, Чоршанбе, 20-май

НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ


НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ

(дар ҳошияи маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ)

Дар таърихи давлатдории халқҳо рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун эҳёи виҷдон, бедории хотираи миллӣ ва рамзи адолати таърихӣ ҷовидона боқӣ мемонанд. Иқдоми наҷибона ва пурифтихори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат-Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад. Ин иқдом танҳо маросими рамзии интиқоли мушти хок нест, балки таҷассумгари эҳтироми давлат ба таърих, қадршиносии миллат аз фарзандони содиқ ва зуҳури сиёсати фарҳангсолоронаи Роҳбарияти Олии кишвар аст.

Дар воқеъ, миллате, ки қаҳрамонони худро зинда нигоҳ медорад, ҳеҷ гоҳ дар саҳнаи таърих гум намешавад. Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи он чеҳраҳои нодире буданд, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне қадам ба майдони сиёсат гузоштанд, ки сарнавишти миллатҳои Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тақсимоти сиёсиву маъмурӣ қарор дошт. Маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи ин фарзандони ватандӯст Тоҷикистон аз як воҳиди маҳдуди маъмурӣ ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт ва пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким пайдо кард.

Аммо таърих ҳамеша нисбат ба фарзандони бузурги миллат одил набудааст. Фоҷиаҳои сиёсии солҳои 1937 на танҳо ҷони ҳазорон фарзанди содиқи халқҳоро рабуданд, балки саҳифаҳои зиёди таърихи миллатро низ тира гардониданд. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад қурбони ҳамон сиёсатҳои саркӯбгарона шуданд. Бо иттиҳомҳои сохта онҳоро аз миён бурданд, аммо натавонистанд номи онҳоро аз хотираи миллат пок намоянд. Зеро хизмат ба миллат ҳаргиз нобуд намегардад.

Ифтихорафзост, ки истиқлоли давлатӣ ва талошҳои ватанхоҳона бо баҳрамандӣ аз ҳидоятҳои созандаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масир дари иқболу саодатро барои халқи Тоҷикистон кушод. Маҳз дар ин айём аз самари сиёсати дурандешонаи ин фарзанди фарзона адолати таърихӣ тадриҷан эҳё гардид. Барқарор намудани номи неки фарзандони миллат, омӯзиши фаъолияти онҳо, қадршиносии давлатӣ ва ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардондани Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур далели равшани он аст, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон имрӯз бар пояи эҳтиром ба ҳақиқат ва хотираи таърихӣ устувор гардидааст.

Дар ин баробар, ба Ватан баргардондани мушти хоки ин абармардон дорои аҳамияти амиқи сиёсӣ, маънавӣ ва дипломатӣ мебошад. Ин иқдом дар сатҳи байналмилалӣ низ паёми равшан дорад. Яъне Тоҷикистон имрӯз давлати соҳибихтиёр, дорои фарҳанги баланди сиёсӣ ва арҷгузоранда ба арзишҳои умумибашарист. Давлате, ки ҳатто пас аз даҳсолаҳо фарзандони фидоии худро фаромӯш намекунад, бешубҳа, соҳиби фарҳанги волои давлатдорӣ мебошад. Ин гуна муносибат ба таърих нишонаи камолоти сиёсӣ ва масъулияти ахлоқии роҳбарияти давлат аст.

Дар ин замина, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр барҷаста ва таърихист. Зеро маҳз бо талошҳои пайгиронаи ин абармарди дунёи сиёсат худшиносии миллӣ дар ҷомеа таҳким ёфт, арзишҳои миллӣ эҳё гардиданд ва таърихи давлатдории тоҷикон аз нав мавриди омӯзишу бознигарии илмӣ қарор гирифт. Пешвои миллат тавонистанд миёни гузашта ва имрӯз пули маънавӣ бунёд намоянд, то насли ҷавон бидонад, ки давлатдории тоҷикон бо чӣ қадар ранҷу қурбонӣ ба даст омадааст.

Ин иқдом ҳамчунин рамзи ваҳдати маънавии миллат аст. Вақте хоки фарзандони сарсупурдаи миллат ба оғӯши Ватан бармегардад, ин танҳо бозгашти мушти хок нест, балки бозгашти ифтихор, ғурур ва виҷдони таърихии миллат мебошад. Чунин рӯйдодҳо ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба давлат ва эҳтиром ба муқаддасоти милли¬ро дар қалби мардум тақвият мебахшанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи нави таҳкими давлатдорӣ қарор дорад. Дар чунин шароит эҳёи хотираи таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро миллате, ки гузаштаи худро мешиносад ва қаҳрамонони худро пос медорад, метавонад ояндаи худро бо итминон бунёд намояд. Ба ҳамин хотир, иқдоми Пешвои миллат на танҳо як амали инсонпарварона, балки як мактаби бузурги давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Бешубҳа, ин иқдоми таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат бар зулм, эҳёи адолат бар фаромӯшӣ ва ғалабаи хотираи миллӣ бар беэътиноӣ сабт хоҳад гардид. Номи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгари арзишҳои миллӣ, посдори хотираи таърихӣ ва раҳнамои худшиносии тоҷикон дар қалби мардум ҷовидона хоҳад монд.

Ҳақ бар ҷониби адиб аст, ки гуфта «Намакдони миллат кафи дасти Ӯст / Шукуҳу ҷалолаш ба мо обрӯст!» - дасти роҳбаре, ки қадри фарзандони фидокори Ватанро медонад, хотираи онҳоро зинда медорад ва миллатро ба сӯи ифтихори таърихӣ ва худогоҳии миллӣ раҳнамун месозад.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид- сардори маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат