, Ҷумъа, 24-апрел

ВАТАН БА ХОИНОНИ ХЕШ НАФРАТ ДОРАД


ВАТАН БА ХОИНОНИ ХЕШ НАФРАТ ДОРАД

Барои ҳар як инсони асил мафҳуми Ватан миллат ва арзишҳои он азизу гиромӣ аст. Ватан-сарнавишти инсон, саодат ва сарчашмаи хушбахтии он мебошад. Инсон танҳо метавонад дар марзу буми аҷдодии хеш бо меҳру муҳаббати хос ба воя расад ва тавассути навозишу гармонбахшии он тавоною неруманд гардад. Дилбастагии тамом ба Ватан инсонро ҳамеша ба фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамо мегардад. Миллати азизу шарифи мо дар арсаи ҷаҳон бо шарафмаду баланд эътибор аст, ки Ватани маҳбубу биҳиштосое чун Тоҷикистони беназир дорад. Тоҷики бонангу номус бояд қалб аз ҳама бо чунин Ватани шукуфою ҳамешабаҳор ифтихор дошта бошад. Боиси хушбахтӣ аст, ки миллати мо баъди садсолаҳо ба Ватани хеш, ба истиқлолияти комили хеш расид. Ва таи 35-сол аст, ки мо мардуми сарбаланди тоҷик соҳибватан ва соҳибмақом мебошем. Имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди озоду накуиқболи тоҷик дар фазои амну осоиштагӣ дар Ватани хеш зиндагӣ ва фаъолият дорад. Тоҷикистони мо давлати озодагон ва озодипарастон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати одилонаи роҳбарияти давлат ва ҷорӣ будани низоми боадолатона аз хурд то бузург дар оромию осоиштагии комил қарор доранд. Дар асоси қонунҳо ва тартиботи ҷорӣ ҳар як инсон озодона метавонад ба орзую омолҳои хеш дастрасӣ дошта бошад.

Давра ба давра сатҳи зиндагии мардум ба дараҷаи давлатҳои пешрафтаи олам баробар шуд. Ҳар як гӯшаю канори Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам зебою обод гашта истодааст. Дастовардҳои нотакрор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа рӯ ба афзоиш аст. Ҳазорон иншоотҳои замонавӣ ҳамасола ба фаъолият оғоз мекунанд ва сатҳи зиндагии мардумро ба маротиба баланд мебардоранд. Тамоми кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба таҳсил дастраси доранд ва имкони таҳсилро дар дохил ва хориҷи кишвар доранд. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи озодонаи таҳсил ва корро дорад ва метавонад озодона соҳибкасб ва ихтисоси дилхоҳаш гардад. Роҳҳои тиҷорат тавсеа меёбанд ва Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дар алоқа мебошад. Тамоми азму талошҳои роҳбарияти давлат барои некуаҳволии мардум равона мегардад.

Албатта, ин дастовардҳои беназири мардуми тоҷик барои ононе ки ба ин миллат ва ба ин Ватан бо чашми бад ва нияти ғаразнок менигарад нохушоянданд. Зумрае аз ашхосе, ки берун аз марзи Ватан қарор доранд то ба имрӯзҳо бо таблиғҳои бардурӯғ ва сиёсатҳои муғризона ба сӯи мо санги маломат ва таънаҳои надомат меафкананд. Ин таблиғотҳо ва бадгуиҳо тавассути шабакаҳо дар ҳолати пахш мебошанд ва онҳо лаҳзае наметавонанд аз ин кирдорҳои ноҷавонмардонаи хеш даст кашанд. Дар Тоҷикистон ин гурӯҳҳо ва ташкилотҳо пурра ба қайд гирифта шуда, ба рӯйхати муассисаҳои террористӣ ва экстремистӣ дохил карда шудаанд.

Роҳбари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахусти ба фаъолият оғоз намудан аз ҳамаи шаҳрвандони бурунмарзӣ даъват ба амал овард, ки ба Ватан баргарданд ва бо ғаму шодии мардум шарик бошанд. Аммо бо вуҷуди ин ашхосони алоҳидае дар хориҷи кишвар монданд ва онҳо то алъон дар мавқеи сиёҳкориҳои хеш ғутидаанд. Алалхусус ин ашхос дар мамлакатҳои Ғарб ҷой гирифта, бо ҳамдастаи душманони хориҷии миллати тоҷик ба дасисакориҳою барномасозии роҳбарияти давлат ва мардуми озодаи Тоҷикистон машғуланд. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин гурӯҳҳо ҳарос надорем ва ҳамеша дар муқобили онҳо қарор дорем ва ба ҳар як таблиғоти бардурӯғонаи онҳо ҷавоби қотеъ мегардонем. Тоҷикистон ҳамчун давлати дар ҳолати рушд қарордошта иқтидори таъмини шаҳрвандон бо корро дар дохил ва хориҷи кишвар дорад. Бо аксар давлатҳои дунё шартномаҳои тиҷорӣ, таҳсилотӣ, иқтисодӣ ва корӣ дорем. Буҷаи аҳолӣ ва сармояи давлати рӯ ба афзоиш аст. Мо дигар дар ягон соҳа ба камбуд мувоҷеҳ нестем ва давлат кафолати зиндагии бошарафонаи ҳар як шаҳрванди хешро бо эътимоди пурра таъмин месозад. Муғризон далел меоранд, ки мардум аз озодиҳои фитрӣ маҳруманд. Тамоми масҷидҳо дар Тоҷикистон амал мекунанд ва давлат касеро аз ҳуқуқҳои диниашон маҳрум насохтааст. Таблиғотчиёни дасисакор бар он азманд, ки бо ниқоби дин дар кишвари осоиштаи мо тухми тафриқа ва нифоқро пошида, онро рушд диҳанд, то мардум бо ин васила бо якдигар кинаю адоват дошта бошанд. Мо шаҳрвандони муттафиқ ва содиқ ба Ватан аз тамоми василаҳо бо мақсадҳои осоишта истифода мебарем.

Мо соҳиби арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва динӣ мебошем ва миёнаи онҳо ҷудоиро намебинем. Ҳамаи онҳо сармояи инсонӣ буда, барои ҳамзистии оромонаи ҷомеа равона шудаанд. Мо сулҳу Ваҳдатро пойдор нигоҳ медорем ва барои ободии ҷомеа бо гуфтор ва амаламон талош мекунем. Таблиғотгарони зархарид воқеатро ба мо аз хориҷ нишон медиҳанд ва мо бошем ҳамарӯза дар воқеъият зист дорем. Ҳарчӣ онҳо мебофанду мелофанд барои мо арзиш надоранд. Зеро мардуми тоҷик дар тули ин ҳама солҳо ҳамаро таҷриба кардаанд ва онҳо дигар бар он қодир нестанд, ки ҳаёти бо нархи ҷон сохтаашонро дар баҳои ҳарзагӯии чанд томотбофе барбод диҳанд.

Мардуми саодатманди тоҷик ва шаҳрвандони бонангу номуси Ватан ҳама якмаром ва ҳаммақсад мебошанд. Дар таъмини сулҳу субот ва Ваҳдату якдилӣ дар ҳамбастагӣ қадам гузошта, Тоҷикистонро ба давлати парчамбардори озодии инсоният табдил медиҳем.

Шарипов Шамсиддин-омӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат