,
Душанбе, 25-май
Амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, ки «давоми беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ мешаванд».
Зарурати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон вобаста ба он ҳолатҳо муайян мегардад, ки ҷавонон бо онҳо ҳангоми оғози ҳаёти мустақилона, бо ба даст овардани ҳуқуқ ва уҳдадорӣ дар назди ҷомеа рӯ ба рӯ мешаванд. Имрӯз татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст.
Дар шароити кунунӣ ҷиҳати таҳлилу омӯзиш ва таҳқиқ намудани марҳилаҳои ташаккул ва рушди қонунгузории соҳаи ҷавонон дар мамлакат, муайянсозии мафҳум ва моҳияти ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди қонунгузории соҳаи ҷавонон, аҳаммияти санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар шаклгирӣ ва рушди қонунгузории соҳаи ҷавонон, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории соҳаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории соҳаи ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ заминаи рушди қонунгузории соҳаи ҷавонон бо дарназардошти вазъ, мушкилот ва дурнамо таҳқиқоти диссертатсионӣ дар ин ҷода муҳим ва сирвақтиву актуалӣ ба шумор меравад.
Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Масусан, ҳамчун самте, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ боиси таваҷҷуҳи хоссаи давлату ҳукумати мамлакат қарор гирифта, меҳвари калидии онро фаро мегирад, ин танзим ва инкишофи муносибатҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад. Ҷавонон дар ҳар раванди марҳилаҳои рушди ҷомеа қувваи пешбаранда ва симои миллату давлатро муаррификунанда маҳсуб меёбанд. Ба ҳамин асно боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварию меҳанпарастӣ ва миллатдӯстӣ, аз масъалаи басо муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил медиҳад.
Воқеан, ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил медиҳад. Аз солҳои аввалини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба масъалаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шудааст. Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани мавқеъ ва нақши ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» дар се марҳила қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.
Аз ҷумла, нахустин маротиба дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992, №561 қабул гардид, ки он тартиби ба амал баровардани сиёсати давлатии ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои давлат, ташкилотҳои ҷавонон ва шаҳрвандони ҷавонро танзим мекунад, барои инкишофи қонунҳо ва амалиёти Маҷлисҳои вакилонии халқ, ки бояд механизми татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро таъмин намоянд, асоси ҳуқуқӣ буд.
Баъдан бо сипарӣ гардидани як даҳсола аз татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 15 июли соли 2004, №52 қабул шуд, ки он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян менамуд.
Заминаи муҳими дар ташаккул ва рушди танзими ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлкатро дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни мазкур ташкил менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав аз 23 декабри соли 2021, №1830 қабул шуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд.
Бо мақсади муайян намудани ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 ва 2030 қабул карда шудааст.
Ҳадафи меҳварии стратегияи якумро дар соҳаи ҷавонон ин барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Стратегия барои даҳ сол пешбинӣ шуда, то соли 2020 тахмин менамояд ба мақсадҳои худ ноил гардад. Интихоби самтҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон метавонад танҳо ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди ҳаёти иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ошкор гардидаанд, асос ёбад. Ғайр аз ин, Стратегия бояд дигаргуниҳоеро, ки дар соҳаи фаъолияти ҳаётан муҳими ҷамъият ва давлат рӯй медиҳад, ба инобат гирад ва пешбинӣ намояд.
Стратегияи айни замон амалкунанда муҳтаво са самтҳои асосии афзалиятнокро доир ба дурнамои рушди соҳаи ҷавонон дар доираи нишондодҳои заминавии зерин муайян менамояд. Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ барои давраи то соли 2030 ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуда, ҳамчун механизми амалиёбии бонизоми он таҳия гардидааст. Стратегия ба амалисозии мақсад ва вазифаҳое нигаронида шудааст, ки ба рушди имкониятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷавонони Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир мусоидат менамояд. Интихоби самтҳои афзалиятнок ё стратегии сиёсати давлатии ҷавонон ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ муайян гардидаанд, асос меёбад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нишондоҳои қонунҳои қабулгардида, дар соҳаи мазкур давра ба давра се маротиба «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», панҷ маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», шаш маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», як маротиба Барномаи касбинтихобкунии ҷавонони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд.
Ҳамзамон, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ҶТ ворид гардида, ки як қатор тағйиру иловаҳо вобаста ба имкониятҳои конститутсионии ҷавонон бахшида шуда буд, барои онҳо ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатиро васеъ намуд. Пас аз ворид гардидани ин тағйиру иловаҳо иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ тадриҷан рӯ ба афзоиш оварда, барои интихоб ва таъин шудани онҳо дар се шохаи ҳокимият заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Воқеан дар баробари санадҳои қонунгузорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ яке аз санадҳои муҳиме, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии мамлкат мавриди баррасӣ, таҳлил, натиҷагирӣ, роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва дурнамои рушди онҳо мауйян мегардад ин паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси олии мамлакат маҳсуб мегардад.
Мафҳуми “ҷавонон” тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» чунин муайян шудааст: ҷавонон - шахсоне мебошанд, ки синни онҳо аз 14 то 30-соларо дар бар мегирад. Ин мафҳум нишон медиҳад, ки қонунгузор бо дарназардошти хусусиятҳои рушди равонӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии шахс давраи ҷавонӣ ва марҳилаи камолоти шахсиятро дар доираи муайяни синнӣ қарор додааст.
Сиёсати давлатии ҷавонон бошад, маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиест, ки аз ҷониби давлат бо мақсади дастгирии ҷавонон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил, кор, таҳкими саломатӣ, рушди истеъдод ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа амалӣ карда мешавад.
Моҳияти сиёсати давлатии ҷавонон дар он ифода меёбад, ки ҷавонон ҳамчун захираи стратегии миллат шинохта мешаванд, давлат уҳдадор аст шароити рушди ҳамаҷонибаи онҳоро таъмин намояд, тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиро тақвият мебахшад.
Дар ҶТ сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси Конститутсия, Қонуни соҳавӣ, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёмҳои Президенти кишвар, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Ин сиёсат, инчунин ҷавобгӯи талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад ва меъёрҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияҳои СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҷавононро дар бар мегирад.
Дар маҷмӯъ, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мақсад дорад муҳити ҳуқуқиву иҷтимоие фароҳам оварад, ки ҷавонон битавонанд қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии худро рушд дода, дар таҳкими ҷомеаи демократӣ саҳмгузор бошанд.
Сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон ба ҷавонон ҷиҳати инкишоф додани дониш, малака, қобилият, истеъдод ва ҳунарҳои худ имконият медиҳад, то ин ки онҳо ҳамчун шаҳрвандони фаъоли ҷомеа ба камол расанд
Ҷавонон – насли инсонҳоест, ки марҳилаи иҷтимоишавиро тай намуда, вазифаҳои таълимӣ, касбӣ, фарҳангӣ ва дигар вазифаҳои иҷтимоиро аз худ мекунанд. Вақтҳои охир сиёсати давлатӣ дар бораи ҷавонон ба шакли эътирофшудаи ҳамкории наслҳо табдил ёфтааст, ки татбиқи бомуваффақияти он метавонад барои рушди инноватсионии ҷомеа ва давлат имкониятҳои зиёд фароҳам оварад . Сиёсати давлатӣ дар бораи ҷавонон дар давлати пешрафтаи демократӣ қисми таркибии сиёсати умумии давлат буда, ҳадафи асосии он нигоҳ доштани мақоми муносиби иҷтимоӣ ва сифати зиндагии ҷавонон мебошад.
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сохтмони муассисаҳои нави замонавӣ, компютеркунии муассисаҳои таълимӣ, инчунин барои рушди китобхонаҳо аҳамияти зарурӣ дода шуда, бузургтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ “Китобхонаи миллӣ” ба истифода дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, ки «давоми беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ мешаванд».
Қонунгузории соҳаи ҷавонон дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд намуда, имрӯз маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ташкил медиҳад, ки самтҳои асосии фаъолияти давлатро нисбат ба ҷавонон танзим менамояд. Ин санадҳо бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ, таҷрибаи кишварҳои ИДМ ва хосиятҳои иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон таҳия ва такмил дода мешаванд.
Разоқов Наврузшо Ниматуллоевич, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ