, Якшанбе, 22-декабр

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

 10.04.2023 294

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта ҳиссаи худро дар мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва терроризми байналмиллалию байниминтақавӣ гузошта истодааст.

Ҷумҳурии мо хусусан дар давраи соҳибистиқлолӣ яке аз кишварҳои Осиёӣ мебошад, ки бо ин падидаҳои номатлуб аввалин шуда бархӯрд намудааст.

Дар ин даврони соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии мо дар танҳои бо экстремизм ва терроризм истодагарӣ намуда,  муборизаи беамон мебурд. Чунки аз рӯи ҷуғрофӣ мамлакати мо бо ҳамсоякишвари Ҷумҳурии исломии Афғонистон  беш аз ҳазор километр хати сарҳад дорад, ки аз он гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ метавонанд истифода намуда, амалиётҳои ба монанди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, убури ғайриқонунии сарҳад, рабудани одамон, қочоқи яроқу аслиҳа ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористӣ доштаро роҳандозӣ намоянд.

Аввалин бор дар таърихи ҳуқуқи байналмиллалӣ ҳуҷҷати умум дар бораи мубориза бо терроризм ва экстремизм аз тарафи Лигаи Миллатҳо соли 1937 қабул шуда буд, аммо он қувваи қонунӣ пайдо накард.

Имрӯз бошад дар асри XXI Созмони Миллали Муттаҳид қариб 16 созишномаҳои ҳуқуқӣ- байналмиллалӣ доир ба мубориза бо терроризмро  қабул намуд, ки ҳамаи онҳо дар ҷодаи ҳуқуқи байналмиллалӣ амалӣ мегарданд.

Ҷумҳурии мо низ ба монанди дигар кишварҳои аъзои ИДМ, як қатор ҳуҷҷату санадҳои ҳуқуқиро баҳри амнияту суботи кишвар ба тасвиб расонидааст, ки баҳри пешгирии ин падидаҳои номатлуб равона карда шудаанд.

Муборизаи зидди терроризм бояд мушаххасан ва мақсаднок сурат бигирад ва манфиатҳои умумибашарӣ дар мадди аввал гузошта шаванд. Ин мубориза фақат бо нобуд сохтани ташкилоти террористӣ ба охир намерасад. Бояд сабабҳо ва заминаҳои мухталифи ташаккулу инкишофи ин падидаи иртиҷоӣ ҳамаҷониба дарк карда шаванд ва роҳу воситаҳои беҳтари мубориза дарёфт гарданд.

Ба ақидаи коршиносони  Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи баррасии омӯзиш ва таҳлили сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифротии диниву сиёсӣ ҷиҳати муайян намудани омилҳои таҳрикдиҳандаи ин раванди номатлуб як идда маълумоти муфид барои натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ дастрас намуданд.

Зимни сӯҳбатҳои инфиродӣ ва таҳлили рафтори ҷонибдорони андешаҳои ифротӣ ва тундрав  чанд гурӯҳи онҳо муайян гардид ва дар асоси он чеҳраи  (портрети) иҷтимоӣ ва равонии ифротгаро чунин пешниҳо шуданд:

а) Шахсоне, ки дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд.

Онҳоро навкар ё мардикори муздур меноманд. Кадом кореро, ки ба онҳо фармоянд, барои гирифтани дастмузд иҷро мекунанд. Чунин афрод бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз таъсири бади ғурбати рӯзгор андеша ва ҷаҳонбинии устувор ҳам надоранд. Ин тоифа ба осони тӯъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷаллобони (рекрутер) гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд.

б) Шахсоне, ки дар муҳити суннатии оилавӣ тарбия ёфтаанд ва ҷаҳонбинии онҳо асосан хусусияти динӣ доранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қисми афроде, ки солҳои 90- уми асри гузашта дар Афғонистон ҳамчун ҷонибдорони мухолифин муҳоҷир шуда буданд, имрӯз якҷоя бо хонаводаашон ҷонибдори гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ шудаанд ва барои қабули идеологияи онҳо майлу хоҳиши тамом доранд ва дар фикри андешаи ҷустуҷӯи роҳҳои сафар ба хориҷ ва пайвастан ба ин гурӯҳҳо «дар роҳи Худо разманда» ҳастанд.

в) Як гурӯҳи афроди авбош ва ҷиноятпеша ҳанӯз дар ҳар ҷое вуҷуд доранд, ки зиндагиро танҳо аз тариқи зӯроварӣ ва гирифтани даромади муфт меписанданд. Баъд аз пурзӯр шудани назорат ва муқовимат бо ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ онҳо дигар натавонистанд бо роҳи одаткардаи худ зиндагӣ кунанд ва барои идомаи фаъолияти ҷиноятӣ ва авбошии худ хунсардона ба ин гурӯҳҳо пайвастанд. Гуфтан мумкин аст, ки онҳо худозмоии дубораи худро маҳз дар майдони амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои бегона ё ҳар ҷойи ноороми дигар ҷустуҷӯ мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани муқовимат бар зидди ин зуҳуротҳои номатлуб 28 марти соли 2006, таҳти № 1717,  Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 – ноябри соли 2016, Қарори  “Стратегияи миллӣ доир ба муқовимат ва мубориза бо экстремизм ва терроризм”- ро барои солҳои 2016- 2020 таҳти №776 ба имзо расониданд.

Ҳар сол дар ҷаҳон санаи 3- сентябр, ҳамчун рӯзи «Ҳамраъйи мубориза бо терроризм» қайд карда мешавад ва ин маънои онро дорад, ки ҷомеъаи ҷаҳони мутамаддин бо ин амалҳои зишткорона муборизаи беамон барад.

Осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо як арзиши асосӣ мебошад. Таъмини суботу амнияти кишвар аз осудагии марзҳо вобастагӣ дорад.

Агар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон дар ҳолати устувор қарор дошта бошад ин маънои онро дорад ки ними ҷаҳон дар осӯдагию амният умр ба сар мебаранд.

Имрӯз дар ҷаҳон шумораи ташкилотҳо ва ё созмонҳои экстремистию террористӣ аз 700 то 2000 дар бар мегирад. Дар 15- соли охир дар ҷаҳон дар натиҷаи амалҳои экстремистию террористӣ зиёда аз 300 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амнияту субот на танҳо бо ин созмони минтақавӣ балки метавонад бо дигар ташкилотҳою созмонҳои ҷаҳонӣ робитаҳои худро тақвият бахшида барои пешгирӣ ва барканор намудани ин падидаҳои номатлуб робитаҳои бисёрҷонибаи худро густариш диҳад.

Муминов ФИРДАВС, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат