,
Сешанбе, 12-май
Инсоният ҳамеша мехоҳад дар амнияту осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ умр ба сар барад. Орзую омоли худро амалӣ сохта, аз хеш асари хуб ва хотираи некро боқӣ гузорад. Аслан, аҳли башар як мабдаъ ва як ҷавҳар дорад ва ҳама фарзандони ҳамон як волидайн мебошанд, аммо таъзияи неку бад дар ниҳоди инсоният ӯро нагузошт, ки як маром ҳаммақсад ва ҳампаймону ҳамқисмат бошанд. Аз ин рӯ, гароишҳо ба самти муқобил бархеро душманӣ аксарият намуд ва барои ноамнии ҷомеаи ноороми инсоният равона намуд.
Падидаи терроризм, ки таи солҳои охир инсониятро ба таҳлука андохтааст, таърихи куҳан дорад он аз пайдоиши инсон дунболагири фарзанди инсон аст ва ӯро ҳамеша ба бадкориҳо, ғаразҷӯиву ҷангу низоъҳо раҳнамоӣ мекунад. Ба кадом як таърихе назар нандозем, дар он моҷароҳо, истилоҳо, ҳарбу зарб ва қурбониҳои бешуморро мебинем. Агар ба асли ин даргириҳо ва моҳияти онҳо воқеъбинона бинем ҳувайдост, ки як ё якчанд нафаре пушти ин ҳама нобаробариҳо қарор доранд. Ҳамин таҷрибаҳои таърихӣ барои ашхосе, ки мақсад ва ниятҳои одилонаи зиндагӣ ва фарҳанги ҳастиро намедонанд, роҳнамои моҷароҷӯи навбатӣ мегардиданд. Ин падидаи зидди башарӣ, ки имрӯз тероризмаш мехонем, то бадаргоҳи подшоҳони замон роҳ ёфт ва онҳоро маҷбур сохт, ки ба кишварҳои дигар тохту тоз намуда, онҳоро дучори қурбониҳои молию ҷонӣ, гардонанд.
Оё башарият метавонад фоҷиаи ба насли башар овардаи Чингизхони манҳусро фаромуш кунанд, чунин “Чингизҳо” дар таърихи инсоният ҳазорҳо сар бароварда барои фарзандони инсон талафотҳои зиёдро расонидаанд. Бе ягон шакку шубҳа онҳо тераристони нахуст буданд ва ҳамеша бар зиди оромӣ, осоиштагии башар баромад мекарданд.
Ин падида дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ба таври расмӣ шинохта шуд. Инсони покҷавҳар ва асил ин зуҳуротро пурра ошкор сохта, онро ба тамоми сокинони сайёра муаррифӣ намуд. Бо вуҷуди ин, ин падида рӯ ба инкишоф аст ва қурбониҳои зиёдро дар пеш дорад. Акнун онҳо дар миқёси башар дорои нуфуз буда, роҳҳою василаҳои навро ҷустуҷӯ доранд. Воситаҳои иттилоотии муосир имкониятҳои онҳоро васеъ мегардонанд ва фазои таблиғотии онҳо фаротар шуда истодааст. Падидаи терроризм ба яке аз қазияҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Аксаран ин зуҳуррот ҷавононро ҷалб намуда, онҳоро мубтало месозад. Ваъдаю ваъидҳои ташкилоти террористӣ воситаи муҳимми ба дом кашидани одамон мебошад. Ҷавонони бемаърифат ва содалавҳ, ки аз камҷуратӣ ва беҳавсалагӣ натавонистанд роҳи худро дар зиндагӣ пайдо намоянд, бо андак таҳарруки ин ташкилотҳо ба онҳо мепайванданд ва дар як вақт ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан ғуломи якумраи онҳо мегарданд. Мо шоҳиди ҳазорҳо ҳолатҳое ҳастем, ки ин бадомафтодагон аз кирдори хеш пушаймон мешванд ва дигаронро барои нагаравидан даъват месозанд. Аммо муатассифона, бозори террористҳо коста нагардидааст. Ба ҷои як ё ду нафар боз нафарони зиёде ба ин роҳ рафтанду наомадаанд.
Бо вуҷуди саъю талошҳои зиёди ҳукумати кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои амниятиву қудратӣ, мутаасифона, намояндагони миллати мо низ мубталои ин зуҳуроти номатлуб гардиданд. Президенти кишвар дар ҳама баромадҳои худ ба ин масъала дахл намуда, барои пешгирии ингуна гароишҳо аҳли ҷомеаро даъват месозад. Дар ҳақиқат дар шароити кунуни кишвари мо рӯ овардан ба ташкилотҳою гурӯҳҳои террористӣ ҷаҳолат аст. Брои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон тамоми шароитҳо барои ворид гардидан ба зиндагии босаодат ва шарафмандона мавҷуд аст. Барои гирифтани дониш, ихтисосу ҳунарҳои гуногун дар дохил ва берун аз он интихобҳои номаҳдуд мавҷуд аст тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ки аксариятро ташкил медиҳанд бояд барои нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сафарбар карда шаванд. Ин амал пура имконпазир аст. Таълим ва тарбияи шаҳрвандонро бояд аз ибтидо зери назорат гирем, баландшавии сатҳи дониш ва тавсияи ҷаҳонбинии илмии наврасон ва ҷавонон омил муҳими ҳамроҳ нагардидани онҳо ба созмонҳои ифротӣ мебошад.
Маълум аст, ки агар инсон дорои маърифат ва ақидаи солим бошад аз роҳ баровардани ӯ ғайри имкон аст. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки дар сафи ин созмонҳои террористӣ одамони босавод ва дорои ҷаҳонбинӣ ҳастанд. Мутаасифона, ин ҳолатҳои алоҳида низ ҷой дорад, вале ин ашхос бо ихтиёр иродаи хешро ғуломи хоҷагони хеш гардонида, ҳуқуқи инсонии хешро аз даст медиҳад ва дар радифи хиёнаткорон қарор мегирад.
Дониш, хиради азалӣ, маънавиёт, фарҳанг, истеъдод ҳамагӣ захираи зеҳни инсониятанд ва онҳо бояд дар хизмати инсон ва ҷомеаи солими инсонӣ қарор дошта бошанд. Ҳар он донише, ки ба муқобили навъи башар истифода мешавад, дониш набуда, ҷаҳли маҳз мебошад.
Таълим ва тарбияи муосир бояд муассир бошад то тавассути он муҳасилин тавонанд ба моҳияти ҳастӣ, арзишҳои он, муҳаббат ба волидайн, миллат, Ватан ташаккул ёфта, ин маҳфумҳо барояш ивазнашаванда бошанд. Ин ҳамон вақт муяссар мегардад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа дар тарбия намудани фарзандони миллат саҳм гузор бошанд.
Самариддинова Зайнаб- дотсент, декани факултети физика ва математика
Шарипов Шамсиддин-омӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими он