, Панҷшанбе, 21-май

ХОКИ ФАРЗОНАГОН ОМАД БА ОҒӮШИ ВАТАН!


ХОКИ ФАРЗОНАГОН ОМАД БА ОҒӮШИ ВАТАН!

Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ҳастанд, ки танҳо як воқеаи сиёсӣ набуда, балки ҳамчун рамзи бедории виҷдон, эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба асолати миллӣ ҷовидона боқӣ мемонанд. Иқдоми таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид  ба Ватан баргардондани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат-Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва маърифатпарвари шинохта Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз маҳсуб меёбад.

Ин иқдом танҳо интиқоли рамзии мушти хок нест. Ин арҷгузории давлат ба таърих, эҳтироми миллат ба фарзандони содиқ ва таҷассумгари сиёсати фарҳангпарваронаву инсонмеҳваронаи Роҳбарияти Олии кишвар мебошад.

Воқеият ин аст, ки миллате, ки қаҳрамонони худро гиромӣ медорад, ҳаргиз аз саҳнаи таърих маҳв намешавад. Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи он чеҳраҳои нодири сиёсӣ буданд, ки дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Маҳз бо талош, матонат ва иродаи ин фарзандони ватандӯст пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким ёфта, Тоҷикистон ба ҳайси як воҳиди сиёсиву миллӣ арзи ҳастӣ намуд.

Бо ба даст омадани истиқлоли давлатӣ ва бо роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адолати таърихӣ тадриҷан эҳё гардид. Номи фарзандони фарзонаи миллат дубора зинда шуд, хизматҳои онҳо мавриди омӯзишу қадршиносӣ қарор гирифт ва ба Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон имрӯз бар пояи эҳтиром ба ҳақиқат ва хотираи миллӣ устувор аст.

Ба Ватан баргардондани мушти хоки ин абармардон аҳамияти бузурги маънавӣ ва сиёсӣ дорад. Ин иқдом паёми равшанест ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон давлати соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва арҷгузор ба арзишҳои миллӣ мебошад. Давлате, ки фарзандони фидоии худро ҳатто баъд аз даҳсолаҳо фаромӯш намекунад, бешак дорои фарҳанги волои давлатдорӣ аст.

Дар ин раванд нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва таърихист. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи ин фарзанди фарзонаи миллат худшиносии миллӣ таҳким ёфт, арзишҳои миллӣ эҳё гардиданд ва таърихи давлатдории тоҷикон аз нав мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифт. Пешвои миллат тавонистанд миёни гузашта ва имрӯз пули маънавӣ бунёд намоянд, то насли ҷавон дарк созад, ки давлатдории тоҷикон бо чӣ ранҷу фидокориҳо ба даст омадааст.

Ин иқдом рамзи ваҳдати маънавии миллат низ ҳаст. Зеро бозгашти мушти хоки фарзандони сарсупурдаи миллат ба Ватан, дар асл бозгашти ғурур, ифтихор ва виҷдони таърихии тоҷикон мебошад. Чунин рӯйдодҳо ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлат ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро дар қалби мардум тақвият мебахшанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи нави таҳкими давлатдорӣ қарор дорад. Дар чунин шароит эҳёи хотираи таърихӣ аҳамияти вижа касб мекунад. Миллате, ки гузаштаи худро мешиносад ва қаҳрамонони худро пос медорад, метавонад ояндаи худро бо эътимод бунёд намояд.

Бешубҳа, ин иқдоми таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат бар фаромӯшӣ ва эҳёи адолати таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгари арзишҳои миллӣ, посдори хотираи таърихӣ ва раҳнамои худшиносии миллӣ дар қалби мардум ҷовидон хоҳад монд.

Шарифзода Одинамо Пирназар, дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат


Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_9qihnlc8n3n1ghab6npks51eaq): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274