, Шанбе, 30-май

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 28-уми майи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимон дар соли таҳсили 2025-2026 таҳти раёсати ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан доир шуд. Дар кори он аъзои Шуро ва масъулини сохторҳои таълимию илмии муассиса иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи сиёсати давлатии забон, сифати таълим, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва масъалаҳои ҷории донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст масъалаи «Ҳолати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва татбиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар донишгоҳ» баррасӣ гардид. Доир ба масъала, роҳбари гурӯҳи корӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, дотсент- Қувватова Муҳаббат гузориш пешниҳод намуд. Зимни баррасӣ фаъолияти сохторҳо оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ба забони давлатӣ, сатҳи забондонии донишҷӯён ва баргузории чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Сипас, ҳисоботи гурӯҳи корӣ оид ба вазъи раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ шунида шуд. Роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини ректор оид ба идора ва хоҷагӣ, дотсент- Мухторзода Муъмин, дар гузориш масъалаҳои вобаста ба сатҳи таълим, фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва ҳуҷҷатгузории факултетро таҳлил намуда, барои ислоҳи баъзе камбудиҳои техникӣ ва методӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуд.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ мавзуъҳои корҳои илмии унвонҷӯён ва докторантони PhD баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба раванди сессияи имтиҳонии тобистона, тақвияти корҳои ободонӣ ва дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳ муҳокима шуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа ректори донишгоҳ ба масъулини сохторҳо ва деканҳои факултетҳо ҷиҳати таъмини шаффофу босифат баргузор намудани имтиҳонҳои аттестатсияи давлатии хатм ва сессияи тобистона, таҳкими интизоми меҳнат, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тақвияти фаъолияти инноватсионӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Ба рӯйхат