, Ҷумъа, 17-апрел

МАНФИАТИ ИЛМУ ДОНИШ ВА МАСЪАЛАҲОИ АЛОҚАМАНД БА ОН ДАР  “ЁДДОШТҲО”-И САДРИДДИН АЙНӢ


МАНФИАТИ ИЛМУ ДОНИШ ВА МАСЪАЛАҲОИ АЛОҚАМАНД БА ОН ДАР  “ЁДДОШТҲО”-И САДРИДДИН АЙНӢ

Баррасии масоили марбут ба соҳаи маориф дар замони имрӯза аз мавзуъҳои мубрам дониста шуда, тарғибу ташвиқи он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як соҳибкасб, аз ҷумла аҳли зиё маҳсуб меёбад. Дар ин миён нақши адибон низ басо назаррас мебошад. Устод Айнӣ аз шумули он наивсандагоне буд, ки мавзуи мазкур дар тамоми осораш ба таври возеҳ инъикос ёфтааст ва ин қабил андешаҳо, бешак, хонандаро ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун месозанд. Ба андешаи профессор Нуриддин Саид: «Устод Айнӣ, ки зиндагӣ ва эҷодиёти пурмаҳсулаш ба даврони гузариш рост омад, таҳиягару тарғибгар ва татбиқкунандаи ислоҳоти куллӣ- ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар зеҳни мардум буд». Оре, устод Айнӣ шахсиятест, ки барои халқи тоҷик, барои миллате, ки дар саргаҳи парокандашавию нестшавӣ қарор дошт, хизмати шоён кардааст.

Яке аз асарҳое, ки дар охири умри устод Айнӣ таълиф гардидааст, «Ёддоштҳо» мебошад. Ин асар воқеаҳои таърихию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро дар як давраи муайян дар бар гирифтааст. Дар ин миён тавсифи илму дониш ва вазъи толибилмони Бухоро низ ба таври возеҳу равшан маънидод карда шудааст. Боби «Хатмашқкунӣ», ки дар қисми якуми асар ҷой дорад, бешак хонанда, хусусан, хонандаи хурдсолро барои илм омӯхтан ва ба асбобҳои илмомӯзӣ ташвиқ мекунад. Нависанда зимни ин боб аввал орзу ва ҳаваси толибилми хурдсолро нисбати хатмашқкунӣ тасвир карда, хислат ва рафтори Саидакбар, ки ҳамчун муаллим бояд хатмашқкуниро мемӯзонид, низ ба таври бадеӣ баён кардааст. Саидакбар, ки худ хатро дуруст навишта натавониста, ба сохтакорӣ роҳ медиҳад, боиси қафомонӣ ва аз худ накардани маҳорати хатмашқкунии Садриддини хурдсол мегардад. Ба таъкиди устод Айнӣ баъд аз анҷоми хатмашқунӣ ҳам, натавонистааст, ки навиштани хатро ба таври хоно омӯзад ва бадхатӣ дар ӯ боқӣ мондааст: «Ҳарчанд бо гузаштани вақтҳои бисёр, – қайд кардааст С. Айнӣ, – дар натиҷаи бисёр навиштан хатам як андоза дуруст шуда бошад ҳам, то ҳол ман бадхати гузаро ҳастам. Ин натиҷаи сохтакории муаллим аст, ки бо кирдори худ ба ман омӯхта буд». Аз мазмуни ин боб бармеояд, ки ҳар омӯзгор дар тарбия ва камоли хонанда саҳмгузор аст.

Дар ҳақиқат, рушду инкишоф ва қобилияти эҷодии хонандагон аз омӯзгорон, хусусан, омӯзгороне, ки ба таълими синфҳои ибтидоӣ машғуланд, вобастагӣ дорад. Зеро кӯдакон шабеҳи донаи гандуманд, ки ба парваришу нигоҳубин ниёз доранд, агар онҳоро хуб тарбия кардаву талаботашонро қонеъ кард, пас метавон гуфт, ки дониш ва маҳорату малакаи онҳо рушд хоҳад кард. Дар сурати ғайри ин хонандаро чун донаи гандум, ки обу неруҳо намерасанд ва сабзиш намеёбанд, пассив мегардонад.

Ақидаҳои олии инсонпарварию ростқавлӣ, омӯхтани илму дониш дар боби «Падарам» дар симои Саидмуродхӯҷа, падари С. Айнӣ хеле олӣ тасвир карда шудааст. Саидмуродхӯҷа барои фарзандаш дар баробари падар будан, инчунин муаллим буд. Ӯ дар асар шахси хирадманду дурандеш, ботамкин, соҳибмаърифат дар тарбияи фарзандаш чун идеал намоён шудааст. Аксарияти насиҳатҳои падар ба таври муколама   сурат гирифтааст. Масалан дар бораи шоирӣ ва шеъргӯйӣ баъд аз пурсиши фарзандаш чунин мегӯяд:

«–Шеъргӯйӣ ҳамеша ва дар ҳама кас сифати нек шудан намегирад. Шеър ҳам монанди илм як шамшер аст, агар ба шамшер одами бадро – душманро кушӣ хуб аст, аммо агар бо шамшер ягон одами одӣ кушта шавад, хуни ноҳақ мешавад. Шеър ҳам агар ба некӣ кор фармуда шавад хуб аст, аммо агар ба бадӣ кор фармуда шавад, аз вай бадтар чизе нест».

Ин гуна андешаҳои инсонпарварии Саидмуродхӯҷа на танҳо ба худи нависанда таъсир кардааст, балки ҷавонони имрӯзаро низ ба фикр кардан ва андеша рондан водор мекунад. Андешаи солим танҳо дар сурати доштани илму дониш ба вуҷуд меояд ва инсони донишманд дар ҳама давр саодатманду баландқадр  ва соҳибмартаба буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ба ифодаи адабиётшинос Аламхон Кӯчаров «Садриддин Айнӣ дар тарбияи меҳнатии фарзанд мавқеи волидонро баланд арзёбӣ мекунад ва ин ақидаро дар мисоли падари худ – Саидмуродхӯҷа (дар ҳикояҳои «Мактаби куҳна», «Аҳмади девбанд» ва «Ёддоштҳо») тақвият медиҳад. Саидмуродхоҷа, ки худ барои таъмини рӯзгори оила ҳамеша банди кору меҳнат буд, боз дар фурсатҳои муносиб аз бузургони сухан мисолҳо оварда, фарзандонро дар рӯҳияи меҳнати ҳалол тарбия менамуд.

Дар боби «Мардикорӣ» низ нуктаҳои ҷолибе дар барои қадру манзалати илму дониш баён шудааст. С. Айнӣ таъкид мекунад, ки ҳангоми дар мадрасаи Бадалбек таҳсил кардан зиндагии худро ба воситаи ҷомашӯйию ошпазӣ ва дигар корҳо мегузаронидааст. Аммо вақти таътил, ки дар мадраса қариб касе намемонд, ин корҳо низ анҷом дода намешуд. Баъд маҷбур мешавад, ки ба мардикорӣ барояд. Ӯ иброз медорад, ки дар ин росто бо сабаби қобилияти хондану навиштан доштан аз кори вазнини ҷисмонӣ халос мешавад:

«Он одам баъд аз ба саломи ман ҷавоб гардонидан, аз ман пурсид:

–  Хат доред?

–  Кам-кам менависам, - ҷавоб додам ман.

– Бисёр хуб, ин тавр бошад, шумо имрӯз дар қатори  мардикорон кор накунед! Ман ба шумо як кори муносиби худатонро мефармоям, – гуфт хӯҷаин ва аз ҷояш нимхез шуда, аз тоқчаи болохона як дафтарро гирифта пеши ман гузошту илова кард:

– Шумо ин дафтарро кушода, аз як сар хонед, ман шунавам!».

Устод Айнӣ дар идомаи сухан мегӯяд:

«Ман дар хонаи он хӯҷаин се рӯз кор кардам. Ошу нонро аз ҳамон ҷо мехурдам ва ҳар рӯз бегоҳонӣ вақте ки корро тамом карда ба ҳуҷраам мерафтагӣ шудам, хӯҷаин ба ман ду танга музди меҳнат медод, ки дар се рӯз ба шаш танга (90 тин) соҳиб шудам».

Мисоли оварда далел бар он аст, ки шахси маърифатнок ва соҳибилм ҳамеша муваффақ ва сарбаланд аст. С. Айнӣ, ки маорифпарвар буд, ба воситаи асарҳои худ, хусусан, «Ёддоштҳо» хонандаро ҳушдор месозад, ки бояд ҳамеша ба илмомӯзӣ машғул шаванд.

Дар «Ёддоштҳо» оид ба тарғибу ташвиқи илму дониш ва тавсифи он сухан зиёд меравад. Аз ҷумла, фаъолияти мударрисии С. Айниро метавон дар боби «Аҳволи умумиам ва машғулоти илмӣ ва адабиам дар мадрасаи Ҳоҷӣ-Зоҳид» мушоҳида кард. Дар ин ҷо нависанда дар баробари дигар паҳлуҳо дар бораи ҷавононе сухан кардааст, ки ба онҳо дар омӯзиши илм кумак мерасонад. Яке аз онҳо Мулло Комил ном толибилми ғиждувонӣ мебошад. Мулло Комил бинобар кундзеҳн буданаш дарсҳоро хуб намедонист ва бинобар нодориаш касе ба ӯ дар илмомӯзӣ ёрмандӣ намекард ва аз Айнӣ хоҳиш мекунад, ки ба ӯ ёрӣ расонад. Айнии ҷавон, ки сахтии рӯзгорро дида буд, аз рӯйи шафқат дар тайёр кардани дарсҳояш ба ӯ кумак мерасонад:

«Ман ҳам аз ҷиҳати ҳамтуман буданамон ва ҳам аз ҷиҳати бисёр қашшоқ ва аз ёрии маънавии дигарон ноумед будани ӯ, албатта, талабашро бо хурсандӣ ва ба тарзе ки дили ӯ бардошта шавад, қабул кардам».

Насриддин Махдум ва Салоҳиддин бародароне ҳастанд, ки С. Айнӣ ба онҳо низ дар илмомӯзӣ ёрӣ кардааст. Насриддин Махдум бародари калонӣ буда, назар ба Салоҳиддин хушхат ва саводи дурусте доштааст, лекин бинобар сабаби кам аҳаммият доданаш ба дарсҳои мадраса дар омӯзиши баъзе масъалаҳо душворӣ мекашидааст. С. Айнӣ таъкид мекунад, ки акнун маро лозим буд, ки ғайр аз дарсҳои худ, боз се нафари дигарро барои дарстайёркунӣ ёрӣ  расонам. Ҳамчунин зикр мекунад, ки он ду бародарон ба ман ёрии моддӣ мерасонданд:

«Ин бародарон ба муқобили ёрии маънавии ман ба ман ёрии моддӣ мерасонданд: либосворӣ, қанду чой ва баъзан равғану биринҷ оварда медоданд. Ин чизҳоро ба тарзе оварда медоданд, ки гӯё ба онҳо аз ҷое туҳфа омадааст ва аз вай ба ман ҳам ҳисса баровардаанд. Аммо бо пули худашон харида, барои хизмати илмиам ба ман оварда доданашон маълум буд».

Дар ин ҷо дар баробари он, ки фаъолияти мударрисии устод Айнӣ баён шудааст, подош ва самараи меҳнат низ ба назар мерасад.

Бояд ёдовар шуд, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун зиёд ба чашм мерасад. Онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳ мардумро гумроҳ карда, ба доми худ кашанд. Агар назаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ афканем, дархоҳем ёфт, ки озодӣ чисту ободӣ чист. Хушбахтии мардуми сарбаланди тоҷик дар он аст, ки дорои таърихи қадима, фарҳанги бой ва равшанфикрони зиёде аст. Ҳикояи «Ҷанги муллоён бо аробакаш» дар қисми чоруми «Ёддоштҳо» бозгукунандаи ҳамин гуна воқеа буда, хонандаро бетараф намегузорад, зеро он нақли фарогири воқеаи даҳшатангезе – ба сангсор гирифтор кардани аробакаше мебошад. С. Айнӣ қайд мекунад, ки дар Бухорои амирӣ як моҳ сайр барпо мегашт. Аробакаше барои кироякашӣ машғул шуда, барои пешбурди зиндагиаш кор мекард. Иттифоқан рӯзе панҷ нафар «муллои машҳури Бухоро» ба аробаи он аробакаш савор мешаванд. Ҳангоми талаби роҳкиро миёни аробакаш ва он панҷ нафар ҷанҷол мешавад. Ҳақи роҳкиро якуним тангаро ташкил медод, аробакаш бо хоҳиши онҳо ба пардохти як танга сари ҳар касе ризоият медиҳад. Баробари наздик шудан ба таваққуфгоҳ аробакаш ҳаққи роҳкироро талаб мекунад, лекин онҳо сари ҳар кас на як танга, балки нимтанга медиҳанд. Маблағи додаи онҳо ба аробакаш басандагӣ намекард, зеро ӯ аз пули ҷамъшуда, миқдори камашро худ гирифта, боқимондаро ба хуҷаин месупорид. Миёни онҳо хеле баҳс сурат мегирад. Дар охир аробакаш маҷбур мешавад, ки онҳоро аз ароба пеш кунад. Он шахсони ҳангоматалаб бошанд, дар фикри муҷозот додани аробакаш шуда, қарор доданд, ки ӯро ба қозихона кашида, «кофир» эълон карда, ҳукми қатлашро бароранд. Инҳо дар охир ба мақсади худ мерасанд, зеро ба онҳо шахсони мансабдор – қозӣ, миршаб ва дигарон тарафдорӣ карданд. Аробакаши мазлумро бо қарори «маҳкама» барои сангсоркунӣ ба назди мардум мебаранд. Аввалин сангро он панҷ нафари ҳангоматалаб тарафи аробакаш ҳаво медиҳанд, баъд қозикалон, қушбегӣ, раиси калон ва миршаб низ санг мезананд. Мутолиаи муфассали ин ҳикоя ниҳоят таъсиркунанда аст, чунки мардуми авом бо иғвои чанд нафар як шахси мазлумро, чунон бо санг мезананд, ки аз инсон будани худ фаромӯш мекунанд. Порчаеро аз ин воқеа манзури хонандагон гардонидан ба мақсад мувофиқ аст:

«Ман дар умри худ якум бор дар он ҷо дидам, ки одам бо тарбияти бад ва одатҳои ваҳшиёна чӣ навъ аз ҷилди одамгарӣ баромада, аз ҳайвони дарранда ҳам бадтар мешудааст. Оре, онҳо аз ҳайвони дарранда бадтар шуда буданд, зеро ҳайвони дарранда барои сер кардани шикам ё мудофиаи ҳаёти худ ба одам, ё ба ягон ҳайвони дигар ҳуҷум кунад ҳам, аз ин кори худ шодмон шуда намехандад ва ҳатто аломати хурсандӣ ҳам нишон намедиҳад. Аммо ин одамони бадтар аз ҳайвон, дар вақте ки бо ваҳшонияти тамом як одами дасту по бастаро зада кушта, дасту пою сару рӯю гӯшту пӯсти ӯро пора-пора карда истода буданд, чунонки дар маросими домодбарӣ ё арӯсбиёрӣ иштирок карда истода бошанд, шодмонӣ мекарданд…».

Бадин манзур, адабиётшинос Муҳаммадҷон Шакурӣ таъкид мекунад, ки «воқеияти аробакаш ва сангсор шудани ӯ (қ. IV) яке аз фоҷиавитарин ҳикояҳои «Ёддоштҳо»-ро ташкил додааст».

 Мехоҳам ин нуктаро биафзоям, ки ҳадафи овардани мисоли зикршуда бар он аст, ин гуна одамон имрӯз низ дар пайи иҷрои нақшаи сиёҳи худ, дигареро аз зиндагӣ маҳрум месозад. Маҳз сабаби ҷангҳои дохилии мамлакатҳо гурӯҳҳои иғвоангезу тундгаро мебошанд. Нависанда ба воситаи тасвири воқеаҳои давраи амирӣ хонандаи имрӯзро ҳушдор медиҳад, ки инсон бояд дар ҳама вақт таҳаммулпазиру дурандеш ва закӣ бошанд, ки пеш аз ҳама бо доштани илму дониш ба даст меояд.

Мисолҳои зиёде дар «Ёддоштҳо» дарҷ гардидаанд, ки омӯзиш ва баррасии онҳо барои баланд бардоштани мафкураи илмии ҷавонон, тарғиби илму дониш ва ҷалб кардани онҳо ба самти илмомӯзӣ мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, мавзуи мактабу маориф дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба шумор меравад, зеро аз худ кардани илму дониш ва дар рӯҳияи инсондӯстию хештаншиносӣ ба воя расонидани ҷавонон маҳз аз ҳамин соҳа шуруъ мегардад. Имрӯз давлат ва ҳукумати кишвар кӯшиш ба он доранд, ки ҷавонони мо илм омӯзанду ояндаи кишварро пеш баранд. Дар эҷодиёти устод С. Айнӣ низ ҳамин масъала пайваста таъкид мегардад. Кас аз мутолиаи онҳо дарк мекунад, ки мо бояд ҳар чи бештар илм омӯзему савод гирем, зеро илму дониш калиди ҳамаи муваффақиятҳост. Пас, месазад, ки ҳамеша тарғибгари илму дониш ва пешбарандаи ғояҳои баланди инсонӣ бошем ва ба ин восита дар тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи илмомӯзию ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ саҳмгузор бошем.

Шамшоди Ҷамшед, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат