,
Шанбе, 16-май
Ҷавонон неруи пешбарандаи ҳар давлату миллат ба шумор мераванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонон ҳамчун қувваи созанда ва ояндасози ҷомеа мавқеи махсус доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун идомадиҳандаи роҳи давлатдорӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ арзёбӣ мекунанд. Бо дастгирии Пешвои миллат барои ҷавонон шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва рушди қобилиятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, мо-ҷавонони кишвар, худро пайравони содиқ ва вафодори Пешвои миллат меҳисобем.
Имрӯз сиёсати ҷавонпарваронаи давлат ба рушди маънавиёт, илму дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон равона гардидааст. Бо ташаббуси Президенти мамлакат қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон қабул шуда, барои баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла, таъсиси стипендияҳои президентӣ, квотаҳои махсус барои донишҷӯён, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ далели ғамхории роҳбарияти давлат нисбат ба ҷавонон мебошад. Ин тадбирҳо боис гардидаанд, ки ҷавонон ба илмомӯзӣ ва касбомӯзӣ бештар рӯ оваранд.
Яке аз намунаҳои равшани дастгирии ҷавонон ин баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” мебошад. Ин озмунҳо барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва рушди тафаккури эҷодӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, давлат барои ҷавонони болаёқат имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишварро муҳайё кардааст. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба неру ва қобилияти ҷавонон эътимоди комил доранд.
Ҷавонони тоҷик имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд. Онҳо дар рушди иқтисодиёт, илму техника, варзиш, фарҳанг ва ҳифзи марзу буми кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Муваффақиятҳои ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва озмунҳои илмӣ обрӯи кишварро дар арсаи ҷаҳон боло мебардоранд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад, ки ҳамеша ҷавононро ба ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят мекунанд.
Дар замони муосир ҷавонон бояд масъулияти бузурги худро дар назди ҷомеа дарк намоянд. Пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат маънои дӯст доштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва саҳм гузоштан дар пешрафти давлатро дорад. Ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода намуда, барои ободии Тоҷикистони азиз талош варзанд. Танҳо ҷавонони соҳибмаърифат ва худогоҳ метавонанд ояндаи дурахшони миллатро таъмин созанд.
Хулоса, мо-ҷавонони Тоҷикистон, имрӯз бо ифтихор худро пайравони Пешвои миллат меҳисобем. Зеро тамоми дастгириҳо ва ғамхориҳои давлат ба хотири рушду камолоти мо равона гардидааст. Мо ҷавонон вазифадорем, ки бо дониш, меҳнат ва рафтори намунавӣ ба боварии Пешвои миллат сазовор бошем. Бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мо метавонем Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам пешрафта ва обод гардонем.
Хоҷаев Азизулло-донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ