,
Чоршанбе, 20-май
(Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Боиси сарфарозист, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи соҳибистиқлолии кишвар роҳи бузургеро тай намуда, дар арсаи байналхалқӣ ба муваффақиятҳо хело ҳам бузург ноил гардидааст. Таҷрибаи андухта дар ин самти ҳаётан муҳим барои кишварамон имкон медиҳад, ки равандҳои гуногуни муносибату ҳамкориро дар ҷаҳони муосир зери мушоҳида гирифта, нисбати онҳо назари хоссаи худро дошта бошем ва ба онҳо аз мавқеи худ баҳогузорӣ менамоем.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашнгирии 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Сиёсати пешгирифтаи давлат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди устувори кишвар, некӯаҳволии мардум, сохтмони институтҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, барқарор намудани муносибатҳои дустӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардида, ҷумҳурӣ тадриҷан мавқеву манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Дар марҳалаи муосир, таҳаввули босуръати низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳонишавӣ аз давлатҳои миллӣ таҳия ва татбиқи стратегияи дақиқ ва мақсадноки сиёсати хориҷиро тақозо менамояд. Воқеияти геополитикии имрӯза собит месозад, ки танҳо сиёсати хориҷии мутавозин, ки ба инобатгирии зарфиятҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегӣ асос ёфтааст, метавонад заминаи рушди устувори давлатро дар фазои ҷаҳонӣ фароҳам оварад.
Дар ин замина, муайян намудани афзалиятҳои стратегӣ ва дарёфти шарикони боэътимод ҷиҳати таъмини манфиатҳои мутақобила, аз ҷумлаи ҳадафҳои меҳварии ниҳоди дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ва фаъоли ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардида, дар ташаккули низоми нави ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми босазо мегузорад.
Шоёни зикр аст, ки тағйироти куллии сохторӣ дар арсаи байналмилалӣ зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо қудратҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пеш овардааст. Ин раванд ҷузъи ҷудонашавандаи дипломатияи муосири тоҷик буда, баланд бардоштани нуфузи давлат ва таъмини амнияти миллиро дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳон ҳадафи ниҳоӣ қарор медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касби Истиқлоли давлатӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ зуҳур намуда, принсипҳои стратегии сиёсати хориҷии худро дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ муайян кард. Давлати ҷавони Тоҷикистон фаъолияти худро ба таъмини сулҳу амнияти пойдор, дастгирии равандҳои ҳали силоҳ (аз ҷумла силоҳи ядроӣ ва дигар навъҳои аслиҳаи қатли ом) ва авлавияти воситаҳои дипломатию ҳуқуқӣ дар ҳалли муноқишаҳои байнидавлатӣ равона намудани худро эълон дошт. Заминаҳои ҳуқуқии ин иқдом дар санади сарнавиштсоз- “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” инъикос ёфтаанд. Мувофиқи ин санади муҳим: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва ғайраро барқарор менамояд, мубодилаи намояндагони босалоҳиятро анҷом дода, шартномаҳои байналмилалиро ба имзо мерасонад».
Бо дар назардошти ин дар марҳалаи муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ кардааст, ки ин гувоҳи эътирофи нуфузи геополитикии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар конвенсияҳои бунёдиро эътироф намуда, онҳоро ҳамчун зербинои низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии худ истифода мебарад. Дар ин замина, давлати Тоҷикистон усули инсонмеҳвариро асоси фаъолияти худ қарор дода, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ, ҳамчун арзиши олии конститутсионӣ эътироф менамояд.
Бояд иқрор гашт, ки нуқтаи гардиши таърихӣ ва оғози эҳёи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин анҷумани сарнавиштсоз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқию сиёсии таҳкими соҳибихтиёрӣ ва консепсияи созандаи сиёсати хориҷӣ тарҳрезӣ гардиданд. Нақши Сарвари давлат дар эҳёи сохтори давлатдорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва баргардонидани нуфузи Тоҷикистон ба арсаи байналмилалӣ ҳамчун меҳвари асосии таърихи навини кишвар эътироф мегардад.
Яке аз бартариҳои аҳаммияти байналмилалии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки маҳз дар ин ҳамоиши сарнавиштсоз принсипҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлол тарҳрезӣ гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати 25-умин солгарди ин рӯйдоди таърихӣ нақши калидии Иҷлосияро дар муайян кардани стратегияи робитаҳои хориҷӣ чунин арзёбӣ намуданд: «Дар ҷараёни кори Иҷлосия мо ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманди тарафайн дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Сиёсати сулҳ ва «дарҳои боз» ҳамчун ҷавҳари сиёсати хориҷии Тоҷикистон аввалин бор дар ҳамин Иҷлосия эълон шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфт».
Дар ҳақиқат таҳлили суханронии Сарвари давлат нишон медиҳад, ки консепсияи “сиёсати дарҳои боз” на танҳо як иқдоми дипломатӣ, балки воситаи стратегии таъмини амнияти минтақавӣ гардид. Санадҳои дар Иҷлосия қабулшуда заминаи ҳуқуқии эътирофи Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳонӣ фароҳам оварда, эътимоди шарикони байналмилалиро нисбат ба ояндаи суботи сиёсии кишвар таҳким бахшиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, оғози гардиши куллӣ дар таърихи муосири кишвар - марҳалаи эъмори Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил муайян намуд. Ин давра дар заминаи талошҳо ҷиҳати қатъи ҷанги бародаркуш, сарҷамъ намудани миллати тоҷик, гузоштани пояҳои ваҳдати миллӣ ва ташаккули низоми сифатан нави давлатдорӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.
Маҳз дар ҳамин фосилаи таърихӣ раванди ниҳодсозии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ оғоз ёфт. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар муайян намудани ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳо ва принсипҳои бунёдии сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллӣ муҳим ва созанда арзёбӣ мегардад.
Хусусияти хоси ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистони муосир дар он зоҳир мегардад, ки заминаҳои назариявии ин соҳаи муҳими идораи давлатӣ на дар доираи маҳдуди коршиносону назарияпардозон, балки ба таври таҷрибавӣ бевосита дар ҷараёни фаъолияти назаррас ва созандаи дипломатии Сарвари давлат коркард шудаанд.
Аз дигар ҷониб раванди барқарорсозии муносибатҳои хориҷӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ яке аз зинаҳои мураккаб ва стратегии давлатсозии навин дар марҳилаи ибтидоии истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёфт. Санаи 29-уми сентябри соли 1993, суханронии нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ заминаи консептуалии сиёсати хориҷии кишварро гузошта, ҳадафҳои созанда ва моҳияти сулҳҷӯёнаи давлати тозаистиқлолро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ташаккул дод, балки ҳамчун нуқтаи гардиш дар низоми дипломатияи миллии кишвар пазируфта шуд.
Дар баробари ин соли 2002 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон доктринаи сиёсати “дарҳои боз” таҳия ва пешниҳод гардид. Ин доктрина мафҳумҳои зеринро фаро мегирад:
Бисёрсамтӣ будани муносибатҳои байнидавлатӣ;
Кушодагӣ ба тамоми самтҳои сиёсӣ ва тамосҳои байналмилалӣ;
Густариши равобити тиҷоративу сармоягузорӣ.
Тағйироте, ки дар минтақа ва ҷаҳон аз нимаи дуюми соли 2001 ба амал омаданд, зарурати пешбурди чунин сиёсати хориҷиро ба миён оварданд, ки манфиатҳо ва масъулияти тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои соҳибкориро инъикос намуда, ба гузоштани саҳми муносиби онҳо дар татбиқи самараноки ин сиёсат мусоидат намояд. Ҳадафи асосӣ фароҳам овардани шароити мусоиди беруна барои пешбурди авлавиятҳои миллии рушд, таҳкими амнияти миллии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буд.
Табиист, ки ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамоянд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин созмонҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин моҳияти сиёсати дохиливу хориҷии онро амиқтар шиносад. Созмонҳои зикршуда аз ҷумлаи аввалинҳое буданд, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои пурмаҳсул барқарор намуда, кӯшишҳои худро на танҳо барои расидан ба сулҳ ва имзои Созишномаи сулҳ, балки барои таҳияи лоиҳаҳои барқарорсозии баъдинизоъ ва дастгирии рушди иқтисодиёти кишвар равона карданд.
Айни замон дар Тоҷикистон сафоратхонаҳои Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир, ИМА, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Фаронса, Федератсияи Русия, Узбекистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон, Қазоқистону Қирғизистон ва дигар кишварҳо фаъолият доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ, намояндагиҳои дипломатии худро дар Австрия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, ИМА, Италия, Кувайт, Малайзия, Миср, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, Фаронса, Чин, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Ҳиндустон, Қатар, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон ва дигар кишварҳо кушодааст. Инчунин, намояндагиҳои доимии кишвар дар назди СММ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Аврупо фаъолият мекунанд.
Маълум аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ маҳсули татбиқи сиёсати хирадмандона ва ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки Пешвои миллат ташаббускори шаш раванди бузурги глобалӣ маҳсуб меёбанд: «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Соли ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025) ва эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Ҳар яке аз ин ташаббусҳо барои башарият аҳаммияти ҳаётан муҳим дорад.
Дар раванди бартарафсозии чолишҳои фаромиллӣ, ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши консептуалӣ ва меҳварӣ мебозанд. Сарвари давлат мафҳуми «дипломатияи об»-ро ба илми муносибатҳои байналмилалӣ ворид намуда, платформаи универсалиро барои муколамаи созандаи байнидавлатӣ пешниҳод карданд. Силсилаи иқдомҳои глобалии Тоҷикистон, ки пайваста аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ пуштибонӣ ёфтаанд, ҷойгоҳи кишварро ҳамчун пешвои ин раванд мустаҳкам намуданд:
«Соли байналмилалии оби тоза, 2003»;
«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015»;
«Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»;
«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»;
«2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар дипломатияи оби ҷаҳонӣ мустаҳкам намуданд.
Гузашта аз ин, ташаккули низоми дипломатияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти созандаи Пешвои миллат робитаи ногусастанӣ дошта, аз марҳалаи буҳронӣ то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст. Татбиқи пайвастаи консепсияи сиёсати “дарҳои боз” имкон дод, ки кишвар аз бунбасти геополитикӣ раҳо ёфта, ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад. Муайян намудани ҳавзаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим на танҳо нуфузи давлатро боло бурданд, балки устувории манфиатҳои миллиро дар шароити ҷаҳонишавӣ таъмин намуданд. Гузашта аз ин, заминаҳои ҳуқуқиву назариявии дар ин давра гузошташуда барои рушди минбаъдаи робитаҳои бисёрсамта ва таҳкими амнияти минтақавӣ ҳамчун пойдевори асосӣ хизмат мекунанд. Масири тайкардаи дипломатияи тоҷик собит месозад, ки стратегияи дурусти сиёсати хориҷӣ омили калидии ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва эътибори давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамин тавр, хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ин сарзамини аҷдодӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сарҷамъиву муттаҳидии миллат аз корнамоиҳои Куруши Кабир, ки бори нахуст аз ҳуқуқи инсон сухан гуфт, аз амирони сомонӣ, ки сарфи назар аз фишори араб истиқлолияти мулкро устувор намуданд, заррае кам нест. Хушбахтона, дар давоми 35-соли истиқлолият фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ ва хушбахтии комилро ба даст оварданд. Имрӯз ҳамагон шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоем ва аз он фахр мекунем, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор дорем.
РАМАЗОН ФАЙЗОВ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ