,
Шанбе, 30-май
Фарҳанг омили муаррифгари таъриху тамаддун, тарзи зиндагӣ, адабиёту санъати ҳар як миллату халқият ба ҳисоб рафта, пояи устувортарини давлатдорӣ мебошад. Дар шароити ҷомеаи имрӯза сарчашмаи мустаҳками он мавзеъҳои таърихӣ, манзараҳои тамошобобу диққатҷалбкунанда, яъне минтақаҳои аҳамияти сайёҳидошта ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, чакандӯзӣ, кулолгарӣ ва ғайраҳоро ташкил медиҳанд.
Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ афзалтарин сарватҳои миллӣ, ду самти муҳими рушди давлат ва муаррифгару эҳёсози оину мероси аҷдодони мо мебошанд, ки дар пайвастагии ҳамдигарӣ ташаккул ёфта, якдигарро комил месозанд.
Туризм чист? Туризм аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, маънояш сайру саёҳат дар вақти холигӣ мебошад. Турист кист? Турист шахсеро мегӯянд, ки макони одаткардаи худро бо мақсади сайру саёҳат ба муҳлати на камтар аз 24 соат ва на зиёда аз 6 моҳ тарк мекунад.
Сайёҳат - сафари туристӣ бо хатсайрҳои муайян дар муҳлати муайян бо таъмини маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба ҷойгиркунӣ, ҳамлу нақл, озуқа ва хизматрасониҳои экскурсионӣ мебошад, ки вобаста ба мақсади сайёҳат дар мавриди таъмини кафолати амниятии онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда шудааст.
Сайёҳатро вобаста ба манзили интихобшуда, мутобиқи Консепсияи «Танзими сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2009-2019» ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд: сайёҳати дохилӣ, ташрифӣ, иҷтимоӣ, сайёҳати худфаъолиятӣ ва кӯҳнавардӣ. Сайёҳат бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба ғайр аз ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбӣ ва хизматрасонӣ берун аз минтақаи ҷойи зисти доимӣ гузаронида мешавад.
Имрӯзҳо дар тамоми давлатҳои дунё рушди ботадриҷи сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои шароитҳои хуби сайёҳӣ мебошад, дар миёни панҷ давлати беҳтарини сайёҳӣ ҷойи чорумро ишғол мекунад. Ин барои ҳар як фарди бонангу номуси кишварамон боиси ифтихор аст.
Воқеан ҳам, Тоҷикистон сарзаминест, ки таърихаш куҳан, мардумаш бомаърифату меҳмоннавоз буда, боду ҳавои форамаш, манзараҳои нотакрораш рафъкунандаи хастагӣ, обҳои чашмаву дарёҳои софу ширинобаш, ки аз дили кӯҳҳои осмонбӯс ҷорӣ мешаванд, мусаффову шифобахшанд. Растаниву гиёҳҳои дашту саҳроҳояш давобахшандаи садҳо дард буда, ба шахсони эҷодкор илҳом мебахшанд. Маҳз ҳамин ҳама манзараҳои куллан табиӣ, меҳмоннавозию хушзабонӣ ва ҳунарҳои мардумаш Тоҷикистонро ҳамчун беҳтарин макони сайру саёҳат муаррифӣ менамоянд.
Садҳо сайёҳони хориҷию дохилӣ бо умеди дидани зебоиҳои диёрамон ба минтақаҳои мафтункунандаи сайёҳӣ, ба мисли Бадахшон, Рашт, Хатлон, Ҳисор, Зарафшон ва дигар мавзеъҳои таърихию рӯҳбахши Ватани маҳбубамон ташриф оварда, хотираҳои неки инсонӣ бардошт менамоянд.
Барои исботи ин гуфтаҳо, ки сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду гавҳари бо ҳам пайванд буда, яке воситаи амалишавии дигарест, пеши назар ҳамон манзилгоҳҳои маишию истироҳатии мавзеъҳои туристиро ҷилвагар месозад. Боиси ифтихор ва оянданекист, ки аз азал миллати тоҷик дорои урфу одатҳои ба худ хос буда, ба воситаи оростани хон ва ҳунарҳои миллиаш диққати ҳазорон нафарро ҷалб месохт ва месозад.
Имрӯз низ бо ташаббуси фарзанди фарзонаи бонангу номуси ин миллати овозадор - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар кулли мардуми сайёра аз меҳмоннавозӣ, ҳунарҳои волои мардумӣ, мавзеъҳои зебои биҳиштии Ватани азизамон ва махсусан чеҳраи кушодаю зебои тоҷиконаи мо - тоҷикон ошноӣ пайдо намуда, ҳамчун сайёҳ меҳмони хонаводаҳои мо мегарданд.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии азизамонро зарур аст, ки ҳамчун узви ҷомеа бо фаҳмиши баланди инсонӣ муаррифгари фарҳанг, урфу одат ва ҳунарҳои волои мардумии хеш бошад.
Назаров Ҳотам-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ