,
Ҷумъа, 17-апрел
Муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ аз арзишҳои бунёдие мебошанд, ки пояҳои устувори давлатдорӣ ва ҷомеаи мутамаддинро ташкил медиҳанд. Тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини замони муосир ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таърихи бойи пурифтихор ва адабиёти чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, идеологияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллиро ҳамчун идеологияи асосӣ арзёбӣ менамоянд. Бояд қайд кард, ки ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ тамоми хислатҳои неки инсониро дар худ таҷассум мекунанд. Агар дар фикру ақида, рафтору кирдор ва амали инсон, пеш аз ҳама дар насли наврас ва ҷавонон, нуқсонҳо ба мушоҳида расанд, татбиқи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ғайриимкон мегардад.
Ваҳдат маҷмӯи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ - ягонагӣ, ҳамдилӣ, ҳамрайъӣ, муттаҳидӣ, софдилӣ, ростӣ ва ростқавлӣ, инсонпарварӣ, раҳмдилӣ ва муҳаббат ба инсон, ба ояндаи неки ӯ ва ба зиндагии осоиштаву шоиста мебошад. Бе ин сифатҳо дар насли наврас ва ҷавонон ташаккули ҳисси ваҳдат ва худшиносии миллӣ имконнопазир аст. Иродаи мустаҳкам, масъулияти баланд, далериву мардонагӣ, муҳаббат ва самимият ба халқу Ватан ба Сарвари кишвар имконият доданд, ки баъди панҷ соли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба имзо расад. Дар бораи ин санаи таърихӣ Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Ин санаи таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 дар Москва ба имзо расид, пайғоми ҷонбахше аз фарорасии сулҳи деринтизор буд. Дар он ормонҳои халқи мо бо камоли ширини сулҳ ва ваҳдат таҷассум ёфта, дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардидани ин орзӯ гувоҳи тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди мардуми тоҷик аст».
Инак, 29 сол мешавад, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ҷавононро ҳамчун нерӯи созанда ва умедбахши ҷомеа эътироф намуда, ташаббус ва пешниҳодҳои онҳоро дастгирӣ мекунанд ва барои татбиқи андешаҳои созандаашон шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар баробари ин, аз ҷавонон талаб карда мешавад, ки масъулияти баланди худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дошта бошанд, ватандӯст бошанд, барои эҳёи Тоҷикистон саҳм гузоранд, технологияҳои муосирро аз худ намоянд, забони ноби тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро омӯзанд. Зеро ҷавонон ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Мутаассифона, дар шароити ҷаҳонишавӣ баъзан ба рафтору кирдор ва гуфтори гурӯҳҳое дучор мешавем, ки аз арзишҳои маънавӣ дур мондаанд ва на танҳо ба худ, балки ба ҷомеа низ зарар мерасонанд. Президенти мамлакат ин падидаҳоро таҳлил намуда, таъкид мекунанд: «То даме ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираи таърихӣ, ифтихор ва мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мо шакл нагирад, то даме ки ҳар қадами мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунад ва эҳтиром нагузорад, то даме ки хидмат ба Ватан ва миллат ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки тарбияи ҳар як фарди ҷомеа, пеш аз ҳама ҷавонон, дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ аҳамияти калидӣ дорад. Мутафаккири бузурги Шарқ Конфутсий низ таъкид кардааст: «Агар хоҳӣ ояндаро бишносӣ, гузаштаро омӯз». Миллати тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, имрӯз 35-солагии истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад, ки он бо заҳмату талошҳои зиёд ба даст омадааст. Кам миллате вуҷуд дорад, ки дар тӯли таърих фарҳанг ва ҳувияти миллии худро ҳифз карда бошад.
Аз ин рӯ, барои ташаккули худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ҷавонон, зарур аст, ки онҳо бо мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат амиқ шинос шаванд. Онҳо бояд дарк намоянд, ки давлат бо чӣ гуна заҳматҳо ташаккул ёфтааст. Дар шароити имрӯза, ки пешрафти босуръати технология ва ҷаҳонишавӣ таъсири мусбат ва манфии худро мегузорад, тарбияи дурусти насли наврас аҳамияти бештар касб мекунад.
Бинобар ин, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати миллӣ талаботи замон аст. Ҳар як шаҳрванд бояд моҳият ва аҳамияти ин арзишҳоро дарк намуда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми таърих ва фарҳанг, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошад.
Мо, ҳамчун пайравони Пешвои миллат аз соҳибдавлатӣ ва истиқлолияти комили Тоҷикистони азиз ифтихор мекунем ва мекӯшем, ки бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар ободии Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли наврас ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми худро гузорем.
Саидзода Қурбоналӣ, н.и. иқтисодӣ, сардори раёсати таълими ДДК ба номи А.Рӯдакӣ