, Душанбе, 25-май

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕАИ МУОСИР


НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Ҷавонон дар ҳар давру замон ҳамчун неруи фаъол, қувваи созанда ва идомадиҳандаи роҳи наслҳо нақши муҳим дар ҳаёти ҷомеа доранд. Имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавонон ҳамчун қишри пешбарандаи ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор гирифта, барои фаъолияти илмию таълимӣ, меҳнатӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавононро дар рушди давлату ҷомеа борҳо таъкид намуда, ҷавононро «неруи бузург, созанда ва ояндаи миллат» арзёбӣ кардаанд. Воқеан ҳам, ояндаи ҳар давлат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносии ҷавонони он вобастагии мустақим дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технология ва тағйирёбии вазъи ҷаҳонӣ масъулияти ҷавонон боз ҳам бештар мегардад. Ҷавонони имрӯза бояд на танҳо соҳиби донишҳои замонавӣ бошанд, балки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ бошанд. Зеро маҳз ҷавонони донишманду бомаърифат метавонанд дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми муассир гузоранд.

Боиси ифтихор аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар роҳандозӣ гардидааст. Қабули қонунҳо, таъсиси сохторҳои марбут ба кор бо ҷавонон, баргузор намудани озмунҳо, форумҳо, барномаҳои давлатӣ ва эълон гардидани «Соли ҷавонон» далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба ин қишри ҷомеа мебошад.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун - аз илму маориф то варзишу фарҳанг, аз технологияҳои муосир то хизмати давлатӣ - фаъолияти назаррас дошта, обруву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Дастовардҳои ҷавонон дар олимпиадаҳо, озмунҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва корҳои ихтироъкориву навоварӣ нишон медиҳанд, ки ҷавонони тоҷик дорои қобилият ва имконияти бузурги зеҳнӣ мебошанд.

Дар баробари ин, ҷавононро зарур аст, ки нисбат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва таъсири фарҳангҳои номатлуб ҳушёру зирак бошанд. Ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг ва муқаддасоти давлатӣ бояд яке аз рисолатҳои муҳими ҷавонони имрӯз бошад. Ҷавоне, ки таърихи миллат, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои давлатдории худро мешиносад, ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои бегона нахоҳад шуд.

Ҳамчунин, ҷавонон бояд бештар ба омӯзиши илм, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳ намоянд. Зеро ҷаҳони муосир рақобати дониш, малака ва навовариро тақозо мекунад. Дар чунин шароит танҳо ҷавонони фаъол, соҳибкасб ва дорои тафаккури муосир метавонанд ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо намуда, ба рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Мо - ҷавонони даврони истиқлол бояд бо ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ барои ободии Ватан, таҳкими истиқлол, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро пешрафти фардои Тоҷикистон аз фаъолияти созанда, донишандӯзӣ ва масъулиятшиносии мо-ҷавонони имрӯз вобаста аст.

Каримов Оятулло-донишҷӯи курси 3-юми факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат