,
Душанбе, 06-апрел
Шавқу ҳавас ҳамчун яке аз омилҳои муҳими равонӣ дар ташаккул ва инкишофи шахсияти варзишгарон нақши калидӣ мебозад. Он на танҳо ба фаъолияти ҷисмонӣ, балки ба ҷаҳонбинӣ, ирода ва ҳадафгузории инсон таъсир мерасонад. Дар матни зер масъалаҳои марбут ба шавқу ҳавас, талабот, маром ва фаъолияти варзишӣ аз лиҳози имло таҳрир шуда, бо нигоҳ доштани мазмун ба таври равшан баён гардидааст.
Шавқу ҳавасҳо дар асоси талабот ба амал меоянд, вале як чиз нестанд. Талабот заруратро ифода мекунад, аммо шавқу ҳавас таваҷҷуҳи шахсро ба ягон фаъолият мефаҳмонад. Шавқу ҳаваси устуворшудаю мустаҳкамгардида ба талабот табдил мегардад. Масалан, шавқу ҳавас ба варзиш метавонад оқибат ба талаботи иштирок кардан дар мусобикаҳои калони варзишӣ табдил ёбад. Яке аз воситаҳои ташаккули шавқу ҳаваси наврасону ҷавонон ба тартиб додан ва ба нақша даровардани ҳаёти ояндаи худ мебошад, ки ба ин синну сол хос аст. Сабаби ба миён омадани нақшабандии наврас-ҷавон ба оянда дар он аст, ки вай барои ягон соҳаи ҳайёти ҷамъиятӣ бештар дониш гирифтан мекӯшад. Шавқу ҳавас чунин равияи фаъоли маърифатии одам аст, ки ба ин ё он чиз, ҳодиса ё фаъолият нигаронида шуда, бо муносибати эмотсионалӣ доштани шахс алоқаманд аст. Шавқу ҳавас шахсро ба аз худ кардани дониш, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ водор менамояд. Шавқу ҳаваси одам ба шароитҳои ҷамъиятӣ-таърихӣ ва фардии ҳаёт, бо ҳаёти ҷамъиятӣ ва индивидуалии худи ӯ муайян карда мешавад. Шавқу ҳавасро аз рӯи мазмун, васеъгӣ, амиқӣ, устуворӣ ва таъсирнокиаш тавсиф медиҳанд. Мазмуни шавқу ҳавас бо объектҳое, ки шавқу ҳавас ба онҳо равона карда шудааст, муайян карда мешавад (шавқу ҳавас ба варзиш техника, ба химия, кайҳоншиносӣ, шоҳмот ва ғайраҳо).
Шавқу ҳаваси васеъ ва маҳдудро фарқ мекунанд. Шахси ҳаматарафа инкишофёфта шавқу ҳаваси васеъро дорад. Агар одам як-ду шавқу ҳаваси доирааш танг ва ҷудогона дошта бошад ва ба ҳамаи ҳодисаҳои атроф бепарво монад, он гоҳ ин шавқу ҳаваси маҳдуд аст.
Шавқу ҳаваси амиқ чунин маъно дорад, ки дар шахс доир ба ҳаматарафа ва амиқан омӯхтани объект талабот ба вуҷуд омадааст. Дар сурати рӯякию сатҳӣ омӯхтани ҳодиса, ки он ба зоҳиршавии шавқу ҳаваси ҳақиқӣ имконият намедиҳад, шавқу ҳаваси рӯякӣ ба амал меояд.
Шавқу ҳавасҳо устувор ва ноустувор мешаванд. Шавқу ҳаваси устувор хусусияти нисбатан мустаҳкамгардидаи шахс ба ҳисоб рафта, муддати дуру дароз нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳаёту фаъолияти одам нақши калон мебозад. Бар хилофи он, шавқу ҳаваси ноустувор ҳодисаи кӯтоҳмуддат аст ва он тез ба вуҷуд меояду тез хомӯш мегардад. Ӯ ба ҳодиса ба осонӣ завқ пайдо мекунаду зуд аз он дилсард мешавад.
Шавқу ҳаваси таъсирнок чунин аст, ки ба ҳаёт ва фаъолияти одам таъсир расонда, ӯро ба амалиёти мураттаб ва мақсаднок гузаронидан дар равияи муайян водор мекунад. Агар одамро ба ин ё он фаъолият водор насозад, он гоҳ чунин шавқу ҳавас пассив аст.
Шавқу ҳавасҳои бевосита ва ба воситаро низ фарқ мекунанд. Шавқу ҳаваси бевосита бо худи мазмуни ин ё он соҳаи дониш ё фаъолият, бо мароқовару завқангез будани он муайян карда мешавад. Шавқу ҳаваси бавосита на бо мазмуни объект, балки бо натиҷа ва аҳамияте, ки худи ҳамин объект барои омӯхтани объекти дигар дорад, тавсиф карда мешавад. Масалан, варзишгари ҷавон ба давидан фақат аз он сабаб мароқ зоҳир мекунад, ки давидан ба ӯ барои ба кори дилписандаш - футболбозӣ лозим аст.
Маромҳо ва амали варзишӣ. Аз ҷониби психологҳои соҳаи варзиш тадқиқотҳои муайян гузоронида шудааст. Муайян кардаанд, ки фаъолияти варзишӣ дорои маромҳои ба худ хос мебошад. Ин маромҳо додашуда нестанд, балки ташаккул ва инкишоф меёбанд. Рафти ташаккули шахсияти варзишгар аз хусусиятҳои синнусолӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва таҷрибаи соҳаи варзишӣ низ вобаста аст. Бо ин гуфтанӣ ҳастем, ки писарбача ё духтарбача бо чӣ гуна маромҳои аввалин ва машғулиятҳои варзишӣ рӯ овардааст, онро маромҳои аввалини варзишгар меноманд, ки ба ҳисоб гирифтани онҳо муҳим мебошад. Масалан, мароми зерин аввалин ҳисобида намешаванд. Ҳимоя намудани эътибори варзиши ватанӣ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ. Доир ба ин масъала психологи соҳаи варзиш А.Ц. Пуни дар китоби худ «Очеркҳои психологияи варзиш» низ таъкид менамояд. Тадқиқотҳои психологии ба ин соҳа бахшидашуда чунин маромҳои аввалини варзишгарро муайян карданд:
- мароми дилрабоии эмотсионалии машқҳои ҷисмонӣ, ки асоси онро талаботи инсон ба ҳаракатҳо ташкил медиҳад. Ин он маъноро дорад, ки системаи ҳаракатҳои дар ин ё он машқ иҷрошаванда диққати шахсро ба худ кашидааст ва шавқу ҳавасро ба он бедор кардааст, масалан карате як чанд намуд мешавад ва варзишгар вобаста ба ҳаракатҳои муайян яке аз навъҳои онро интихоб мекунад;
- мароми зарурати машғул шудан бо машқҳои ҷисмонӣ, ин бисёртар ҳангоми ягон бемор ё барои боқувват намудани худи инсон дида мешавад.
Маълум мешавад, ки инсон аз рӯи зарурат ба чизе эҳтиёҷ пайдо мекунад ва қонеъгардии он метавонад мароми фаъолияти ояндаи ӯ шавад. Ин маромҳо вобаста ба синну соли варзишгарон мазмунҳои нав ба навро пайдо мекунад ва онҳоро дар фаъолияти минбаъдаи варзишгарияш истифода мебарад. Ҳамин тавр, маромҳои гуногун ба амал меоянд, ки онҳоро варзишгарон ба роҳбарӣ мегиранд. Психологи соҳаи варзиш Ю.Ю. Палайма 13 гурӯҳи маромҳои фаъолияти варзишгаронро муайян кардааст ва онҳо: маромҳо ахлоқӣ (адои қарз, коллективизм, потреатизм); кӯшиши худмуайянкунӣ намудан; маромҳое, ки алоқаманданд бо зуҳуроти муносибати варзишгар бо рақиб, мураббӣ ва тамошобинон, маромҳое, ки бо мусобиқа намудан алоқаманд, аз қабили хоҳиши қувваозмоӣ намудан бо шахс ва ғайра, маромҳои эстетикӣ; маромҳое, ки бо хоҳиши ноил шудан ба ягон бартарӣ, мартаба, мукофот ва ғайра алоқаманданд. Ҳамаи ин маромҳои зикршуда фаъолияти варзишгарро идора менамоянд. Тавре ки Ю.Ю. Палайма муқаррар намудааст, маромҳои аввалиндараҷа, дуюмдараҷа мавҷуданд, ки онҳо ба фаъолияти варзишгар таъсир мерасонанд. Аз ин чунин бармеояд, ки бояд варзишгар маромҳои муҳим ва номуҳимро фарқ карда тавонад, зеро ин метавонад ба рафту натиҷаи мусобиқа таъсири худро расонад. Мушоҳидаҳои психологӣ нишон доданд, ки маромҳои ноилшавӣ дар варзишгарон бисёр равшан ифода меёбад, вале онҳо бо имкониятҳои ҷисмонии худи варзишгар мувофиқат намекунанд.
Омӯзиши соҳаи мароми варзишгарон на танҳо аҳамияти маърифатӣ, балки амалиро низ соҳиб аст. Агар варзишгар аз ибтидо маромҳои муҳимро барои варзиши интихобкардааш муайян кунад, он гоҳ ин имконият медиҳад, ки худашро аз назари психологӣ ба ин намуди варзиш омода созад.
Маромҳои варзишгар ҳамеша бо мақсади ӯ зич алоқаманд аст. Барои боз ҳам равшантар сарфаҳм рафтан ба ин масъала таҳлил психологии фаъолияти инсон ва мақсаду мароми онро кардан зарур аст. Одам тавассути фаъолият ба табиат, ашё ва дигар одамон таъсир мебахшад ва ба ин туфайл дар байни ӯ ва олами иҳотакарда алоқаи воқеӣ муқаррар карда мешавад. Ҳамин тавр, одам дар фаъолият хусусиятҳои ботинии худро ошкор намуда, нисбат ба ашё ҳамчун субъект ва нисбат ба одамон ҳамчун шахс баромад мекунад.
Ҳар як фаъолият сохти фардии худро дорад. Ба сохти умумии фаъолият дохил мешавад: мақсади умумии фаъолият, маромҳои он, (ҳамчун водоркунанда), амалҳои алоҳида, аз он ҷумла малакаҳо (тарзҳои ноилшавӣ ба мақсадҳои умумӣ) ва амалҳои психикӣ, ки онҳо натиҷаҳои фаъолиятро низ дар бар мегиранд.
Мо мақсад ва маромро ҳамчун қисматҳои муҳими фаъолият дида баромадем. Фақат қайд мекунем, ки мақсад натиҷаи амали фикрӣ (яъне, он чизест, ки одам баҳри он амал мекунад) ва маром бошад, қувваи водоркунандаи амал (яъне, чаро одам амал мекунад) аст.
Амал. Ҳар як фаъолият, хоҳ он давидан бошад ва хоҳ аз худ кардани дониш, дар натиҷаи амалҳои зиёди ба ҳам алоқаманд иҷро карда мешаванд. Системаи ҳаракатҳое, ки ба предмет бо мақсади аз худ кардану тағйир додани он равона карда мешавад, амал ном дорад. Ҳаракат дар муқоиса бо амал бо функсияҳои ҳаракатии огранизм алоқаманд аст. Амал бошад табиати иҷтимоиро дорост ва он аз предметҳое вобаста аст, ки наслҳои пешина офаридаанд. Амалҳои аз ҳама соддаро амалҳои предметӣ меноманд. Дар худи предметҳои офаридаи одам тарзи амал кардан бо онҳо таҷассум меёбад. Кӯдак тадриҷан бо олами предметӣ шинос мешавад ва дар баробари ин, тараққиёти тарзи амал кардан дар ӯ низ ба вуҷуд меояд.
Амал ба монанди фаъолият сохти психологии худро дорад: мақсад-маром тарзи амал-натиҷа мебошад. Вобаста ба ҳодисаҳои психикие, ки дар тарзҳои амал кардан бартарӣ пайдо мекунад, амалҳои зеринро фарқ мекунанд: сенсорӣ, моторӣ, иродавӣ, фикрӣ, мнемикӣ (яъне, амалҳои бахотиргирӣ).
Амалҳои сенсорӣ - ин амали дарк кардани предмет аст, масалан, муайян намудани андозаи предмет, мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҷойивазкунии он дар фазо ва ҳолати он. Ба амалҳои сенсорӣ, инчунин аз рӯи мимика баҳо додан ба ҳолати рӯҳии одам дохил мешавад.
Амалҳои моторӣ - ин амалҳое мебошанд, ки ба тағйир додани мавқеи объект дар фазо бо роҳи аз ҷое ба ҷое гузаронидан (бо дасту по) ё бо истифода олотҳои меҳнат равона карда мешаванд.
Амалҳои иродавӣ ва фикриро дар оянда дида мебароем, ки онҳо ба фаъолияти, фикрӣ ва иродавии одам бахшида мешаванд.
Бояд зикр кард, ки дар фаъолияти одам тарафи берунӣ (ҷисмонӣ) ва ботинии он (психикӣ) бо ҳам алоқаи ҷудошавандаро доранд. Тарафи берунӣ - ҳаркат аст, ки одам бо ёрии он ба олами гирду атроф таъсир мерасонад ва бо олами ботинӣ (психикӣ) муайян ва идора карда мешаванд. Аз тарафи дигар, ҳамаи ин фаъолияти ботинии психикӣ тавассути амали берунӣ назорат карда мешавад. Нақши муҳимро дар ин раванд интериоратизатсия ва экстериоратизатсия мебозанд.
Ҳамин тавр, шавқу ҳавас ва маром ҳамчун неруҳои асосии равонӣ дар ташаккули шахсияти варзишгар хизмат мекунанд. Онҳо на танҳо интихоби намуди варзиш, балки устуворӣ, ирода ва муваффақияти варзишгарро муайян месозанд. Дарки дурусти ин омилҳо ба рушди ҳаматарафаи ҷавонон ва ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар варзиш мусоидат менамояд.
Саидов Парвин, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они ДДК ба номи А.Рӯдакӣ