, Душанбе, 25-май

ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ПУЛИ МАЪНАВИИ АСРҲО


ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ПУЛИ МАЪНАВИИ АСРҲО

(дар ҳошияи маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ)

Дар замони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ хотираи тамаддунҳоро ба имтиҳон мекашанд, барои ҳар як давлати соҳибихтиёр устувории заминаҳои маънавӣ ва таърихӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Рӯйдодҳои хосе ҳастанд, ки аз доираи як чорабинии сиёсӣ ё протоколӣ комилан берун буда, ҳамчун нишонаи камолоти миллию сиёсии ҷомеа ва эҳёи виҷдони таърихӣ сабт мешаванд. Иқдоми наҷиб ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардонидани мушти хоки оромгоҳи се ситораи дурахшони таърихи мо - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад - маҳз аз ҳамин гуна падидаҳои сарнавиштсоз ва мондагор ба ҳисоб меравад.

Барои донистани қиммати ин иқдом, лозим аст ба заминаҳои таърихии солҳои 20-30-юми асри гузашта назар андозем. Марҳилае, ки ин се абармард қадам ба майдони сиёсат гузоштанд, яке аз ҳассостарин ва тақдирсозтарин давраҳои миллати тоҷик буд. Дар шароити тақсимоти ноодилонаи марзию маъмурии Осиёи Марказӣ, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани номи тоҷикон ва заминҳои аҷдодии онҳо вуҷуд дошт.

Маҳз фидокорӣ, ҷасорати бемисл ва хиради сиёсии Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур буд, ки Тоҷикистон аввал ҳамчун мухторият ва соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шуравии ССР Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин масир, хизматҳои равшанфикр ва маорифпарвари бузург Нисор Муҳаммад, ки дар сохтани низоми маориф ва фарҳанги нави тоҷик саҳми беназир гузоштааст, фаромӯшнашаванда арзёбӣ мегардад.

Аммо таърих нисбат ба ин созандагон бераҳмии хосро раво дид. Сиёсати саркӯбгарии сталинӣ ё худ репрессия дар соли 1937 ин се ситораро бо иттиҳомҳои сохтаву ботил аз ҳаёт маҳрум ва ҷисми покашонро дар хоки дур аз Ватан, дар мазори маъруфи “Донское”-и шаҳри Маскав дафн кард. Даҳсолаҳо номи онҳо зери пардаи сукут ва фаромӯшӣ қарор дошт.

Эҳёи адолати таърихӣ нисбат ба ин шаҳидони роҳи истиқлол маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иродаи устувори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои аввали давлатдорӣ заминаҳои худшиносии миллиро таҳким бахшида, номи неки ин бузургонро барқарор намуда буданд. Сазовор гардонидани Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадами аввалин ва устуворе дар мустаҳкамкунии заминаҳои худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз бошад, ба Ватан баргардонидани мушти хоки оромгоҳи ин фарзандони фарзона унсури ниҳоии ин эҳтиром ва қадршиносиро такмил дод. Маросими мазкур танҳо як амали рамзӣ набуда, балки паёми амиқи маънавӣ ва дипломатӣ ба ҳисоб меравад.

Ин рӯзҳо дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон бори дигар худро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, фарҳангдӯст ва арҷгузоранда ба арзишҳои олии инсонӣ нишон дод. Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми дунё ва махсусан ҷавонон дарк карданд, ки Тоҷикистон ҳатто пас аз гузашти асрҳо фидоиёни худро фаромӯш нахоҳад кард.

Иқдоми мазкур пули маънавиеро мемонад, ки гузаштаи пурифтихорро бо имрӯзи соҳибистиқлол мепайвандад ва нишон медиҳад, ки пойдевори давлати имрӯзаи мо бар хуни кадом бузургон бино гардидааст.

Ҳамин тариқ, бозгашти хоки поки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба хоки Тоҷикистони биҳиштосо - пирӯзии қонунии ҳақиқат бар зулм ва хотираи миллӣ бар беэътиноӣ мебошад. Миллате, ки қаҳрамонони худро пос медорад ва онҳоро ба оғӯши хоки худ бармегардонад, ҳеҷ гоҳ дар чорроҳаҳои таърих гум нахоҳад шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ мактаби бузурги сабақи ватандӯстӣ барои насли имрӯзу оянда буда, номи Пешвои эҳёгарро дар саҳифаҳои заррини давлатдории навини тоҷикон ҷовидон мегардонад.

Аюбзода Сафар Аюб-дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат