, Чоршанбе, 03-июн

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЗЕҲНУ ИРОДАИ ҶАВОНОН ОҒОЗ МЕЁБАД


ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЗЕҲНУ ИРОДАИ ҶАВОНОН ОҒОЗ МЕЁБАД

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад, њамчун рамзи зафар, ҷасорат ва ифтихори насли созандаю устувори даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аз аввалин рузҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар як давраи ниҳоят ҳассоси тарихии кишвар, ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок, калидӣ ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва эълон гардид. Маҳз дар ҳамон солҳои аввали пурфоҷиа ва мураккаби сохти давлатдорӣ, кишвари мо аз ҷумлаи аввалинҳо шуда дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки ин гувоҳи таваҷҷуҳи хосси роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба ин қишри ҷомеаи кишварамон мебошад. Ин сиёсати созанда дар давоми даҳсолаҳо нишон дод, ки сармоягузорӣ ба инсон, хусусан ба насли ҷавон, устувортарин пойдеворест, ки метавонад суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлатро таъмин созад.

Дар ин замина, сохтани низоми устувори ҳуқуқӣ, қабули барномаҳои мутамаркази давлатӣ ва фароҳам овардани имконияти бесобиқаи сохторӣ шароити мусоидеро пеш овард, ки ҷавонони мо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона доранд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки намояндагони насли ҷавон дар мақомоти идоракунии давлатӣ, сохторҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва бахшҳои калидии иқтисодӣ бо як масъулияти баланд кору фаъолият доранд. Муҳимтар аз ҳама, самтҳои фаъолияти онҳо то ба қуллаҳои илмҳои дақиқ, технологияҳои муосири иттилоотӣ ва инноватсияҳои глобалӣ расидааст, ки ин рақобатпазирии халқи тоҷикро дар замони ҷаҳонишавӣ устувор мегардонад.

Дар ин замина, зикр кардан ба маврид аст, ки таҷрибаи кории пайваста ва бемайлон дар соҳаи ҷавонон, махсусан аз замони роҳбарии созмони ҷавонони донишгоҳ, давраи фаъолият дар бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ва фаъолият дар сохторҳои роҳбарикунанда, ки дар он аксаран ҷавонон ба кор ва омӯзиш ҷалб гардидаанд, ба ман имкон медиҳад, ки оид ба давраи рушд ва вазъи  кунунии ҷавонон фикру андешаи хешро баён созам. Воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар як мактаби бузурги обутоб, суфташавӣ ва ташаккули насли нав, махсусан ҷавонон гардидааст. Дар раванди фаъолият шоҳиди он будам, ки чӣ тавр як донишҷӯи оддӣ, як нафаре, ки дар деҳаи хурдакаки Ватан таҳсил кардааст, дар партави ин имконият, тавассути ҷалб шудан ба корҳои ҷамъиятиву марказҳои фарҳангӣ, маҳорати роҳбарӣ, тафаккури интиқодӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандиро меомӯзад. Дар воқеъ имрӯзҳо сиёсати давлатии ҷавонон маҳз ҳамон заминаи муътамадест, ки аз як ҷавони серғайрату лаёқатманд, мутахассиси сатҳи баланд, коршиноси соҳа ва сиёсатмадори ватандӯсти ояндаро тарбия карда, ба воя мерасонад. Чунин мисол ҳазорҳо овардан мумкин аст. Вақте ки ҷавонон худро ҳамчун бахши муҳими равандҳои давлатсозӣ эҳсос мекунанд ва дар ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд, пайванди маънавии онҳо бо хоки ин Ватан устувору пойдор мешавад.

МАКТАБИ ҶАСОРАТ ВА ХИРАД

Дар маркази ҳамаи ин дастовардҳои оламшумул, зафарҳои беназир ва таваҷҷуҳи бесобиқаву ғамхориҳои ҳамарӯза ба насли ҷавони кишвар, нақши тақдирсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ, дар шароите, ки кишвар оғуштаи мушкилоти сангини сиёсӣ, иҷтимову иқтисодӣ буд, ба неруи ҷавонон такя намуда, онҳоро ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ва созандагони Тоҷикистони муосир шинохтанд. Бо боварии комил, эътимоди қавӣ ва нигоҳи дурбини стратегии худ, ҷавононро борҳо аз минбарҳои баланд «ояндаи давлат ва миллат», «нерӯи пешбарандаи ҷомеа» эълон доштанд. Таваҷҷуҳи бевситаи Сарвари давлат барои ҳар як ҷавони кишвар на танҳо як ифтихори бузург, балки масъулияти вазифавию шаҳрвандиро дар назди Ватан ва таърих дучанд мегардонад. Вақте Роҳбари давлат ба ҷавонон ингуна эътимод мебахшанд, дар вуҷуди онҳо ҳисси ҷасорат ва хоҳиши саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ба маротиб зиёд мешавад. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавонистааст, ки дар тӯли се даҳсола насли комилан навро тарбия кунад, ки дорои тафаккури озод, руҳияи шикастнопазир ва ватандӯсти ҳақиқӣ бошанд.

Дар ин раванд, таъсиси квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал барои духтарон ва сипас барои писарони ноҳияҳои дурдаст, стипендияҳои Президентӣ барои хонандагону донишҷӯён, ҷоизаҳо барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника ва дастгирии доимии ташаббусҳои созандаи насли нав, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат амалӣ мешаванд. Аз тадбирҳои мазкур маълум мегардад, ки давлат барои ҳар як ҷавони дорои истеъдод ва лаёқат тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст.

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

Имрӯз, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии фазои геополитикии ҷаҳон ва бархӯрди шадиди манфиатҳои қудратҳои бузург, масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон на танҳо як вазифаи оддии омӯзишӣ, балки ба як масъалаи ҳаётан муҳим, стратегӣ ва амниятии давлатӣ табдил ёфтааст. Фарҳанги ҷаҳонишавӣ дар баробари имкониятҳо, таҳдидҳои ниҳонеро ба мисли бегонапарастӣ, аз байн бурдани арзишҳои миллӣ ва коҳиш додани ҳисси ҳувияти миллию таърихӣ ба ҳамроҳ дорад. Дар чунин вазъият, ягона сипари боэътимод, ки метавонад насли ҷавонро аз гирдоби воқеаҳои харобкор ҳифз намояд, ин ташаккул додани ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар зеҳну шуури онҳо мебошад. Ин омил пойдеворест, ки суботу оромӣ ва якпорчагии кишварро барои даҳсолаҳо кафолат медиҳад.

Зикр кардан зарур аст, ки ватандӯстии ҳақиқӣ танҳо бо шиорҳои хушку холӣ ва суханрониҳои баландгӯёна маҳдуд намешавад он як ниёзи ботинии инсон аст, ки бевосита дар амал, фаъолияти ҳамарӯза, ҳифзи устувори марзу буми муқаддаси кишвар ва эҳтироми самимӣ ба рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва забони давлатӣ зоҳир мегардад. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама, сидқан ва бо виҷдони пок хизмат кардан ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху заминаҳои фарҳангии ниёгон ва саҳмгузорӣ дар ободии як гӯшаи диёр аст. Ҷавоне, ки ватандӯсти воқеӣ аст, масъулияти шаҳрвандии худро амиқ дарк мекунад ва ҳар як заҳмати илмию касбии худро ба манфиати умумии ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи давлати худ равона месозад.

Вобаста ба ин, неруву эътиқод ва тарбияи дуруст дар он аст, ки ҷавони ватандӯст, хушзеҳн ва соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ фирефтаи идеологияҳои бегона, таблиғоти дурӯғини шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои харобкору экстремистӣ намешавад. Ӯ қодир аст, ки бо истифода аз тафаккури интиқодии худ сиёҳро аз сафед ҷудо кунад ва ҳадафҳои ғаразноки хоинони миллатро, ки мехоҳанд ҷавононро чун силоҳи сиёсӣ истифода баранд, барбод диҳад.

Насли ватандӯсти мо, хусусан ҷавонон имрӯз чун кӯҳи устувор дар ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон қарор доранд ва ин руҳияи шикастнопазир кафили асосии сулҳ, ваҳдат ва пешрафти устувори кишварамон мебошад.

Дар баробари ин, ҷиҳати боз ҳам зудтар расидан ба ҳадафҳои созанда, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар, рушди малакаҳои муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, амалӣ намудани пешниҳодҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад. Пешниҳодҳо аз рӯйи самтҳои асосии фаъолият чунин ироа мегарданд:

  1. БА ҶАВОНОНИ САОДАТМАНДИ КИШВАР:
  • Рӯ овардан ба «саводнокии дугона» (Рақамӣ ва Забонӣ): Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки дар асри XXI танҳо доштани дипломи маълумоти олӣ кофӣ нест ва вобаста ба ин, ҳар як ҷавон дар баробари ихтисоси асосии худ, ҳадди ақал маҳорати кор бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ду забони хориҷиро (англисӣ ва русиро дар сатҳи касбӣ) омӯзад;
  • Истифодаи мақсадноки фазои маҷозӣ: Вақти қиммати ҷавониро ба оворагардӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нагузаронида, бояд ба омӯзиши курсҳои онлайнии муосир, таҳияи стартапҳо ва омӯзишҳои дигари электронӣ равона созанд;
  • Фаъолнокии шаҳрвандӣ ва волонтёрӣ: Ҷавонон бояд аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва созмонҳои ҷавонон фаъол бошанд, зеро ин мактаби аввалини ташаккули маҳоратҳои тайёрӣ ба зинаҳои роҳбарӣ мебошад.
  1. БА СОХТОРҲОИ КОР БО ҶАВОНОН (Кумитаи кор бо ҷавонон, созмонҳои донишгоҳӣ ва шаҳрӣ):
  • Гузариш аз чорабиниҳои оммавии коғазӣ ба лоиҳаҳои амалии технологӣ: Сохторҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо ва донишгоҳҳо бештар ба ташкили «Ҳакатонҳо», маҳфилҳои киберамният, робототехника ва озмунҳои стартапҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд;
  • Таҳкими муборизаи идеологӣ дар фазои киберӣ: Сохторҳои ҷавонон бояд гурӯҳҳои махсуси волонтёрони рақамиро (кибер-волонтёрҳо) ташкил диҳанд, ки вазифаи онҳо тарғиби арзишҳои миллӣ ва рад кардани таблиғоти гурӯҳҳои харобкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ (TikTok, Telegram, Instagram) ва ғ. бошад;
  • Системаи «Устод-Шогирд» дар бахши идоракунӣ: Барои омода кардани кадрҳои роҳбарикунандаи оянда, зарур аст, ки ҷавонони фаъол ба таври амалӣ ба сохторҳои давлатӣ барои таҷрибаомӯзии дарозмуддат пайваст карда шаванд.
  1. БА ОМӮЗГОРОН ВА УСТОДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ:
  • Муосирсозии методҳои таълим тавассути ТИК: Устодон бояд усулҳои анъанавии куҳнашударо тарк карда, аз имкониятҳои муосири воситаҳои электронии таълим, мултимедиа, платформаҳои интерактивӣ ва усулҳои визуалӣ дар дарсҳо ба таври васеъ истифода баранд.
  • Ҳамгироии таълим ва илм: Омӯзгорон мавзуъҳои корҳои курсӣ ва дипломро дар самти ихтсосҳо на ба таври назариявӣ, балки дар шакли лоиҳаҳои амалӣ (масалан: сохтани як вебсайт, барнома ё ҳалли як мушкили техникии мушаххас) ба донишҷӯён вогузор кунанд.
  • Тарбияи ватандӯстӣ дар раванди дарс: Омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониши фаннӣ, балки роҳнамои маънавӣ аст. Ҳар як устод вазифадор аст, ки дар 5-10 дақиқаи аввали дарс аҳаммияти суботи сиёсӣ, ватандӯстӣ ва амнияти миллиро ба донишҷӯён фаҳмонад.
  1. БА ДОНИШГОҲҲО ВА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ:
  • Таъсиси технопаркҳо ва инкубаторҳои стартапӣ: Дар назди донишгоҳҳо бояд марказҳои махсуси тиҷоратикунонии илм ва дастгирии идеяҳои донишҷӯён сохта шаванд, то донишҷӯ тавонад ихтироот ё барномаи худро ба тиҷорат табдил диҳад.
  • Таҳияи таъминоти нави илмию методӣ барои ихтисосҳои муосир: Зарур аст, ки барномаҳои таълимӣ барои ихтисосҳои ТИК ва веб-дизайн ҳар сол вобаста ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ навину муосир карда шаванд ва китобҳои нави дарсӣ бо забони тоҷикӣ вобаста ба замони муосир интишор ёбанд.
  • Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ: Фароҳам овардани шароит барои табодули донишҷӯёну ё олимони ҷавон ба донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ, то ин ки таҷрибаи ҷаҳонии ТИК ва идоракунӣ ба муҳити таълимии ватанӣ ворид карда шавад.
  1. БА ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:
  • Идома ва васеъ кардани грантҳои давлатӣ барои лоиҳаҳои ТИК-и ҷавонон: Таъсиси фондҳои махсуси давлатӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои ҷавонон дар соҳаи зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва амнияти киберӣ.
  • Имтиёзҳои андозӣ барои ширкатҳои ТИК, ки ҷавононро ба кор мегиранд: Барои ҳавасманд кардани бозори меҳнат, ба ширкатҳои ватанӣ ва хориҷие, ки мутахассисони ҷавони соҳаи технологияро ба кор қабул мекунанд ва ё марказҳои омӯзишии ройгон месозанд, имтиёзҳои муайяни ҳуқуқию андозӣ дода шавад.
  • Ташаккули Стратегияи миллии «Амнияти киберии насли нав»: Қабули барномаҳои махсуси давлатӣ барои баланд бардоштани иммунитети иттилоотии ҷавонони кишвар дар баробари ҷангҳои гибридии муосир ва ҳифзи соҳибихтиёрии рақамии Тоҷикистон.

ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА МУТТАҲИДӢ

Бо кмоли эҳтиром ва иродатмандӣ ба тамоми ҷавонони саодатманди кишвар, донишҷӯёни серғайрат, аспирантону устодон ва олимони ҷавони Тоҷикистони азиз самимона муроҷиат намуда, онҳоро ба муттаҳидии комил, худогоҳии миллӣ ва илмомӯзии пайваста даъват менамоям. Ҳар яки мо бояд донем, ки сарбаландӣ ва соҳибэҳтиромии мо дар арсаи байналмилалӣ аз он вобаста аст, ки имрӯз дар партави имкониятҳои мавҷуда чӣ гуна заҳмат мекашем ва кадом арзишҳоро барои худ меҳвар қарор медиҳем. Хатми ҳар як марҳилаи таърихӣ ба дӯши мо вазифаҳои нав мегузорад ва посух ба ин муборизаҳо танҳо бо сарҷамъӣ ва дониши баланд муяссар мегардад.

Таъкид кардан зарур аст, ки имрӯз ба ҳеҷ ваҷҳ замони парокандагӣ, саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва вақтгузаронии беҳудаву беҳадаф дар шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ нест. Ҷаҳони муосир асри суръат, рақобат ва муборизаҳои шадиди зеҳнист. Соатҳои қимате, ки ҷавонони мо метавонанд барои омӯхтани як забони хориҷӣ, аз худ кардани барномаи нави компютерӣ ё мутолиаи китобҳои илмӣ-бадеӣ сарф кунанд, набояд қурбони бозиҳои виртуалӣ ва иттилооти пучу харобкори бегона гардад. Мо ҷавонон ва ё ҳар як тоҷикзабон вазифадорем, ки дар атрофи сиёсати созанда, бунёдкорона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш муттаҳид бошем ва суботу амнияти ин кишвари биҳиштосоро, ки бо баҳои ҷони ҳазорҳо ҷавонмардони ватандӯст ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ҳамчун ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ, ки сарвати гаронбаҳотарини мост, кафили ҳамаи муваффақияти оянда дониста бошем.

Инчунин таъкид кардан ба маврид аст, ки роҳи ягона ва қатъии рушду шукуфоии Тоҷикистони маҳбуби мо, ин рӯ овардани ҷиддӣ ва ҳамаҷониба ба илмҳои дақиқ, риёзӣ, технологияҳои муосири рақамӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русию англисӣ мебошад. Бе донистани забонҳо мо наметавонем ба заминаҳои илмии ҷаҳонӣ даст ёбем ва бе технологияҳо наметавонем иқтисодиёти рақобатпазири миллиро шакл диҳем. Вақти қиммат ва тиллоии давраи ҷавониро, ки дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад, танҳо ва танҳо ба сохтани ояндаи дурахшони худ, касбият ва таҳкими пойдевори давлати худ сарф кунед. Ҷавоне, ки соҳибилм ва соҳибкасб аст, барои худ, барои оилааш ва ҳам барои Ватанаш як ганҷи бебаҳост.

Аюбзода Сафар Аюб-дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат