, Ҷумъа, 17-апрел

ВАҲДАТ-ОМИЛИ САОДАТУ НЕКРӮЗӢ


ВАҲДАТ-ОМИЛИ САОДАТУ НЕКРӮЗӢ

Ваҳдат мафҳумест, ки ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ҳамбастагиро фаро гирифта, тамоми пешравиҳо ва дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар маҳз самараи он мебошад.

Сулҳ ва ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин буда, бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳм, поксиришт ва миллатдӯст будан мебошад.

Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар замону макон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон, ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзиро ба даст оварда, мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон баланд мебардорад.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дур ва аз пешрафти маънавиёти кишвар дарак медиҳад. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ метавонем истиқлоли кишварро ҳифз намуда, ягонагии мардумро устувор гардонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президенти маҳбуби кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину фаровон ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон, фахр мекунем.

Муносибати нави давлатӣ, соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохиливу байналмилалӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, инчунин сохтмони шоҳроҳҳо Тоҷикистонро ба кишварҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон ва ба роҳҳои бузурги хушкигард пайваст. Ин раванд боиси эҳёи арзишҳои миллии Роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо давлатҳои бузурги ҷаҳон мепайвандад.

Ҳақиқатан, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Дар марҳалаи навини имрӯз мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили пок, нияти нек ва рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем». Мутмаинам, ки ин суханони арзишманд сармашқи кори ҳамарӯзаи мо мебошанд.

Паҷӯҳишҳои зиёде арзишмандии мақому манзалати баланди ваҳдати миллиро тасдиқ менамоянд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, ҳамчун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст. Ин дастоварди саҳлу содда нест, зеро эътироф бар пояи эътимод ба даст омадааст. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳалли масоили муҳими минтақавию ҷаҳонӣ истиқбол менамояд.

Бояд ҳар як фарди Тоҷикистон амиқан дарк намояд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо неъмати бебаҳо, раванди бебозгашт ва арзиши муқаддас мебошад. Зеро маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва ҷидду ҷаҳдҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар муддати кӯтоҳ сулҳу оромӣ дар саросари кишвар таъмин гардида, барои зиндагии осоишта ва фаъолияти созандаи мардум шароити мусоид фароҳам омад.

Ҳама бояд дарк намоем, ки дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати пешгирифта ва шиори зиндагӣ барои роҳбари мамлакат тасмими ҳаётан муҳим буд. Агар чунин тасмим гирифта намешуд, бадбинӣ, таҳдид ва душманҷӯӣ бештар доман паҳн мекард ва Тоҷикистон ба майдони низоъ табдил меёфт.

Хеле рамзист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ бо талош барои сулҳ оғоз намуда, ин сиёсати созандаро то имрӯз ба хотири оромӣ, осоиш ва ободии кишвар идома медиҳанд.

Талошщои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нахуст бо роҳи раҳму фаҳм оташи ҷанги таҳмилдодашударо хомӯш намуда, ба ҳамдигар муҳаббат бастани кинадоронро таъмин кард ва ҷои садои марговари аслиҳаҳоро ба оҳанги хандаи зиндагибахши кӯдакон табдил дод, аз хотири халқи тоҷик, аз ҷумла сипосгузорон ва банда, фаромӯш нашудааст ва нахоҳад шуд.

Ҳамчун омӯзгор - тарбиятгари ҷомеа фаъолият намуда, инчунин ҳамчун модар, имрӯз аз сулҳу ваҳдати кишвари азизам ифтихор дорам ва бо эҳсоси баланд ин мисраҳоро такрор менамоям:

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намоям, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Дар фарҷоми ин андешаҳо метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бузургтарини таърихӣ сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлол буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Имрӯз, дар остонаи ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, моро зарур аст, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ гирди ҳам омада, арзишҳои сулҳу ваҳдатро пос дорем ва барои пешрафту ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро танҳо дар фазои ҳамдиливу ҳамбастагӣ метавонем дастовардҳои истиқлолро ҳифз намуда, ояндаи дурахшони давлату миллатро таъмин созем.

Давлатзода Қаламнисо Одина - муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ, факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ




Ба рӯйхат