, Якшанбе, 19-апрел

ВАТАНДОРӢ - ИМТИҲОНИ НАНГУ НОМУС


ВАТАНДОРӢ - ИМТИҲОНИ НАНГУ НОМУС

Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз, ки бархӯрди манфиатҳо ва андешаҳо рӯз то рӯз шиддат мегирад, ҳисси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ барои ҳар як инсон аҳамияти бузург пайдо мекунад. Ватан танҳо як порча замин нест, балки маҷмӯи таърих, фарҳанг, арзишҳо ва ормонҳои як миллат аст, ки ҳар як шаҳрвандро ба ҳам мепайвандад.

Маҳз дар чунин шароит, имтиҳони нангу номус барои ҳар як фарди ҷомеа пеш меояд. Саволе матраҳ мегардад: оё мо омодаем, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботи кишвари худ устувор бошем ё не? Ҷавоби ин савол симои воқеии ҳар як инсонро муайян мекунад.

Барои ҳар як соҳибдил, хоки Ватан аз ҷон ҳам қиматтар аст. Хиёнат ба ин хок баробари хиёнат ба модар ва гузаштагони шарафманди мост.

Касоне, ки ба давлати худ хиёнат мекунанд, дар асл ҳувияти худро гум кардаанд. Онҳо касонеанд, ки ба хотири ваъдаҳои пуч, ояндаи насли худро сӯзонидаанд.

Имрӯз дида мешавад, ки аъзои ташкилоти террористи экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз дур истода, ба пешрафтҳои кишвар бо ҳасад менигаранд ва туҳмат мебофанд. Инҳо касонеанд, ки дар сохтмони ин Ватан саҳме надоранд, онҳо дар вайрони суботу харобшавии нуфузи ин меҳан дар ибтидои давлатдории навин ба корҳои шуму сиёҳ даст занданд. Ин Ватан бо талошҳои марди фарзона, фарзанди асили ниёкони фарҳанговар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманду соҳибхирад обод гардид, вале хоинону нотавонбинон берун аз хоки аҷдодӣ бо дасисву дурӯғгӯиҳо мехоҳанд онро вайрон кунанд.

Онҳо фаромуш кардаанд, ки такя ба хоҷагони хориҷӣ ва иҷрои супоришҳои онҳо бар зидди халқи худ оқибати нек надорад. Хоин дар ҳама ҷо хоин аст ва ҳатто барои онҳое, ки ба ӯ пул медиҳанд, мавқеи боэътимод надорад.

Ҷавонони азиз! Шумо нерӯи созандаи ин кишваред. Ҳамеша таҳлил кунед, ки кӣ ва бо чӣ мақсад мехоҳад ақидаи шуморо дигар кунад. Нагузоред, ки аз эҳсосоти поки шумо истифода баранд.

Бояд донем, ки ишқ ба Ватан аз имон аст. Дӯст доштани давлат ва миллат на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки нишони баланди маънавият аст. Мо бояд бо Ватани худ фахр кунем ва дар лаҳзаҳои душвор сипари он бошем.

Озодӣ ва сулҳе, ки имрӯз дорем, самараи ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат аст. Ин озодиро аз фитнаҳои хиёнаткорони беруна бо тамоми ҳастӣ бояд ҳифз кард.

Ҳар як кӯшиши барангехтани кинаву адоват дар байни мардум бояд сахт маҳкум шавад. Мо бояд зирак бошем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ваҳдати моро халалдор кунанд.

Бояд донем ва ин масъулиятро пазирем, ки ояндаи дурахшони ватан дар дасти мост. Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба пеш меравад. Агар мо муттаҳид бошем, туҳмату маломати чанд гумроҳ наметавонад пеши роҳи ин рушдро бигирад.

Бигзор ҳар як ҷавони тоҷик бо сари баланд бигӯяд: «Ман Ватани худро намефурӯшам ва ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳам, ки ба муқаддасоти кишварам даст занад!». Хиёнаткоронро танҳо нафрати халқ ва ҷазои таърих интизор аст.

Дар маҷмуъ ватандорӣ танҳо шиор нест, балки масъулияти бузурги ахлоқӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Ҳар нафаре, ки худро узви ин ҷомеа медонад, бояд дар ҳифзи сулҳ, субот ва арзишҳои миллӣ саҳми худро гузорад ва ба ояндаи кишвар бетараф набошад.

Танҳо бо ваҳдат, худшиносӣ ва садоқат ба Ватан мо метавонем Тоҷикистонро боз ҳам ободтару пешрафта гардонем. Бигзор ҳисси нангу номус ва муҳаббат ба Ватан ҳамеша роҳнамои мо бошад ва моро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят намояд.

А.Муҳаммадӣ - омӯзгори ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат