, Шанбе, 30-май

ФУТБОЛ-ПАЁМИ СУЛҲ ВА ЭҲЁИ ДИПЛОМАТИЯИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН


ФУТБОЛ-ПАЁМИ СУЛҲ ВА ЭҲЁИ ДИПЛОМАТИЯИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир, варзиш на танҳо як василаи солимгардонӣ, балки яке аз фишангҳои муҳимтарини дипломатияи фарҳангӣ ва ҳамгироии умумибашарӣ ба шумор меравад. Дар ин миён, футбол ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ унсурҳои сиёсати сулҳҷӯёна, ҳамбастагии миллатҳо ва рушди устувори ҷомеаро дар худ таҷассум карда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ҷалб месозад. Ин аст, ки дар замони муосир футбол яке аз навъҳои рушдёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои мухталифи олам маҳсуб мешавад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 майи соли 2025 дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол иброз намуданд: «Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳимми солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстию ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Ин дидгоҳи стратегии Роҳбари давлат маҳз дар заминаи ташаббусҳои фаъоли дипломатияи варзишии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ тарҳрезӣ ва амалӣ гардид. Аз ин рӯ, мавриди тазаккур аст, ки нақши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бениҳоят бузург мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024  дар муроҷиати худ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсусаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон карда шавад.

Ин иқдоми наҷиб, ки аз тафаккури сулҳхоҳонаи миллати тоҷик сарчашма мегирифт, зуд мавриди истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, 7 майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-ум пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ карда, оид ба он қатъномаи A/RES/78/281 қабул намуд. Дар қатънома аҳаммияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз баргузор кардани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид карда шудааст.

Зимнан, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал овард, ки Рӯзи ҷаҳонии футболро мутобиқи афзалияти миллӣ ба таври мувофиқ таҷлил кунанд ва афзалияти футболро барои ҳама, минтақа дар доираи чорабиниҳои тарбиявию оммавӣ тарғиб намоянд.

Дар воқеъ, боиси ифтихору сарафрозӣ аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистони соҳибистиқлол 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муайяну муқаррар карда шуд.

Ин зафари дипломатӣ бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон метавонад дар ҳалли масъалаҳои глобалии башарият нақши калидӣ дошта бошад. Маҳз дар ҳамин росто, 22 майи соли 2025 Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк доир шуд, иштирок ва бо забони ширину шевои тоҷикӣ суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ иброз гардид, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол ҳамчун бозии одилона, муттаҳидгардонии ҷавонон ва фаъолияти дастҷамъона, эҳтиром ва суботкорӣ маҳсуб ёфта, бо усулҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид тавъам мебошад.

Зимни суханронӣ Рустами Эмомалӣ чунин таъкид ба амал оварданд: «Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳар яки моро водор месозад, то аз шодие, ки ин намуди варзиш ба ҳаёти мо меоварад, истиқбол карда, нақши онро дар пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид эътироф намоем. Моро зарур аст, то кафолат диҳем, ки ҳар як кӯдак, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ дорад, имкони бозӣ карданро дошта бошад. Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар ин самт бо ФИФА, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми кишварҳои дӯстдори футбол ҳамкорӣ намояд, то ки ин намуди варзиш беш аз пеш фарогир, дастрас ва илҳомбахш бошад».

Барои ба низоми қонунгузории дохилӣ ворид намудани ин дастоварди бузурги байналмилалӣ ва тақвияти пояҳои ҳуқуқии он дар мамлакат, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод гардида, аз тарафи Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабулу ҷонибдорӣ ёфт ва 13 ноябри соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Ин қонун асосҳои ҳуқуқии таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футболро дар Тоҷикистон муайян намуд.

Ҳамин тавр, бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳар гуна мусобиқаҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа доир мегарданд, ки дар маҷмуъ, ба рушди футболи тоҷик ва пайдо намудани футболбозони наврасу ҷавони соҳибистеъдод мусоидат менамоянд.

Эълони 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси бевоситаи Тоҷикистон ва садо додани забони модарии мо дар минбари баланди СММ, гувоҳи дурахшони пирӯзии дипломатияи варзишӣ ва фарҳангии кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин падида на танҳо обрӯю эътибори ватани моро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар боло мебардорад, балки барои насли ҷавон ва варзишгарони навраси мо мактаби бузурги илҳом ва худшиносӣ мегардад. Имрӯз футбол дар Тоҷикистон аз як бозии одӣ ба як омили муқтадири ваҳдати миллӣ, тарбияи ахлоқӣ ва пайванди насли наврас бо арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст. Моро зарур аст, ки ин дастоварди таърихиро ҳамчун сарвати маънавӣ ҳифз намуда, тавассути оммавигардонии варзиш ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, ояндаи дурахшони футболи ватаниро дар ҷаҳон таъмин созем, зеро ҳар як голи дар майдонҳо задаи ҷавонони мо, ин як қадами устувор ба сӯи муаррифии шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Қурбонзода Кароматулло Боҳирҷон, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат