрафти иқтисодӣ маҳдуд намешаванд. Ин падида ба эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Имрӯз осори гаронбаҳои ниёгон омӯзиш ва тарғиб гардида, муассисаҳои илмиву фарҳангӣ рушд мекунанд ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст.

Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва буҳронҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи Ваҳдати миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, рисолати ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон ва аҳли зиё, аз он иборат аст, ки ин дастоварди таърихиро ҳамчун арзиши муқаддас ҳифз намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Таҷрибаи таърихии се даҳсолаи охир собит намуд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳи тоҷикон бошанд, имрӯз ҳамчун ҳомӣ ва кафили Ваҳдати миллӣ низ нақши муассир доранд. Сиёсати дурандешона ва созандаи Пешвои миллат омили муҳими ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва пешрафти устувори ҷомеа мебошад.

Бинобар ин, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки рисолати муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад. Зеро маҳз Ваҳдат пояи асосии давлатдории миллӣ, кафили рушди устувор ва рамзи фардои дурахшони Тоҷикистони азизи мост.

Иброҳимов Бобоҷон Абдурасулович, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат