,
Сешанбе, 12-май
Агар ба таърихи журналистикаи тоҷик назар афканем шоҳиди он мешавем, ки заминагузори журналистикаи тоҷик адибон ва публитсистон буданд. Ҳанӯз аз замони таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухрои Шариф» то ба имрӯз дар рушди журналистика адибону нависандагон ва шоирон саҳми арзандае доштанду доранд. Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва даҳҳо нависандагону шоирони дигар фаъолияти эҷодии худро аз кори рӯзнома шурӯъ намудаанд.
Дар ин маврид профессор Иброҳим Усмонов дуруст гуфтааст, ки «Миллати тоҷик дар таърихи дуру дарози худ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, махсусан маънавиёт, нобиғаҳои зиёдеро ба арса овардааст, ки онҳо ҳар кадом бо инсондустиву миллатпарвариаш нақши назаррасе гузоштаанд. Аз ин зумра асри XX ҳади ақал чор танро медонад: С. Айнӣ, Б. Ғафуров, А. Лоҳутӣ ва М. Турсунзода. Онҳо бо кор ва эҷоди худ ба эътибори миллатмон чизе зам карданд, арзишҳои миллиямонро густариш доданд ва халқу давлати тоҷиконро ба курсии эътибор нишонданд».
Яке аз чунин шоирони бомаҳорату номдор Мирзо Туурсунзода мебошад, ки то ба имрӯз миёни мардум чун шоири сулҳсаро шинохта мешавад. Бояд гуфт, ки Мирзо Турсунзода дар баробари шоирӣ ба кори рӯзноманигорӣ низ машғул буд ва дар рушди журналистикаи тоҷик низ нақши арзандае дорад. Агар гӯем, ки Мирзо Турсунзода фаъолияти эҷодии худро чун рӯзноманигор оғоз кардааст хато нахоҳем кард. Зеро шоир ҳанӯз дар сини 21-солагӣ ба ҳайси котиби масъул ва мудири шуъба дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» корро шурӯъ намудааст. Маҳз дар ин сину соли хеле ҷавон фаъолияти журналистии Мирзо Турсунзода дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз шуд.
Фаъолияти журналистии Мирзо Турсунзодаро метавон ба се давра ҷудо намуд: Солҳои сиюм, солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ва солҳои панҷоҳум.
Солҳои 1930-1935 Мирзо Турсунзодаро метавон чун журналист шинохт. Зеро дар ин давра ӯ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон») дар вазифаҳои гуногун кор карда, ба навиштани хабару мақола ва очерку лавҳа машғул буд. Дар мақолаву очеркҳои Мирзо Турсунзода мавзуъҳои доғи рӯзи ҷомеаи ҳамонвақта инъикос мегардид. Ҳанӯз дар давраи аввали фаъолияти журналистии худ доир ба вазифаҳо ва нақши мухбирон дар рушди соҳаҳои гуногуни халқ мақолаи калонҳаҷме навишта буд, ки он дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» нашр шуд. Ин мавзуъ дар мақолаҳои дигари шоир низ таҳлил шудааст. Масалан, 31-майи соли 1931 мақолаи Мирзо Турсунзода бо сарлавҳаи «Вазифаи навбатии мухбирон» дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» нашр шуд, ки дар он мушкилоти рӯзноманигорони ҷавон, вазифаҳои навбатии онҳо ва масъалаи омода намудани мухбирони бомаҳорат баррасӣ гардидааст. Мирзо Турсунзода дар ин мақолаи худ таъкид менамояд, ки «Вазифаи аслии матбуот ин омода намудани кадрҳои болаёқати рӯзноманигорист. Инчунин бо роҳи фаъол намудани маҳфилҳо ва рушди газетаҳои деворӣ метавон дар омода намудани мухбирони газета саҳм гузор бошем».
Бояд гуфт, ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шоир аз соли 1930 то соли 1934 фаъолият кардааст. Дар тули панҷ соли фаъолияти рӯзноманигории худ дар ин рӯзнома Мирзо Турсунзода 18 мақола нашр намудааст.
Аз соли 1934 Мирзо Турсунзода ба шаҳри Хӯҷанд рафта, чанд муддате он ҷо кору фаъолият мекунад. Шоир дар ин ҷо баробари фаъолият намудан ба ҳайси мудири шуъбаи адабии театри Хуҷанд, инчунин бо рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» ҳамкорӣ намуда, хабару мақолаҳо, гузоришу мухбирнома ва очерку лавҳаҳояш дар ин рӯзнома нашр мешуд. Дар ин давра мақолаҳои Мирзо Турсунзода фарогири мавзуъҳои театру кино, ҳёти ҳунармандон, мушкилоту пешрафти ин соҳа ва роҳи ҳалли онҳо буд.
Дар солҳои чилум низ дар мақолаҳои Мирзо Турсунзода бештар мавзуъҳои театру кино, рушди соҳаи фарҳанг, тарғиби ватандӯстиву ватандорӣ ва ба ин монанд буд. Дар ин давра мақолаҳои Мирзо Турсунзода дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» нашр мешуд.
Фаъолияти публитсистии Мирзо Турсунзода дар солҳои панҷоҳум аз давраҳои дигари эҷодиёти шоир фарқ мекунад. Зеро дар ин давра навиштаҳои шоир аз доираи мушкилоти кишвар берун рафта, инъикосгари мавзуъҳои доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Дар ин давра дар мақолаҳои шоир бештар мавзуъҳои сулҳу дӯстӣ миёни халқи ҷаҳон, инсондӯстӣ, садоқату вафодорӣ, адолату ростӣ ва ба ин монанд буданд. Шоир он замон, ки дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ кор мекард, мавзуву муҳтавои мақолаҳояш аз доираи як кишвар берун рафта, дар навиштаҳояш масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳониро таҳлил менамуд. Худи шоир иброз намудааст, ки «Барои ман фарҳанг ва сиёсат ҷудонопазиранд». Мақолаҳои «Садои сарбози сулҳ», «Барои сулҳ ва дӯстии халқҳо», «Барои хушбахтии кӯдакон» аз ҳамин қабиланд. Дар ин давра, ки Мирзо Турсунзода дар вазифаи Раиси итифоқи нависандагони Тоҷикистон кор мекард, ба кишварҳои дунё сафар менамуд ва дидаву шунидаҳои худро аз ин сафарҳо дар шакли мақола ва сафарнома рӯи чоп меовард.
Дар маҷмӯъ, Мирзо Турсунзода публитсисте буд, ки мушкили доғи ҷомеаро ба риштаи таҳлил мекашид. Ӯ на танҳо шоири тавоно, сиёсатмадори шинохта, инчунин рӯзноманигори бомаҳорат буд.
Фарзона Исмоилова, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ