, Сешанбе, 09-июн

ҶАҲОНИШАВӢ ВА ТАҲДИДҲОИ МУОСИР


ҶАҲОНИШАВӢ ВА ТАҲДИДҲОИ МУОСИР

Ҷаҳонишавӣ як раванди мураккаб ва бисёрҷабҳа мебошад, ки дар канори тамоми дастовардҳои илмӣ-технологӣ ва иқтисодӣ, як қатор хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумлаи ин таҳдидҳо афзоиши ҳаракатҳои тундрави ҷинояткории трансмиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ғайра мебошанд.

Яке аз хатарҳои ба ҳаёти инсоният таҳдидкунанда хатари терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Масоили марбут ба терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғ ва ташвишовар ба ҳисоб меравад. Ин падидаи номатлуб на танҳо ба амнияти як давлат, балки ба суботу оромии тамоми башарият таҳдид менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон фаъолона талош мекунад ва барои таъмини суботу амнияти дохилӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳо меандешад.

Мафҳуми терроризм ва ифротгароӣ дар адабиёти илмӣ бо мазмунҳои мухталиф шарҳ дода шудааст:

  • Ифротгароӣ - ифодаи мафкура ва фаъолияти ифротие мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.
  • Терроризм - ҷузъи идеологии ифротгароӣ ва марҳилаи ниҳоии он маҳсуб ёфта, истифодаи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ мебошад.

Терроризм ва фаъолияти террористӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» муфассал муайян карда шудааст. Терроризм мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ мебошад, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд аст. Фаъолияти террористӣ ин истифодаи зӯроварӣ, тарсу ҳарос ва фишори равонӣ барои расидан ба ҳадафҳои муайяни сиёсӣ, идеологӣ ё динӣ мебошад, ки бо чунин унсурҳо асос ёфтааст:

  • эҷоди фазои нобоварӣ ва хавфу хатар;
  • ба воситаи қатли ом тарсонидани аҳолӣ;
  • паҳн кардани ақидаҳои бунёдие, ки таҳаммулпазириро рад мекунанд.

Қурбониёни терроризм аксаран одамони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон мебошанд. Ба ғайр аз талафоти ҷонӣ, ҷомеа дучори шиканҷаи равонӣ гашта, дар натиҷаи эҷоди тарс ва эҳсоси ноамнӣ боиси стресси дастаҷамъӣ мегардад.

Хатарҳои асосии ифротгароӣ ва терроризм ба манфиатҳои ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонанд, ки бузургтарин хатар ин таҳдид ба ҳаёти инсон аст. Терроризм мардуми бегуноҳро ҳадаф қарор дода, дар ҷомеа ҳисси тарсу ноумедиро ба вуҷуд меорад. Таркишҳо ва амалҳои террористӣ биноҳо, пулҳо ва корхонаҳоро нест карда, ба коҳиши сармоягузорӣ таъсири ниҳоят хатарнок мерасонанд. Имрӯз метавон мушоҳида намуд, ки дар давлатҳои ноором сармоягузорӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад. Илова бар ин, давлатҳои ба гирдоби ифротгароӣ ва терроризм гирифторшуда аксари маблағу даромади худро ба соҳаи амният сарф намуда, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, тандурустӣ ва маорифро коҳиш медиҳанд, ки ин ба ҳаёти давлат ва шаҳрвандон хавфи калон эҷод менамояд.

Яке аз оқибатҳои бисёр бади ифротгароӣ ва терроризм ин тафриқаандозӣ дар байни ҷомеа ба шумор рафта, он боиси низоъҳои дохилӣ мегардад. Он одамонро аз рӯйи нишони динӣ, мазҳабӣ ё миллӣ ба гурӯҳҳо ҷудо карда, ваҳдати миллиро аз байн мебарад. Дар солҳои 90-уми асри ХХ, новобаста аз авлавияти асосии ислоҳоти мактабӣ, ки ҷорӣ намудани характери башардӯстии таълим ва арзишҳои умумиинсонӣ ва озодӣ дар таълимро пешбинӣ мекард ва ивазшавии сохтори сиёсии мамлакат ба он мусоидат намуд, арзишҳои ватандӯстӣ аз ҷониби гурӯҳҳои қатъикори чапу рост ба монополияҳои худ табдил дода шуданд. Ҳамчунин дар ин давраи дигаргуншавии фазои сиёсӣ ва оқибатҳои ноустувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, як қисми ҷавонон аз фазои сиёсии мамлакат дур монданд.

Даҳшати чунин амалҳоро дар солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон, ки нав ба истиқлолият расида буд, дидем ва онро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Лекин, дар миқёси сайёра, мутаассифона, доираҳои муайян тайи даҳсолаҳои охир тавассути сиёсӣ сохтани дини сулҳхоҳи ислом лоиҳаву нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла мамлакатҳои дар гузашта оромро ба вартаи ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок ва ҳатто нобудии низоми давлатдорӣ расонда истодаанд. Тайи солҳои охир зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ ва амалҳои экстремистӣ қарор гирифта, шумораи ҳалокшудагон бар асари чунин аъмоли харобиовар ба садҳо ҳазор нафар ва зарари моддии он ба садҳо миллиард доллар расидааст.

Дар баробари ин, нушидани машрубот метавонад омили коҳиши баҳра бурдан аз таълим, осебпазирӣ дар ҳодисаҳои маҳалли кор, таъхир ҷиҳати сари вақт ҳозир шудан ба кор, пеш аз муҳлат даст кашидан аз кор ва уҳдадориҳо, доштани амалҳои зери сатҳи интизор ва муоширати ғайриқобили қабул бо ҳамкорон гардад.

Яке аз падидаҳои номатлуб, ки бояд ба таври қатъӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, ин дар миёни ҷавонон паҳн гардидани нашъамандӣ ва майзадагӣ ба шумор меравад. Падидаи мазкур ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ ба бор оварда, дар самти пешравии фарҳанги ҷомеа монеа эҷод менамояд ва аз сӯйи дигар, ба ноустувории ҷисмонӣ оварда мерасонад. Нашъамандӣ ва майзадагӣ ба оқибатҳои тиббию иҷтимоӣ ва афзоиши шумораи беморони истеъмолкунандаи маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ гардидааст, ки шумораи чунин шахсон дар миёни ҷавонони синни то даъвати ҳарбӣ низ ба мушоҳида мерасад.

То соли 1997 масъалаи нашъамандии героинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он қадар ташвишовар набуд ва дар он солҳо танҳо ҳолатҳои истеъмоли афюн ва бангдона ҷой доштанд. Соли 1997 бори аввал 57 ҳодисаи нашъамандии героинӣ дар муассисаҳои наркологӣ ба қайд гирифта шуда, соли 2012 дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 7117 нафар беморони нашъаманд ба рӯйхат гирифта шудаанд. Ҳамасола аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳо андӯхта мешаванд. Охирин барномаи қабулгардида барои дурнамо ин «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» мебошад, ки дар ин ҳуҷҷат 43 номгӯйи чорабиниҳо дарҷ гардидаанд ва дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бояд саҳми худро гузоранд.

Мақсад аз таҳлилу баррасии гаравидани ҷавонон ба истилои шароб ва маводҳои зараровар аз он иборат аст, ки он пеш аз ҳама метавонад дар организми шахс муддати тӯлонӣ боқӣ монад. Заҳролудшавии шадид аз машруботи спиртӣ, ки маъмулан аз дигар маводҳо дида дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа роиҷ аст, бо якчанд аломатҳо ба шахс таъсири манфӣ мерасонад.

Қобили зикр аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ мубориза барои захираҳои ашёи хом ва қудратталабӣ падидаи қадимии байналмилалист, вале дар шароити маҳдудшавии босуръати захираҳои табиӣ, рақобати шадиди иқтисодӣ ва имконияти амалан номаҳдуди техникӣ, ҳамчунин мубориза барои дастёбӣ ба захираҳои стратегӣ ва назорати минтақаҳои дорои аҳамияти ҳаётӣ ва иқтисодӣ суръат хоҳад гирифт.

Мубориза бо паёмадҳои ҷаҳонишавӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеа аст, ки метавонад ба чунин чорабиниҳо асос ёбад:

  1. Баланд бардоштани маърифати умумӣ: Танҳо илму дониш метавонад садди роҳи ақидаҳои ифротӣ гардад. Имрӯз бештар дар зери таъсири фарҳанги умумӣ, соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар мадди аввал гузошта шудааст.
  2. Баланд бардоштани зиракии сиёсӣ: Асри XXI ҷомеаро аз саноат ба иттилоот гузаронида, хавфи тарғиби фарҳангу ақидаҳои бегонаро ба ҷомеаҳои мухталифи халқияту миллат ва давлатҳои ҷаҳон таҳвил намуд. Мо бояд дар фазои маҷозӣ (интернет) ва шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошем ва аз таблиғоти дурӯғин ва таҳмили он ба насли ҷавон чораҷӯӣ намоем.
  3. Тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ: Дӯст доштани Ватан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ беҳтарин сипар бар зидди идеологияҳои бегона аст.

Ҳамин тариқ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳонишавӣ аз қабили ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва бемориҳои сироятиро наметавон ба ин ё он миллат марбут донист. Ин гуна падидаҳои номатлуб душмани тамоми инсоният ва ҳифзи сулҳу суботи кишварҳо буда, омили аз байн рафтани рушди ояндаи давлату миллат мегарданд.

Собирзода Сайёд - муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат