,
Сешанбе, 05-май
(дар мисоли ҷомеаи Ҳинд)
Адабиёти муосири тоҷик чун идомабахши адабиёти классикӣ анъанаҳои неки онро идома дода истодааст. Дар саромади ин адабиёт устодон С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ ва М.Турсунзода меистанд. Ин адибон аз давраи аввали фаъолияташон ба масъалаҳои муҳими ҳаёти халқ даст зада, сифатҳои неку бади онро ифшо сохтаанд. Ин аст, ки ин адабиёт – адабиёти муосир, дар як муддати на чандон тӯлонӣ ба дили халқҳои ватанӣ ва хориҷӣ роҳ ёфтааст.
Мирзо Турсунзода аз давраҳои аввали фаъолияташ ба ҳаёти халқи меҳнаткаш таваҷҷуҳ дошта, дар бисёре аз манзумаҳояш ба ин табақа ҳиссиёт доштанашро баён кардааст. Маҳз таваҷҷуҳ ба халқ доштани устод Турсунзода буд, ки ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқ мешинохтанду дӯст медоштанд.
Ашъори ба хориҷа бахшидаи Турсунзода як ҷузъи ҷудонопазири осори ӯро ташкил медиҳад. «Тамоми Осиё ва Африка дар эҷодиёти М.Турсунзода чун паҳлавони замони мо қомат афрохтаанд».
Мавзуи Шарқ дар осори шоир мавқеи аввалиндараҷа дорад. Бисёртар ӯ ба вазъи иҷтимоии зиндагии мардуми ин минтақа таваҷҷуҳ доштааст, ки «мавзӯи озодии халқҳои Шарқро ман ҳеҷ гоҳ тарк нахоҳам кард. Ин мароми асосии на фақат эҷоди бадеии ман, балки тамоми фаъолияти ҷамъиятии ман аст», - гуфтааст шоир.
Дар байни силсилаи шеърҳои ба хориҷа бахшидаи М.Турсунзода «Қиссаи Ҳиндустон» маъруфияти бештареро ба худ касб кардааст, зеро ки Ҳиндустон ва мардуми он аз қадим таваҷҷуҳи одамонро ба худ ҷалб кардааст ва онро «кишвари афсонавӣ» номидаанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар ин сарзамин борҳо лашкаркашию ғорат шудааст. Дар фироқи он Искандари Мақдунӣ кабоб шудаву Бобуру Темур низ «хоку туроб» шудаанд.
Ин замин кардаст аз даври кӯҳан
Фикри оламро асири хештан.
Дар фироқи он Сикандар шуд кабоб,
Бобуру Темурҳо хоку туроб.
Ҷангҳои Султон Маҳмуд низ дар ин сарзамин солҳо давом кардааст. Лашкаркашии Маҳмуд ба Ҳиндустон бо тарғиби ҷорӣ намудани ислом ҷараён меёфт. Вале Маҳмуд ғолибан ба ғорату тороҷи ин кишвар қадам ниҳод. Вай ёдгориҳои зиёди мардуми Ҳиндро сӯзонда несту нобуд кард. «Султон Маҳмуд баробари ғорати боигарӣ ва помол намудани ёдгориҳои мадании Ҳиндустон аз мардуми он ҷо ҳам зӯран ба шаҳрҳои худ, аз ҷумла ба Ғазнин чун ғулом хеле овардааст».
Мавзуи Ҳиндустон барои М.Турсунзода нав нест. Вай аз даврони кӯдакиаш дар бораи ин сарзамин нақлу ривоятҳо мешунид. Орзӯи дидани ин кишварро дар дили кӯчакаш мепарварид. Чунон ки худи шоир дар ин бора гуфтааст: «Овони кӯдакиам дар бораи кишвари афсонавии Ҳиндустон ривоятҳои бисёре шунида будам. Дар деҳаи мо ҳиндуён иқомат доштанд. Аз кӯдакӣ бо сурудҳои оригиналию соф халқии онҳо таваҷҷуҳи хосса доштам».
Аз ин бармеояд, ки М.Турсунзода ба ҳаёти мамлакатҳои Шарқ диққати бештари худро равона мекардааст. Шоир дар солҳои аввали эҷодиёташ «… аз рӯи хабарҳое, ки дар матбуоти советӣ дар бораи вазъи кишварҳои ҳамсоя чоп мешуданд дар баъзе асарҳои худ изҳори андеша мекард».
Соли 1947 Мирзо Турсунзода ба ҳайси депутати Совети Олии СССР интихоб мешавад ва то охири умраш ин вазифаи пурифтихорро сарбаландона адо менамоянд. Ин сол, яъне соли 1947 дар ҳаёти шоир тағйироти зиёдеро меоварад, ки ба фаъолияти минбаъдаи шоирии ӯ мисли гушту нохун вобаста мегардад. Суханҳои шоир аз ин ҷиҳат ҷолиби диққат аст «Ҳамон сол ба сифати узви ҳайати намояндагони советӣ дар якумин Конференсияи кишварҳои Осиё ба Ҳиндустон сафар кардан бароям муяссар гардид. Таҳти таассуроти сафари ин кишвари бостонӣ, ки на танҳо аз лиҳози ҳамсоягӣ, балки ба туфайли афсонаву ҳикоятҳои аҷоибу ғароиби овони кӯдакиам ҳамеша нисбат ба он мухаббат мепарваридам, силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-ро иншо намудам».
Ба Ҳиндустон сафар кардам замоне,
Ман аз ин кишвари чун бӯстоне.
Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» намунаи олии балладаи тоҷик мебошад, ки аз таассуроти шоир дар сарзамини Ҳинд ба вуҷуд омадааст. Ин силсила аз ду қисм иборат мебошад, ки қисми аввали он соли 1947 навишта шудааст ва аз шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандрӣ», «Дар ёди кас» иборат аст. Қисми аввали ин силсила ҳамчун комёбии назми тоҷик дониста шуда, шоир барои он соли 1948 сазовори мукофоти давлатии СССР гардидааст, ки инро аз гуфтаҳои худи шоир низ ба хуби маълум карда метавонем «Барои ин асар ман дорандаи мукофоти давлатии СССР гардидам».
Ба қисми дуюми шеърҳои Ҳиндустонии шоир «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзӯи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледианӣ» ва «Ду роҳ» мансубанд.
Шоир дар ин сафари худ дар Ҳиндустоняк моҳ меҳмон мешавад ва дар давоми ин вақт вазъи зиндагии мардумро меомӯзад.
Ба мулки ношиносе бо рафиқон
Шудам як моҳ мисли дӯст меҳмон.
Фикру мулоҳизаҳои М.Турсунзода дар силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ҳамчун силсилаи меҳру нафрат таҷассум ёфтааст. Силсилаи меҳру нафрат ном гирифтани он рамзӣ буда, асрори мардуми Ҳиндро мекушояд. Ҳиндустон наздики 200 сол дар зери тасарруфи империалистони Англияю Амрико буд, ки «тақдири ин миллатро ҳал мекарданд».
Гарчи дусад сол дар ин хона монд
Боз ба ин оила бегона монд.
Ин ҷо ногузир саволе ба миён меояд, ки чӣ чиз метавонист шоирро водор созад, то силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»ро эҷод намояд? Оё таваҷҷуҳи шоирро боигарии ин сарзамин ба худ ҷалб кардааст? Оё вазъи ҳаёти халқ ӯро ба ин водор кард? Ба ҳамаи ин саволҳо аз худи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон метавон посух ҷуст. Акнун таваҷҷуҳ мекунем ба ин порчаи шеърӣ:
Нагӯям ман на аз ҷодугаронаш,
На аз чашмони тарсодухтаронаш,
На аз осорҳои мармаринаш,
На аз мумтозҳои нозанинаш,
На аз раққосаи товусхиромаш,
На аз овозҳои хушкаломаш,
На аз оҳӯи кӯҳии раманда,
На аз кабки ғазалхони паранда,
На аз фили сафеди кӯҳвораш,
На аз ғоратгарони киштзораш.
Бубинед, ки диққати шоирро ин зебоиҳо: чашмони духтарон, осорҳои мармарин, мумтозҳои нозанин, раққосаи товусхиром, овозҳои хушкалом, оҳӯи кӯҳи, кабки ғазалхон ва фили сафед, ки рамзи бузургии Ҳиндустон аст, ба худ ҷалб накардааст. Пас М.Турсунзода чиро тасвир кардан мехостааст?
На аз ришку на аз ҳиндуи бадбахт
На аз оғову давлатманди дилсахт,
На аз бабру паланги даҳшатангез,
На аз хашми адоватҳои хунрез.
Риштаи назари шоирро на ину на он, балки:
Ҳикоят мекунам аз қалби пуршӯр,
Ҳаёти мардумони зиндадаргӯр.
ба худ ҷалб кардааст. Мардумоне, ки соҳиби ин сарзаминанду «зиндадаргӯр» ҳастанд.
Силсилашеъри «Қиссаи Ҳиндустон» бо чунин эпиграф: «Аз аҳолии Ҳиндустон 60 000 000 нафар ба кастаи «нафратзадагон» тааллуқ доранд» оғоз мешавад. Баллада то як андоза хусусияти нақлӣ дорад. Он аз забони бобо ба набера гуфта шудааст ва табиист, ки ин набера худи шоир аст. Шоир аввал таваҷҷуҳи хонандаро ба гузаштаи Самарқанд равона сохта сипас дар заминаи он ба асли мақсад мегузарад.
Маро рӯзе ҳикоят кард бобо,
Ки бишнав, ҷони бобо, қиссаеро.
«Қиссаи Ҳиндустон» на фақат дар бораи халқҳои мазлуми Ҳинд ва дигар мамлакатҳои Шарқ навишта шудааст, балки даъвати шӯълаваре бар ин халқҳост, то ки ҳуқуқи инсонии худро дарк намуда, муборизаи озодихоҳиро шиддат диҳанд».
Дар тасвири махавҳои Ҳиндустон М.Турсунзода ҳикоятҳои дар кӯдакӣ шунидаи худро, ки дар бораи махавҳои Самарқанд буд ба ёд оварда қиссаро оғоз менамояд. Дар сарчашмаҳо қайд шудааст, ки пеш аз Инқилоби Октябр дар Самарқанд низ «махавҳо» буданд ва М.Турсунзода аҳволи махавҳои Самарқандро бо махавҳои Ҳиндустон дар муқоиса гузоштааст. Фарқияти кулли дар он ин аст, ки махавҳои Ҳиндустон аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум карда шудаанд. Ҳатто гуфта мешавад, ки ин қисми аҳолӣ ҳангоми дар кӯчаҳо гаштанашон дар миёнашон махсус латтаеро мебастанд, ки нишонаи «махав» буданашонро доштааст. Ҳангоме, ки онҳо роҷаҳо ё браҳманҳоро медиданд аз худ садои баланде мебароварданд, то ки роҷаҳо аз омадани ӯ хабардор шаванду «яктарафа» истанд, то рӯи махавро набинанд. Ин ҳолат нафрати шоирро ба вуҷуд оварда, нафратзада будани худи онҳоро баён кардааст. М.Турсунзода махавҳоро махав неву мустамликадоронро махав номидааст. Ғайр аз ин онҳоро ба рӯбоҳ монанд карда, аз халқи ситамкаш даъват ба амал меоварад, ки:
Барояд бо табассум гар зи хиргоҳ
Хиёнаткори ҷамъият чу рӯбоҳ.
Бирав халқи ситамкашро хабар кун:
«Махав омад, махав омад, ҳазар кун!».
Махавҳо низ аз ин ҳолати худ дилгир шуда буданд, онҳоро гузори касе намеафтод, на аз ёр, на аз хешу табор. Ғайр аз хорию зорию гадоӣ чизе насиби онҳо намешуд. Ҳамеша аз халқ дур буда, худро ба мисли зиндаи дар гӯр медиданд. М.Турсунзода бо дидани онҳо пайваста аз худ суол мекунад:
Чӣ нуқсон дорад ин мардум, ки ин сон
Надорад қадру қимат мисли инсон?
Мирзо Турсунзода ҳамчун намояндаи халқи бародари Шӯравӣ ба он ҷо сафар карда буд ва ҳисси инсондӯстиаш боло гирифта, бо ҳар яки махавҳо ошноӣ карда даст медиҳад. Аммо махавҳо, ки аз роҷаҳои ҳиндӣ сахт дар ҳарос буданд ин ҳолатро дида аз сар то по ба ларза даромаданд. Аз сабаби он ки онҳо аз ҳама ҳуқуқҳо маҳрум буданд дасти шоирро нафишурданд.
Касе бом ан дар онҷо рӯ ба рӯ шуд,
Зи ҷону дил шарики гуфтугӯ шуд.
Чаро сар то ба по ларзиду наншаст?
Наяфшурд аз барои чӣ маро даст?
Маҳз ҳамин инсондӯстии самимона буд, ки «шеърҳои М.Турсунзода дар бораи кишвари азими Ҳинд дар мамлакатҳои хориҷа, хусусан дар Ҳиндустон, шӯҳрат ва маҳбубияти тамом дорад».
Инсондӯстии М.Турсунзода нисбати мардуми Ҳинд боиси он гардидааст, ки ҳатто махавҳо ҳам инсон будани худро дарк намоянд, чунки то он рӯз касе ба онҳо мисли инсон муомила намекард. Аз ин рӯ, ӯ ба Турсунзода муроҷиат карда мегӯяд:
Ба ман ӯ гуфт бо овози хомӯш,
«Намесозам туро ҳаргиз фаромӯш».
Чунин суханони самимӣ, ки аз тарафи махавҳо ба Турсунзода гуфта шудааст, дили ӯро реш карда «Саодатманд фарзанди советӣ» буданашро борҳо пеши назар меоварад. Шоир дар назди худ ваъда медиҳад, ки:
Маро ҳаргиз нахоҳад рафт аз ёд
Рухи он мардуми мазлуми ношод.
Дар шеъри «Меҳмони мағрибӣ» шоир аввалан таваҷҷуҳи хонандаро ба зебоиҳои кишвари Ҳинд ҷалб намуда печу тоб хурдани об, лолаву себарга, парвози уқоб, пари товус, наъраи филу бабру паланг, овози хуши булбулон, маймуни посухта, ки дар бешаи Ҳиндустон дида мешавад ҷалб менамояд. Сипас хонанди худро шоир ба сайри боғ мебарад. Ҳар касе, ки боре ба тамошои боғ рафта бошад, боғи тавиркардаи шоир пеши назараш меояд. Бӯйи хуши гулҳои боғ димоғи касро аз бӯй муаттар карданашро эҳсос мекунад:
Гар биравӣ ту ба тамошои боғ,
Мекунӣ аз бӯй муаттар димоғ.
Тасвири меваҳо дар боғ низ ҷолиби диққат аст. Чормағзи бемислу ананасҳои нағз, ки гӯё ба гули онҳо назар кунӣ ёди рухи духтари зебое мекарда бошӣ. Боғи тасвиркардаи М.Турсунзода дар канори руди Ганг буда, оби мусаффои он дар дохили боғ садои хушеро ба гӯш мерасонад.
Ин ҳама дар домани Ганг аст, Ганг,
Қиссаи шӯрафкани Ганг аст, Ганг….
Дар қисми дигари шеър шоир омадани «меҳмон»-и ғарбиро тасвир мекунад, ки ҷозибаи ин диёр, зебоиҳои он ва ҳисси зархоҳии меҳмон ӯро ба ин ҷо овардааст. Турсунзода бо истифода аз калимаҳои омиёна тинати ин ғарбиро ошкор кардааст. Омадани ӯ на аз барои аз ин зебоиҳо дидан кардан, балки барои «шираи ин бойзамин»-ро гирифтан аст.
«Қувваи пурҷозибаи ин диёр
Кард дили мардаки ғарбӣ шикор.
…Дағ-дағаи ӯ зи ҳад афзун бувад,
Аз хиради одамӣ берун бувад.
М.Турсунзода аз забони халқи мазлум сухан ронда, умеди онҳоро ба ояндаи хуб нишон медиҳад. Ҳарчанд, ки империалистон имрӯзҳо бар онҳо ҳукмрон бошад, аммо пояи ҳукми онҳо бебақост. Чунки халқ асоси давлатро ташкил дода, қувваи асосии пешбарандаи онро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ин ақидаи шоир аз забони халқ ҷанбаи табииро ба худ касб кардааст.
Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост.
Тамаъкорони мағрибӣ на танҳо халқи Ҳинд ва сарватҳои моддӣ ва маънавии ӯро тороҷ мекунанд, балки онҳоро аз оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ низ маҳрум намуда, аз онҳо чун махав ҳазар мекарданд. Гарчанде, ки империалистони англис ба сари халқ чӣ ҷафоҳое накарда бошанд, аммо дар дили ӯ як шӯълаи умед рушноӣ мекард. Пайкари ӯ аз зулм «хокистар» шуда бошад ҳам, дар дилаш як ахгар ҷилва зада, вайро ба ҳаёти нав дилгарм кардааст, ки ин ҳолат аз назари Турсунзода дур намондааст.
Гарчи сари халқ шуд аз ғам сафед,
Пур бувад аммо дили ӯ аз умед.
Пайкари он гарчи чу хокистар аст,
Лек ниҳон дар дили ӯ ахгар аст.
Ҳар қадар ки ганҷи ин сарзаминро мустамликадорони англис кашидаанд, боз ҳам ганҷ дар он фаровон аст, чунки дар он ҷо ҷавонони меҳнати зиёданд, аммо бо қомати хамида. Бо сари хам. Дар дили ин золими рӯбоҳмиҷоз ҳеҷ чиз асар надорад. Дар талаби нон бархе мардум ҳалок мешуданд, бархеи дигар хастаю афтода дар хок. На фарёди падар на аз писар барои ӯ аҳамияте надошт. М.Турсунзода:
Дида ман инро ҷигарам пора шуд
Ашк равон аз бари рухсора шуд.
Бо вуҷуди ин, ин ғарбии рӯбоҳмиҷоз чашми серӣ надошта ҳамеша талбандагӣ мекардааст. Ҳарчанд ӯ охирин луқмаи даҳони халқро кашида гирифта буд ва медонист, ки халқ ғайр аз ҷонаш дигар чизе надорад, аммо:
Мекунад ин ғарбии рӯбоҳмиҷоз
Дасти тамаъро сӯйи ҳиндӣ дароз.
«Дурри гаронро ба кафи ман бидеҳ,
Зар бидеҳу зар бидеҳу зар бидеҳ».
Дар шеъри «Рӯди Ганг» ҷанбаи тасвир хеле қавӣ аст. Шоир хомӯшии Ганги бузургро, ки аз миёнаи сарзамини Ҳинд мегузарад, ба рӯҳияи халқи он дар як саф гузоштааст. Рӯди Ганг ором ҷорист, вале дар дохилаш туғён дорад, монанди халқи Ҳинд, ки рӯҳан шикастаю ботинан дар дил шӯълаи умед мепарваранд. Шоир хомӯшии рӯди Гангро ба хомӯшии қаҳрамони достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳои Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Ҳилолӣ, Шоҳин - Маҷнун ҳамранг медонад. Маҷнун, ки аз ғами Лайлӣ дар кӯҳҳо сарсону саргардон мегашт ва ҳатто дар интизории Лайлӣ, ки дар болои сараш паррандае лона гузошта буд (дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҳилолӣ), бо образи рӯди Ганг мувофиқ аст. маҷнун барои Лайлӣ оромишашро аз даст додаву Ганг барои мардуми Ҳинд туғёнашро.
Гуфтам, эй Ганг, аз чӣ хомӯшӣ,
Аз чӣ дарёсифат намеҷӯшӣ?
Сар ба саҳро ниҳодаи, чунӣ,
Ё ки дар ғам шарики Маҷнунӣ?
Ҳар як шеъри силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» дар худ муқаддимае дорад. Он муқаддима иборат аст аз тасвири манзараҳои табиати Ҳинд, рӯди он, нақлу ривояту ёдоварӣ. Чи тавре ки дар боло баён намудем, ин ҷо мухтасаран шарҳ медиҳем, то ки асли мақсад намудор шавад. Шеъри «Бозгашт» - саҳнаи бозгашти шоир ба ватан, «Қиссаи Ҳиндустон» - нақли бобо ба набера, «Меҳмони мағрибӣ» - таваҷҷуҳ ба зебоиҳои табиат, «Рӯди Ганг» - ҷорӣ шудани об ва ғаму ғуссаи он.
Дар шеъри «Боғи муаллақ» бошад, шир диққатро ба боғе, ки дар Бомбай дидааст ва он мисли биҳишт аст ҷалб мекунад. Зебоии боғ то андозае будааст, ки қалами шоир аз тасвири он оҷиз будааст. Боғи сабзу муаттар, нозук ва ҳатто аз тозагии баргҳои дарахтон рӯбаҳу оҳуву фил дар он баргҳо акси худро дидаанд.
Рӯбаҳу оҳуву фил аз навдаҳо сабзидаанд,
Ҷонварон дар баргҳо тасврири худро дидаанд.
Паҳлуҳои гуногуни ҳаёти халқи Ҳиндро аз ашъори ҳиндустонии М. Турсунзода метавон омӯхт. Ҳар он чизе, ки шоир медид таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб накарда наметавонист. Масалан, кӯҳи баланди Ҳиндукӯш рамзи баландҳимматӣ ва қавигии мардуми Ҳинд ҳам дар силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ва ҳам дар достони «Ҷони ширин» аҳёнан тасвир шудааст.
Рақси зебои раққосаи ҳиндӣ Тара-Чандрӣ М.Турсунзодаро мафтун карда, балладаи дигари худро «Тара-Чандрӣ» ном мегузорад. Ҳамон тавре, ки Бедил аз хиромидани Комде ва толорро шайдо кардани ӯ сухан меронад, Турсунзода бошад аз санъати офариниши Бедил истифода карда онро дар симои Тара-Чандрӣ меофарад.
Комде дар достони «Комде ва Мадан»-и шоири ҳиндисабк Бедили Деҳлавӣ ҳунарваре аст, ки бо рақси худ ҳамаро мафтун мекунад ва ҷавони санъаткори дигар Комде ба ӯ ошиқ мешавад ва марворидеро, ки шоҳ ба ӯ дода буд ба пеши пои Комде мепартояд, ки ин аз ҳунари олии Комде шаҳодат медиҳад. Турсунзода Тара-Чандриро бо Комде дар як радиф мегузорад.
Ба мисли Комде дар ҳусну дар санъат ҷаҳонгирӣ
Ту, эй раққасаи даврон, Тара-Чандрӣ, Тара-Чандрӣ.
Шоир монандии ин ду ҳунарварро ҷустуҷӯ карда, ба хулосае меояд, ки агар Комде асираи шоҳи номдори асри ХУ11 Ҳиндустон бошад, Тара-Чандрӣ мазлумаи империалистони англис аст. Ҳар ду ҳунарманд ҳам аз як сарзаминанд ва сарнавишти ҳарду ҳам ба ҳам монанд. Ҳарчанд дар миён фосилаи тулонӣ – 300 сол бошад ҳам монандии ҳунарварони ин минтақа ҳамоно як аст. «Шеъри «Тара-Чандрӣ яке аз беҳтарин шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» аст, ки дар он баробари равшану возеҳ ифода ёфтани ғояҳои озодӣ, дӯстӣ, инсонпарварӣ дар санъати шеър, анъана ва навоварӣ хеле марбуту марғуб ба ҳусни баён расидааст.
Шоир симои раққосаеро тасвир кардан хостааст, ки зи «сар то нохуни по» ҳунарманду ҳунарпеша аст. Турсунзода нахуст диққати хонандарон ба рақси зебои Тара-Чандрӣ равона месозад:
Ба вақти рақси мавзунат, ба чашмони пурафсунат,
Кабӯтар дар ҳаво, оҳу ба саҳро гашта маҷнунат.
Ба вақти чархгардонат, ба гирди пойи печонат
Намояд ҷилва дар чашмам, пари товус ба домонат.
М.Турсунзода зебоии рақси Тара-Чандриро чунон моҳирона офаридааст, ки ҳатто аз чашмони пурафсунаш кабӯтарро дар ҳаво, оҳӯро дар саҳро Маҷнун кардааст. Аз тарафи дигар ҳангоми чархидан зебоии пироҳани ӯ ҷилваи пари товусро мемонад.
Бедил агар Комдеро ба хуршед монанд карда бошад, Турсунзода Тара-Чандриро ба моҳи пурра монанд кардааст:
Да зери анбарин зулфи сиёҳат чун қамар дидам,
Дар он аз офтоби Комде гӯё асар дидам.
Агар хуршед буд Комде, ту монанди маҳи бадрӣ,
Ба рӯйи осмони худ Тара-Чандрӣ, Тара-Чандрӣ.
«Шоир Тара-Чандриро ба Зӯҳраи осмонӣ – олиҳаи зебоӣ, суруду рақс ва хушию хурсандӣ монанд кардааст». М.Турсунзода қаҳрамони шеъри худ Тара-Чандриро ба роҳи мубориза даъват мекунад. Шоир ба ӯ муроҷиат карда мегӯяд, ки:
Матарс аз шӯълаҳои аввалини субҳи озодӣ,
Маларз аз боди даҳшатноки туфон мисли шамшоде.
Умеду орзӯи халқи худро дар дилат ҷо кун,
Дили пурҳасрати онро ба мисли ғунчае во кун.
Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» бисёр хусусиятҳои тарҷимаиҳолӣ дорад. Аз он лаҳзаҳои нотакрори зиндагии шоирро дар Ҳиндустон метавон дарёфт кард. Шеъри «Тара-Чандрӣ» ҳарчанд васфи зебоиҳои рақс ва хиромидани раққосаю афсункории ӯ бошад, аммо ҳадафи Турсунзода аз он чизи дигар аст. Ӯ нишон додан хостааст, ки ҳунармандони Ҳиндустон дар чӣ гуна вазъият қарор доранд.
Қисми аввали силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» бо шеъри «Дар ёди кас» ба поён расидааст. Он гусели шоир ва ҳамсафаронашро, ки аз «ҳашт республикаю аз як ватан» буданд дар бар мегирад. Шеър ба он хотир «Дар ёди кас» ном гирифтааст, ки Турсунзода нигоҳи пурмеҳри халқи Ҳиндро эҳсос карда ёди онҳоро дар хотири худ нигоҳ доштан хостааст.
Хубтар кардам нигаҳ ман сӯйи дӯст,
То барам бо худ нишон аз рӯйи дӯст:
Сӯйи он рухсору чашмони сиёҳ
Бо муҳаббат менамудам ман нигоҳ.
Дида дидам, чун чароғи мурдае,
Рӯй дидам, чун гули пажмурдае.
Муроҷиати шоир ба халқи Ҳинд баҳри озодии худ, истиқлолияти комил ва шоду хуррам гаштани диёр чунин баён шудааст:
Чустуҷӯ кун боғбонро, зуд ёб,
То назар созад ба ин боғи хароб,
То дарахти хушкро аз бун канад,
Пистаҳои пучро дур афканад,
То бирӯёнад дарахти дигаре,
Шохи нав рӯёнаду барги таре.
М.Турсунзода дар бораи навсозии Ҳиндустон ба таври рамзӣ сухан кардааст. «Боғи хароб» шиори ба аҳволи сарзамин, «боғбон» рамзи соҳиби ҳақиқии Ҳиндустон, «дарахти хушк» ва «пистаи пуч» нишонаҳои қафомонӣ ва қашшоқии кишвар «дарахти дигар» ва «шохи нав» нишонаҳои ободу осудагии диёр аст. Дар посухи суханони шоир ҳиндуҳо кушоду равшан гуфтаанд:
Мо ба монанди шумо хоҳем шуд,
Дур аз ҷавру ҷафо хоҳем шуд!
Умеду орзӯи халқ баҳри озодӣ дар шеъри «Дар ёди кас» зиёд ҷилвагар аст. Ҳиндуҳо ба ободии ватани Турсунзода ҳавас карда, мисли ӯ будан ва ба монанди ватани ӯ ватан доштанро дар хаёл парвардааст:
Кай шавад рӯзе, ки пайвандем мо?
Шодмон мисли шумо хандем мо?...
…Нест дар мулки шумоён золиме,
Не фақиру не гадо, не ҳокиме.
Соҳиби зебоватан гардидаед,
Ҳокими боғу чаман гардидаед.
Ҳамин тариқ, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мавзуи хориҷаро яке аз масъалаҳои асосии эҷодиёти худ интихоб намудааст, ки ин шуҳрати ӯро дар хориҷа ва давлатҳои Шарқ баланд гардонидааст.
Рустамзода Саидакрам Рустам - докторанти PhD, курси 3-юми ихтисоси адабиётшиносии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ