, Ҷумъа, 17-апрел

САДРИДДИН АЙНӢ - АЗ ЗУЛМОТ ТО РАВШАНИИ АДАБИЁТ


САДРИДДИН АЙНӢ - АЗ ЗУЛМОТ ТО РАВШАНИИ АДАБИЁТ

Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи адибону маорифпарварони ҷадиди тоҷик ба шумор меравад, ки фаъолияти илмиву адабӣ ва иҷтимоии хешро дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ инкишоф додааст.

 Дар бораи ҳаёт, фаъолият ва зиндагиномаи Садриддин Айнӣ маълумоти дурусту аниқ ва дақиқу мукаммал то ба ҳанӯз дар даст надорем. Аксари айнишиносон бар он назаранд, ки С. Айнӣ соли 1878 ба дунё омадааст.

Аммо ба мактуби санаи 23.11.1934 ирсолнамудаи Садриддин Айнӣ ба Абулқосим Лоҳутӣ назар андозем: “Ман дар соли 1878 мувофиқи ҳуҷҷатҳо, аммо дар ҳақиқат дар соли 1875... таваллуд шудаам”. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки ӯ на соли 1878, балки соли 1875 ба дунё омадааст.

Ин гуфтаҳо агар хонандагонро қонеъ насозад, пас ба далели дигаре рӯ меорем, ки онро С. Айнӣ соли 1947 ба адибони узбек Адҳам Ҳамдам ва Назирмат навишта буд: “Дар ҳақиқат ҳозир ман 72 сола бошам, ҳам дар асоси паспорт 69-солаам”.

 Ҳоло вақти он расидааст, ки моҳу соли таваллуди Садриддин Айниро на 15 апрели соли 1878, балки 15 апрели соли 1875 шуморем. Яъне Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1875 дар деҳаи Соктаре вилояти Ғиждувон, аморати Бухоро, ҳамон Бухорое, ки зиёда аз садсолаҳо уламову удабо, шоирону мутафаккирон ва санъаткорону ромишгарони машҳурро ба миллат тақдим намуда буд, ба дунё омадааст. Айнӣ низ ба қатори ин бузургон дохил шуда, бо эҷодиёти воқеиву реалистии худ то ба имрӯз дили миллионҳо нафарро тасхир кардааст.

 Айёми кӯдакӣ ва наврасии шоир дар тангдастӣ, маҳрумият ва беадолатии замон гузаштааст. Падари Садриддин Айнӣ Сайидмурохоҷа дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм намуда буд, бо вуҷуди дониши хуб доштанаш вазъи бади зиндагӣ ӯро маҷбур месозад, ки ба бофандагию чархиосиёбтарошӣ машғул шавад. Модараш Зеварой духтари як деҳқонзода буд.

Аз ҳамон синни хурдсолӣ падараш барои ӯ байтҳои маънодор мехонд то табъу завқи ӯро ба илму дониш ва касбомӯзӣ бедор созад:

Ба дӯши таваккал манеҳ бори худро!
Валинеъмати хеш дон кори худро!

Ҳамин гуфтаҳо буданд, ки ӯ ба илму дониш майлу рағбат пайдо намуд, аввал дар мактаби духтарона, сипас дар мадрасаи Бухоро таҳсилро идома дод.

Барои беҳ намудани зиндагӣ ба хизмати муллобачагони сарватманд мепардозад ва пас аз муддате дар ҳавлии Шарифҷон Махдум роҳ меёбад. Айнӣ он ҳавлиро “доираи зиндадилон” меномид ва маҳз дар ҳамин ҷо “материалҳои адабӣ”-и худро ҷамъ намуда буд.

Ба ҳамин минвол Садриддин Айнӣ 27 соли умри худро дар Шаҳри Бухоро мегузаронад. Дар ин солҳо, яъне соли 1900 муҳимтарину фараҳбахштарин ҳодисаи зиндагии адиб шиносои ӯ бо “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш буд, ки пас аз ошноӣ бо он дар зеҳни ӯ инқилоби фикрӣ пайдо мешавад ва мутолиаи рӯзномаи “Ҳабл-ул-матин”, “Тарҷумон”, “Вақт” ва “Шуро” ин фикрҳоро тақвият мебахшад.

Адиб барвақтар яъне соли 1893-94 ба шеър гуфтан шурӯъ мекунад. Пас аз ивази чандин тахаллус калимаи “айн”-ро, ки 48 маъно дошт, тахаллуси шоирияш қарор медиҳад ва аввалин навиштаи шеърияш “Гули сурх” ном дошт:

Рози дил мегуфтам, ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам, аз ғам, ҳамдаме медоштам.
Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон
Гар зи васли як парирӯ марҳаме медоштам.......
Чун тарозу кай шуди саргаштагӣ бо ман насиб,
Айнӣ, ар фикре на аз бешу каме медоштам.

Мутолиаи зиёд, инқилоби фикрӣ дар рӯҳу равон, фикри беҳтар кардани системаи яхгаштаи амир, дидани зулму истибдоди мардум аз суи мансабдорон сабаб мегардад, ки соли 1905 ба фаъолияти маорифпарварӣ бипардозад. Дар ин роҳ саъйу талоши зиёд менамуданд. Ҷадидони Бухоро гумон мекарданд ки ҳаракат ва фаъолияти онҳо ба амир таъсир кардааст. Бо як ислоҳоти маккоронаи амир фиреб хурда нияти анҷом додани маросими шукронаро мекунанд, бехабар аз он, ки амир барои онҳо доме омода сохтааст. Айнӣ аз ин маросим норозӣ буд, вале ӯро ҳеҷ кас гӯш накард, зеро ҷавонбухороён ба ду фирқа ҷудо гардида буданд. Садриддин Айнӣ дар маросим иштирок накарда дар хона мемонад, аммо бегуноҳ ба “обхона” кашида шуда 9 апрели соли 1917 ба пушташ 75 зарби чӯб мезананд. Аскари русе омада ӯро бо садои “Бароед, Инқилоб шуд, ҳамаи шумо озод ҳастед”! озод мекунад, минбаъд шоир фаъолияташро дар Самарқанд идома медиҳад.

Ӯ аз аввалин нафаронест, ки Инқилоби Октябрро васф намуда, онро ҳамчун чароғе дар роҳи зулмот медонад:

Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон....
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Ин “Суруди озодӣ” муддате ба суруди миллии кишвар табдил меёбад ва Айнӣ то охири умр ҳамчун маорифпарвар боқӣ мемонад. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадам мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст.

Мероси адабӣ

 Айнӣ барои босавод гардонидани мактаббачагон якчанд китоби дарсӣ менависад, монанди:

“Тартил-ул-Қуръон”- то хонандагон китоби муқаддасро тариқи аҳкоми таҷвид накӯ бихонанд.

 “Зарурийёти динийя”-ро навишт, ки толибилмон аз масъалаву муаммоҳои бузургтарини дину шариат огоҳ бошанд.

 “Таҳзиб-ус-сибён”-ро навишт, ки донишандӯзон аз илму дониш ва одобу ахлоқ огоҳ бошанд.

 Аммо ӯ дарк намуд, ки ин кофӣ нест, бояд беҳтар эҷод кунад, бештар эҷод кунад, аз ин рӯ гуфт:

Айнӣ ба ғазал натавон арзи ҳол кард,
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

 Чун медонист адабиёт илм аст ва нависандаи ҳақиқӣ олим, аз ин рӯ: “Одина”-ро навишт, то ба мардум бифаҳмонад, чӣ қадар ҷавонон пайи орзуҳои худ ҷангиданд, вале шикаст хурданд. Одина монанди ҳамон шуълаи нозуки шамъе буд, ки парвонаҳои гирдаш бо беадолативу зулм хомӯшаш карданд.

“Дохунда”-ро навишт, тақдири ҷавоне, ки дар саҳрои хушку беоб дарахтеро мемонд ва баҳри ишқу озодӣ меҷангид.

“Ғуломон” ба мо ёд дод, ки ҷомеа чӣ қадар дар осиёи беадолатӣ мисли донаҳои гандум орд мешавад. Адиб ҳар наслеро беҳтар аз насли гузашта медонад...

“ Марги судхӯр”- дар ин асар хандидему адибро таҳсин гуфтем, барои ифшои ҳақиқати бепарда. Аз қаҳрамоне гуфт, ки пайи нафсу судхурӣ ва амалҳои номатлуб рафта дар ботлоқи расвоӣ ғарқ мегардад. Аммо намедонист марг поёни як инсон ва зулми ӯ аст. Оре! Ӯ дар ин асар ба мо ёд-адолат меояд, оҳиста меояд, вале ҳатман меояд.

 “Ёддоштҳо”-ро навишт, то воқеияти зиндагии ӯву ҳамзамононашро бидонем. Дар ин асар моро аз даврони туфуллият ба регистон, аз ҳалвохона ба тӯй, аз мактаб ба мадраса ва аз мадраса ба ҳавлии Садри Зиё бурд. Аз вазъи аморат ва зиндонҳои он моро огоҳ кард. Дар ин асар моро бо шоирону маорифпарварони давр ошно намуд, инчунин ба мо омӯхт то дар ҳифзи фарҳанги ниёгонамон бипардозем.

 “Намунаи адабиёти тоҷик”- дарахти бузурги худшиносии миллии мост ва имрӯз мо дар зери сояҳояш осоиш дорем. Ин китоб муҳре буд ба даҳони нафароне, ки ҳувияти мардуми тоҷикро бовар надоштанд.

Бар замми эҷоди повесту роман инчунин асарҳои гаронбаҳои илмӣ низ дорад, монандӣ:

 “Таърихи амирони манғитияи Бухоро”- ин асарест, ки адиб дар он кору пайкор ва рафтори золимонаи амирони манғитро навишт.

“Таърихи инқилоби Бухоро”- дар ин асар Айнӣ аз оғоз то ба анҷоми ҳаракати маорифпарварӣ, кушодани аввалин мактаби тоҷикӣ ва бастани онҳо, баёни системаи шахшӯда ва пӯсидаи амир ва нафъи Инқилоби Октябрро навишт.

 Айнӣ гоҳе бо Фирдавсӣ ҳамнаво гардид ва роҳи муҳаққиқони ояндаро боз намуд:

Ин боғ зи нахли кӯҳан оростаам,
В-он нахл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

 Дар баробари ин асарҳои илмиву тадқиқотии зиёде дорад, ки ҳам дар адабиётшиносӣ ва ҳам дар забоншиносӣ то ба имрӯз нақши бориз дорад.

Ба поси ин ҳама заҳматҳояш Пешвои хирадманду маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 ба ӯ унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро тақдим намуд ва ҳамасола 15-апрел ҳамчун рӯзи Айнӣ чашн гирифта мешавад.

Ҳамидзода Зебунисо Абдулқодир, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат