,
Шанбе, 30-май
Дар таърихи 23 майи соли 2026, фазои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон шоҳиди як рӯйдоди бузурги таърихӣ гардид: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонро дар бораи таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба тасвиб расониданд. Ин ташаббуси олии Роҳбари давлат ифодагари сиёсати бузургманишона ва хирадмандонаи эшон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба бузургони илму адаб ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ҷомеаи илмии кишвар ин иқдомро бо ҳамовозӣ ва ифтихори зафарманд истиқбол намуданд.
Ин ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат нишон аз талошҳои хастанопазири эшон барои зинда нигоҳ доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст. Роҳбари давлат дар тӯли фаъолияти худ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги моро ба ҷаҳониён чун заминагузорони тамаддуни башарӣ муаррифӣ созанд. Ҷоизаи байналмилалии Сино маҳсули ҳамин тафаккури миллӣ ва андешаи солим аст.
Абӯалӣ ибни Сино, ки дар деҳаи қадимаи порсии Афшина ба дунё омадааст, бо кашфиёти беназири худ дар соҳаи тиб ҷаҳонро тасхир карда буд. Назарияҳои илмии ӯ то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накардаанд ва усулҳои ҳозиразамон дурустии онҳоро собит месозанд. Таъсиси ҷоиза ба номи ин алломаи тоҷик, паёми созандагӣ ва сулҳхоҳии Тоҷикистон ба кулли аҳли башар мебошад.
Ин ибтикори беназири Президенти кишварро метавон идомаи мантиқии сиёсати стратегии давлат дар доираи ғояи “эҳёи фарҳанги ниёгон ва арҷгузорӣ ба чеҳраҳои саршиноси миллат” арзёбӣ намуд. Роҳбари давлат бо ин қадам пуле устувор миёни асри тиллоии илми тоҷик ва замони муосир эҷод карданд. Ин паёмест ба насли ҷавон, ки вориси чунин нобиғаи ҷаҳонӣ будани худро дарк кунанд ва дар роҳи илмомӯзӣ устувор бошанд.
Рутбаи байналмилалӣ гирифтани ин ҷоиза дорои аҳаммияти калони сиёсӣ ва илмист, зеро он Тоҷикистонро ҳамчун маркази эътирофи дастовардҳои бузурги тиббии ҷаҳон нишон медиҳад. Ин иқдом олимони барҷастаи соҳаи тандурустии байналмилалиро ба сӯйи Тоҷикистон ҷалб намуда, заминаҳои нави ҳамкориҳои илмиро фароҳам меорад. Кишвари мо бо ин восита дар ҳалли мушкилоти глобалии соҳаи беҳдошт саҳми фаъол мегузорад.
Осори абадзиндаи Ибни Сино ва саҳми барҷастаи ӯ дар рушди тиб нишон медиҳад, ки миллати тоҷик аз қадим соҳиби илму фарҳанги пешрафта буд. Пешвои миллат бо таъсиси ин ҷоиза таърихи бостонии илми тибби тоҷикро ба гӯши ҷаҳониён мерасонанд. Ин иқдом ба ҷаҳон собит месозад, ки шеъру адаб ва илму ҳикмат дар хуни ин миллат ҷорӣ аст.
Дар шароите, ки баъзе кишварҳо ва доираҳо кӯшиши аз худ кардани мероси гаронбаҳои моддиву маънавии тоҷиконро доранд, ин фармони Роҳбари давлат як садди муҳками ҳуқуқӣ ва илмӣ мебошад. Ибни Сино фарзанди ҳақиқии миллати тоҷик аст ва эҷодиёти ӯ бо забони модариаш ин ҳақиқати раднашавандаро исбот мекунад.
Ҷанбаҳои баланди гуманизм ва башардӯстии ин ташаббус дар он зоҳир мешавад, ки Фонди ҷоиза барои ҳавасмандгардонии олимоне хизмат мекунад, ки ҷони худро ба хотири наҷоти инсоният мебахшанд. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки сиёсати фарҳангии Пешвои миллат бар пояи арзишҳои умумибашарӣ ва эҳтиром ба ҳаёти инсон шакл гирифтааст.
Аз нигоҳи дипломатияи муосир, таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» мавқеи геополитикӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ устувортар мегардонад. Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун дигар иқдомҳои глобалии Роҳбари давлат дар соҳаи об ва экология ҷонибдории комил хоҳад ёфт.
Тибби ватании мо бо таъсиси ин ҷоиза заминаҳои нави муаррифиро пайдо мекунад. Муассисаҳои илмиву таълимии кишвари мо метавонанд робитаҳои худро бо марказҳои илмии ҷаҳонӣ густариш диҳанд. Ин иқдом сифати пажӯҳандагии дохилиро ба сатҳи нав мебарорад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин ташаббуси бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тамаддуни башарӣ бо хатҳои тиллоӣ навишта хоҳад шуд. Ҷомеаи Тоҷикистон якдилона ин иқдомро ҷонибдорӣ намуда, дар роҳи татбиқи ғояҳои созандаи Роҳбари давлат ҳамеша омода ва ҳамраъй хоҳад буд.
Бадалов Исфандиёр, ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ