, Душанбе, 15-июн

ЧАНД МУЛОҲИЗА ОИД БА КИТОБИ ҶУМЪАХОН АЛИМӢ  «ДОНИШНОМАИ АВАСТО», 2025.-1498 САҲ.


ЧАНД МУЛОҲИЗА ОИД БА КИТОБИ ҶУМЪАХОН АЛИМӢ  «ДОНИШНОМАИ АВАСТО», 2025.-1498 САҲ.

Дар замони муосир омузишу пажуҳиши китобҳои илмиву таърихӣ ва аз нав эҳё намудани онҳо яке аз масъалаҳои хеле муҳим маҳсуб гардида, самтҳои афзалиятнок дар соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои таълиму тадрис ва аз худ намудани донишҳои ҷадиду замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар мунтазам тадбирҳои муҳимму ногузир андешида мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи масоили соҳаи маориф ба омузишу пажуҳиши асарҳои илмӣ-таърихӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ҳар як паёму суханрониҳояшон дар алоқамандӣ ба ин мавзуъ дастуру супориш ва таъкиду роҳнамоиҳои мушаххасеро пешниҳод менамоянд. Чунки Роҳбарияти олии кишвар рушди маорифи миллиро яке аз ҳадафҳои муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат дониста, ғамхорӣ нисбат ба маорифро сармоягузорӣ барои рушду густариши неруи ахлоқӣ, инсонӣ ва зеҳнӣ номидааст.

Бинобар ин, тадбирҳои ҳамаҷонибаи ташаккули назария ва амалияи таълим ва омузиши асарҳои илмиву таърихӣ дар шароити низоми  таҳсилоти кредитӣ зарурат ва муҳиммияти таълиф намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, донишномаҳову энсиклопедияҳои соҳавӣ ва воситаҳои таълимӣ мутобиқ ба давраи муосирро тақозо менамояд. Дар айни замон дастрас намудани адабиёти илмӣ-таърихӣ доир ба соҳаҳои алоҳидаи диншиносӣ, таърих, забоншиносӣ, фалсафа ва ахлоқ, фарҳангшиносӣ ва амсоли инҳо душвориро ба миён намеоварад.

Бинобар ин, «Донишномаи Авасто» яке аз нахустин дастовардҳои илмию амалие мебошад, ки дар даврони Истиқлол ба нашр расидааст. Дар замони Истиқлол муносибатҳои дипломативу байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногуни илму техника ва технологияи муосир тақозо менамояд, ки дар кишвари мо, муҳаққиқон ва махсусан ҷавонони ғайюру шуҷоъ бояд аз таърих, фарҳанг ва оини чандҳазорсолаи худ огаҳӣ дошта бошанд ва дар фаъолияти минбаъдаи касбии хеш истифода намоянд. Аз ин рӯ, имруз ҷомеа ба рушду густариш, таҳлилу таҳқиқ ва навиштани асарҳои илмӣ-таърихӣ бахусус дар самти диншиносӣ, таърих, забоншиносӣ, фалсафа ва ахлоқ, фарҳангшиносӣ ва ғайра беш аз ҳарвақта ниёз дорад. 

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ китоби «Донишномаи Авасто» яке аз асарҳои муҳимми илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, диннӣ, ахлоқӣ, забоншиносӣ ва ғайра буда, мазмуну муҳтавои китоби муқаддаси дини зардуштиро ба таври мушаххас тавзеҳ медиҳад. Асари мазкур барои муҳаққиќону пажуҳишгарон ва хонандагону ходимони илмӣ имконият фароҳам меоварад, то ба ҷаҳони маънавӣ ба хусус, таърих, диншиносӣ, фарҳангшносӣ, забоншиносӣ ва фалсафаи мардумони бостонӣ шинос шаванд.

Шоистаи таъкид аст, ки китоби «Донишномаи Авасто» аз сарсаҳифа, мундариҷа, пешгуфтор, чор боб, хулоса, 1498 саҳифа, адабиёт ва замимаҳо иборат мебошад. Боби якуми рисола «Масъалаҳои умумию назариявӣ» унвон гирифта, дар он мулоҳизаҳои муқаддимотӣ, Зардушт  кист ва Авасто чист, ориёиҳо, империяи Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиён, Кӯшониён, Сосониён, Паҳлав (Портҳо), нахустватани ориёиҳо ва маълумоти генетикӣ, давлатҳо ва ҳудуду минтақаҳои ориёинишин Месопотамия (Байнаннаҳрайн), Бобул ва Бобулистон, Мод (Мидия), Скифия, Селевкиён, Саразм, Хуросони Бузург, Осиёи Миёна, Бохтар, ташаккули давлатҳо дар Осиёи Марказӣ, ташаккули аввалин давлатҳо дар сарзамини қадимаи тоҷикнишин, асрори Куруши Кабир, хонавода забонҳои ҳиндуаврупоӣ, забонҳои эронии қадим, хатти авастоӣ, фонология, грамматикаи забони авастоӣ, морфологияи порсии бостон ва Авасто, авастошиносӣ, аз таърихи авастошиносӣ, Авасто ва эроншиносӣ, Авасто ва ҳиндуаврупоишиносӣ, тарҷумаи «Авасто» бо забонҳои аврупоӣ, Авасто: хусусиятҳои забонӣ ва ҷамоавӣ, Авасто: сарчашмаи забонӣ, таърихӣ ва ҷуғрофӣ, тавсифи  забонии «Авасто», забони паҳлавӣ, тавсифи  ҷуғрофии «Авасто», ҷуғрофияи Авасто, тавсифи таърихӣ, этнографӣ ва фарҳангии «Авасто», Авасто-сарчашмаи таърихӣ, Авасто ва забони порсии қадим, Ведо ва авастои қадим ва мавзуоти ба ин монанд баррасӣ гардидаанд.

Боби дуюми китоб «Номшиносӣ ва номҳои ориёии бостонӣ»-ро фаро гирифта, дар он масъалаҳои актуалию таърихӣ ба монанди Порс-номи ҳазорсолаи Эрон, аз таърихи номҳои эронии қадим, номҳои то милодӣ, исмҳои хос дар «Авасто», шарҳи баъзе номҳои авастоӣ, номҳои ҷуғрофии «Авасто»: тавсифи умумӣ, оронимия ва гидронимияи «Авасто» ва дигар сарчашмаҳои бостонӣ, номҳои шахсии ҳиндуэронӣ дар Митанӣ, Ведо ва Авасто, номҳои умумиэронӣ дар давраи Сосониён, Авасто ва ономастикаи таърихии Хоразм, этимологияи номҳои порсии қадим, номҳои эронӣ: умумӣ ва тоисломӣ, топонимияи «Авасто»: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо, топонимияи Авасто, антропонимияи эронии давраи Ҳахоманишиён, антропонимҳои қадимаи эронӣ ва маводи алоқаманди бобулӣ, таҳқиқи таърихӣ ва забоншиносии чанд гидроними Авасто, лимонимия, потамонимия, пайдоиши номҳои авастоии моҳҳо, шарҳу тафсири номи «Зардушт», пажуҳиши этимологии кулҳои афсонавӣ дар Бундаҳишн ва амсоли инҳо мавриди таҳқиқи илмӣ қарор гирифтаанд.

Дар боби сеюми китоб сухан роҷеъ ба «Масъалаҳои таърихии гуногун» рафта, дар он бештар тавзеҳи баъзе аз масъалаҳои ориёиҳо асосгузорони тамаддуни аврупоӣ, муҳоҷирати ҳинду ориёӣ (1800-1500 то милод), Куруши Бузург ва асрори ӯ, эрониёни тоисломӣ,  осори хаттии бостонии Эрон, сарчашмаҳои таърихнигории Эрони Бостон, сарчашмаҳои бостонии таърихи форсӣ ё эронӣ, Ҳиндустон дар Авасто, Турони қадим, Турон ва туркон, Бундаҳишн, нақши Рустам, Динкард, «Арда Вироз Намаг» ва меъроҷи шаби ҳазрати Муҳаммад (с) ва ғайра мавриди ғавру баррасӣ қарор гирифтааст.

Боби чоруми китоб «Масъалаҳои ҷаҳонбинӣ ва фарҳангию динӣ» унвон гирифта, дар он бештар муҳаққиқ масъалаҳои динҳои Эрони Бостон, мифологияи зардуштия, зардуштия дар Эрони Бостон, зардуштия, зардуштия ва Маздоизм, андешаҳои маърифатӣ ва тарбиявии «Авасто», Аҳуромаздо, Монӣ ва монавия, идҳои ориёиҳои қадим, идҳои дини зардуштӣ, Наврӯз, ҷашни Сада, пайдоиши номҳои авастоии моҳҳо, Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва дигар мавзуъҳои ба ин бахш бахшидашударо низ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст.

Бояд гуфт, ки масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ низ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ҳадафмандона садо додааст: «Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».

Воқеан, моҳият ва зарурати таълиф гардидани китоби «Донишномаи Авасто» дар замони Истиқлол дастоварди бузургу беназир маҳсуб гардида, дарбаргирандаи маҷмуи матнҳои муқаддаси зардуштиён, қадимтарин ёдгориҳои адабиёти бостонии эронӣ ва вожаву истилоҳҳои позандиву паҳлавиро дар худ инъикос намудааст. Донишнома яке аз асарҳои нодире ба ҳисоб меравад, ки сарчашмаи номҳои ҷуғрофӣ, таърих ва забони бостонӣ ҳамчунин имон, дину ойинро талқин менамояд. Он пеш аз ҳама дар ниҳоди хонанда баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва нагаравидани онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро раҳнамун месозад. Чунки муҳаққиқ тавонистааст таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани ҳиси миллӣ, нигоҳ доштани асолати миллӣ, фарҳанг, тамаддун ва зинда намудани анъанаву арзишҳои миллии гузаштагонамонро дар замири хонанда беш аз ҳарвақта бедор намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷумла, фарҳанг ба пешравиҳои беназир ноил гардида, дар замони муосир мавқеъ ва ҳадафҳои устувори худро пайдо намудааст. Ва ин нукта дар Паёми Пешвои миллат чунин арзёбӣ гардидааст: «Мероси таъихиву фарҳангӣ, шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад». Бинобар ин, зикри ҳамин матлаб ба маврид аст, ки инсоният дар тули таърихи мавҷудияти худ шоҳкорӣ ва ёдгориҳои зиёдеро ба наслҳои оянда мерос гузоштааст, ки бархе аз онҳо имруз нобуд гардида, бархеи дигар ҳифзу нигаҳдори мешаванд ва қисме то ба имруз мавриди омузиш ва ҳифзу пажуҳишҳои илмӣ қарор дода нашудаанд.

Ҳамин тариқ, китоби «Донишномаи Авасто» яке аз сарчашмаҳои муҳимми илмиву таърихӣ ва фарҳангӣ маҳсуб гардида, онро ҳамчун шиносномаи миллат агар муаррифӣ намоем муболиға нахоҳем кард. Китоби мазкур бодарназардошти арзишҳои баланди илмиро соҳиб будан, ҳамчунин он ғалатҳои имлоӣ, китобатӣ, техникӣ, аломатгузорӣ, услубиву мантиқӣ орӣ набуда, ғалатҳои мавҷудаи ошкоршуда ислоҳшаванда мебошад ва ҳусну қубҳи илмии донишномаро кам нахоҳад кард.

Ҳамин тариқ, китоби «Донишномаи Авасто» соҳаҳои мухталифи илмро фаро гирифта, давраи бисёр муҳимми рушди илмҳои диншиносӣ, таърих, забоншиносӣ, фалсафа ва ахлоқ, фарҳангшиносиро аз нуқтаи назари таҳқиқ љамъбаст намуда, барои муҳаққиқони оянда маводду сарчашмаҳои бисёр муҳимми таърихӣ, адабӣ ва забониро ба ҳам оварда, барои пажуҳиш ва аз нав эҳё намудани онҳо сарчашмаи муътабаре хоҳад гашт.

Аз ин рӯ, вожаву калима ва ё худ истилоҳоти дар Донишнома овардашуда бо сабку услуби хос таҳқиқ гардидааст, ки ин равиш кори хонандагону истифодабарандагонро осон намуда, китоби руимизии ҳар як хонанда ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, ба нашр расидани чунин асари арзишманду ногузир дар замони Истиқлол бисёр кори неку арзишманд ва беназири муаллиф ба ҳисоб рафта, зимни корбурд дар муносибатҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ, ҷамъиятӣ, рушду густариши илми авастошиносӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Сайфиддин Назарзода, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат