,
Шанбе, 30-май
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Ин сафар на танҳо густариши муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя, балки оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Хитой дар даврони тағйирёбии босуръати ҷаҳон мебошад.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, то имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Дар равандҳои геополитикии ҷаҳони муосир тағйироти амиқи сиёсиву иқтисодӣ суръат гирифта, боиси дигаргуниҳои ҷиддӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мегарданд. Воқеаҳои даҳсолаҳои охири асри XXI баёнгари он аст, ки рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар давраи гузариш қарор дошта, низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ дар ҳоли рушду инкишоф амал мекунад.
Дар ин замина, дар пасманзари вазъияти мураккаби байналмилалӣ ҷолишҳо ва таҳдидҳои доимо тағйирёбанда дар ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти муносибатҳои Тоҷикистону Хитой объективона меафзояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсоягони хуб ва шарикони наздик буда, ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд. Аз ин рӯ Тоҷикистон ба рушд ва пешрафти ҳамкорӣ бо Хитой аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун кишвари қудратманди Осиё буда, бо ҳамсоягонаш робитаи зич дорад.
Махсусан, аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Хитой ва Тоҷикистон беш аз 30 сол сипарӣ шуд. Дар ин давра байни ин кишварҳо то имрӯз раванди пуршиддати ҳамкориҳои бисёрҷониба (сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, низомӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ғ.) ҷараён дорад.
Рушди муносибатҳо бо Хитой афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва давлат ин кишвари дӯстро ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ меҳисобад. Ҳамкории Тоҷикистон Хитой дар сатҳи олӣ ва заминаи таъсирбахши ҳуқуқӣ тавсиф карда мешавад.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Хитой дар оғози соли 1992 бо имзои изҳороти дахлдлори дуҷониба таъсис ёфтанд. Мувофиқи муқаррароти ин изҳорот ҳарду давлат ваъда доданд, ки муносибатҳои худро дар асоси дустӣ, эҳтироми тарафайн ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, баробарӣ, манфиатҳои тарафайн ва ҳамзистии осоишта ба роҳ мемонанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон Ҳукумати Хитойро ҳамчун мақомоти ягонаи қонунӣ дар Хитой эътироф кард ва пойгоҳи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Хитой то имрӯз идома ва такмил ёфта истодаанд.
Асоси ҳуқуқии муносибатҳои байни Тоҷикистону Хитойро зиёда аз 250 қарордод ва созишномаҳо дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой (Пекин 9 марти соли 1993). Инчунин соли 1999 байни Тоҷикистону Хитой Созишнома оид ба нақлиёти автомобилӣ ба имзо расид.
Дар соли 2008 байни ду кишвар 17 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расид. То моҳи январи соли 2009 шумораи умумии ҳуҷҷатҳои байни Тоҷикистону Хитой ба 118 адад расида буд.
Моҳи ноябри соли 2010 як Эъломияи муштаракро, ки мувофиқи он Хитой ва Тоҷикистон муносибатро дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин дар самти амният, аз ҷумла дар мубориза ба терроризм ва экстремизм амиқтар мекунанд ду кишвар ба имзо расониданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҳамтои чинии худ моҳи июни соли 2011 гуфта буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дӯстона бо Хитой манфиатдор аст ва Тоҷикистон ҳамеша муносибатҳо бо Хитойро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ меҳисобад.
Ҳамаи ин натиҷаҳои назаррас аз сафарҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой бармеоянд. Лаҳзаи муҳими сафари нав эътибори таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат аз ҷониби роҳбарияти олии Хитой буд. Роҳбарияти олии Хитой Пешвои миллатро дӯсти наздики худ медонад ва таъкид карданд, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлатдорӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Хитойро беш аз 250 санади дуҷониба ташкил медиҳанд. Бо иловаи 31 санади нав, ки дар доираи мулоқот ба имзо расиданд, метавон гуфт, ки имрӯз муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Хитой беш аз пеш дар ҳоли рушд ҳастанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки дӯстии ду кишвар бо санад, барнома, лоиҳа ва уҳдадориҳои мушаххас таҳким ёфта истодаанд.
Дар маҷмуъ, бояд тазаккур дод, ки эътимоди мутақобилаи сиёсӣ заминаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Хитой дар шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошад. Ҷонибҳо дастгирии тарафайнро дар масоили монанди соҳибихтиёрии давлатӣ, амният ва тамомияти арзӣ идома медиҳанд. Тоҷикистон ва Хитой муносибатҳои худро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар меҳисобанд. Онҳо дар доираи ду консепсияи ҳамкорӣ ва пешрафти Тоҷикистону Хитой муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии стратегиро рӯз то рӯз равнақу ривоҷ медиҳанд.
Мирзоев Некқадам, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ