,
Шанбе, 30-май
(Дар ҳошияи таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб»)
Ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бар меҳвари эҳёи таърихи бостон, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва муаррифии шоистаи симои фарзонагони миллат дар арсаи байналмилалӣ шакл мегиранд. Фармони навбативу таърихии Роҳбари давлат, ки 23 майи соли 2026, таҳти №1180 дар бораи таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба тасвиб расид, гувоҳи олии ин сиёсати маърифатпарварона ва идомаи мантиқии талошҳои пайвастаи инсондӯстонаи Сарвари кишвар дар роҳи арҷгузорӣ ба чеҳраҳои саршиноси миллат аст. Барои халқи Тоҷикистони азиз шарафи бузург аст, ки ин иқдоми беназир на танҳо дар фазои илмии кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамовозии густурдаеро ба вуҷуд овардааст.
Қобили қайд аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо аз ташаббусҳои фарҳангиву башардӯстонаи Роҳбари давлат хуш истиқбол намудаву аз андешаи созандаву иқдомоти инсонмеҳваронаи ин чеҳраи саршинос мутаҳаййир гардидаанд. Ва инак боз таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» аз дипломатияи баланди фарҳангии Пешвои муаззами миллат гувоҳи барҷаста медиҳад, ки Тоҷикистонро ҳамчун маркази эҳёи арзишҳои илмии башарият ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Роҳбари давлат бо ин ибтикор нишон доданд, ки тоҷикон на танҳо ворисони сазовори тамаддуни бузург, балки пешбаранда ва заминасози илму кашфиёти муосири ҷаҳонӣ низ ҳастанд. Мутмаинем, ки ҷоизаи мазкур ба як минбари созандаи илмӣ табдил хоҳад ёфт, ки нобиғаҳои соҳаи тибби муосирро дар гирди меҳвари номи фарзонаи миллат- Абӯалӣ ибни Сино муттаҳид мекунад.
Лозим ба таъкид аст, ки бузургдошти Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва таъсиси ҷоиза ба номи ӯ, бешак, эътирофи шоистаи саҳми ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар камоли тамаддуни башарӣ аст. Осори Ибни Сино, бахусус дар соҳаи беҳдошт, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатӣ, муддати ҳазорсолаҳост, ки роҳнамои табибони шарқу ғарб мебошад. Пешвои миллат бо ин ибтикор нишон доданд, ки мероси ин донишманди беназир танҳо ба гузашта тааллуқ надорад, балки ҳамқадами замони муосир аст.
Бар он боварем, ки ин ташаббуси фарҳангиву илмӣ робитаи ногусастаниеро дар доираи сиёсати дурбинона ва созандаи Сарвари давлат бар ғояи «Пайванди наслҳо» эҷод менамояд. Бо ин восита, ҷавонони имрӯз ва наслҳои ояндаи тоҷик аз таърихи ғанӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгони худ ифтихор намуда, барои фатҳи қуллаҳои нави илмӣ илҳом мегиранд. Насли нав бо дарки ин нукта камол меёбад, ки бузургони мо ба монанди Абӯалӣ ибни Сино заминагузори тибби ҷаҳонӣ буданд.
Дар замони муосир, ки хатарҳои глобалии тандурустӣ ва бемориҳои сироятӣ башариятро ба таҳлука андохтаанд, руҷуъ ба усулҳои илмии Ибни Сино аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино олимону муҳаққиқони тибби ҷаҳониро ҳавасманд менамояд, то дар самти ҳалли мушкилоти беҳдоштӣ ва солимии ҷомеа қадамҳои устувор гузоранд. Гузашта аз ин, иқдоми мазкур саҳми Тоҷикистонро дар рушди низоми байналмилалии тандурустӣ ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад бурд.
Шеваи нигориши ин фармон ва дар назар доштани таъсиси Фонди ҷоиза аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи амалии ин ҳадаф заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва молиявӣ фароҳам меорад. Ин омил устувории ҷоиза ва эътибори баланди онро дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ кафолат медиҳад. Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст, ки низомномаҳои дақиқ ва сатҳи баландро барои ин иқдом таҳия намояд.
Бо таваҷҷуҳ ба корнома ва нақши ин донишманди барҷаста дармеёбем, ки ҷойгоҳи Ибни Сино дар тибби ҷаҳонӣ чунон бузург аст, ки ҳеҷ як пажӯҳандаи ин соҳа наметавонад худро аз омӯзиши «Қонуни тиб»-и ӯ бениёз донад. Назарияҳои ӯ дар бораи таъсири муҳити зист ба саломатии инсон имрӯз ҳам аз ҷониби илми муосир тасдиқ мешаванд. Роҳбари давлати мо бо дарки ин мақоми шоиста, номи Ибни Синоро дубора ба ба ҷаҳон муаррифӣ карданд.
Дар замоне, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи фарҳангзудоӣ ва ғасби тамаддуни башарист, иқдоми мазкур як усули муассири мубориза бо фарҳангдӯздӣ ва кӯшишҳои азхудкунии мероси маънавию моддии тоҷикон аз ҷониби дигарон мебошад. Бо исботи илмӣ ва таърихӣ, Ибни Сино аз афроди барҷастаи миллати тоҷик аст, ки бо забони модарии худ-форсӣ-тоҷикӣ асарҳои мондагори илмиву адабӣ эҷод кардааст. Таъсиси ҷоиза бо рутбаи байналмилалӣ аз ҷониби Роҳбари давлати тоҷикон, ин ҳақиқати таърихиро дар зеҳни аҳли башар ҳамеша зинда нигоҳ хоҳад дошт.
Нуктаи ҷолиб ва шоистаи таҳсин ҳамин аст, ки ба шарофати таҷрибаи ғанӣ, дониши амиқи сиёсӣ ва дипломатияи фарҳангиву сатҳи баланди Роҳбари давлат, ин ҷоиза танҳо хусусияти маҳаллӣ ва дохилӣ касб накардааст. Он убуркунандаи марзҳо буда, ба шахсиятҳои барҷастаи тибби ҷаҳонӣ, новобаста аз миллату нажод ва кишварашон, супорида мешавад. Ин амри таърихӣ дар радифи ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари кишвар обрӯю эътибори сиёсии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускори ғояҳои инсондӯстона ба маротиб афзун мегардонад.
Мо, аҳли илму фарҳанги кишвар, ин ташаббуси наҷибро бо ифтихору сарафрозӣ истиқбол намуда, ҳамовозии худро ба сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медорем. Ин ибтикор ба олимони ҷавони соҳаи тибби ватании мо низ илҳоми тоза бахшида, онҳоро барои расидан ба сатҳи байналмилалии илм ҳидоят менамояд.
Бо нигоҳи бадеӣ метавон гуфт, ки Президенти маҳбуби мо бо ин фармон бори дигар чароғи миллати тоҷикро дар шоҳроҳи тамаддуни башарӣ фурӯзон намуданд. Номи Ибни Сино чун ситораи дурахшони илм дубора аз осмони Тоҷикистон ба кулли ҷаҳон нур мебахшад. Ин иқдом ҷавҳари худшиносии миллии моро қавӣ ва устувор мегардонад.
Мо мутмаинем ва имони комил дорем, ки «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» дар кӯтоҳтарин муҳлат ҷойгоҳи худро дар қатори муътабартарин ҷоизаҳои илмии ҷаҳон пайдо хоҳад кард. Ин ташаббуси Пешвои миллат саҳифаи наверо дар таърихи илму дипломатияи тоҷик боз намуда, исм ва мақоми тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҷовидонӣ хоҳад намуд.
Муҳаммадҷони Абдувоҳид, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ